Formula novemver 2024
Дар як хона хоб рафтани очаву бача гуноҳ аст?
5075

Ман зани 65-сола ва соҳиби шаш фарзанд мебошам. Шукри Худо се духтару ду писарамро хонадор кардам ва соҳиби чанд набера ҳастам. Танҳо писари кенҷагиам, ки 23-сола аст, ҳанӯз хонадор нашудааст. Ният дорам, ки баҳор ӯро низ зан дода, орзуву ормон шиканам. Ҳоло фасли зимистон ва гарм кардани ҳамаи хонаҳо дар шароити деҳот душвор аст. Кенҷаписарам дар як хонаи сард худаш танҳо хоб меравад ва шаб то саҳар маро хоб намебарад, ки мабодо бачаам хунук хӯрда бемор нашавад ё нимашаб натарсад. Дар хонаи хоби ман кондинсионер ва як кати калони хоб ҳаст. Чанд бор гуфтам, ки бачам, биё дар ҳамин хона дар паҳлӯи худам хоб рав, лекин писарам “очаҷон убол аст” гуфта, розӣ намешавад. Магар дар як ҷо хобидани писар бо модаре, ки ӯро ба дунё оварда бо шири сафедаш парваридааст, гуноҳ аст?
Сафаргул, н. Панҷ

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯш
Хоҳари азиз, пайғамбарамн Ҳазрати Муҳаммад (С.С) таъкид кардаанд, ки фарзандони худро дар синни ҳафтсолагӣ намоз биёмӯзед ва дар синни ҳафтсолагӣ ҷогаҳи хоби онҳоро ҷудо кунед. Ҷойи хоби падару модар ва хоҳару бародарон бояд ҷудо бошад. Фарзанди падар бошанд ҳам, дар як бистар хобидани хоҳар ва бародар аз нигоҳи дини мубини ислом раво нест.
Барои модар навозиш кардани фарзанд аз нигоҳи шаръӣ мамнуъ нест, вале бояд ҷогаҳи хоб алоҳида бошад. Писар набояд дар бистари хоби модар бихобад, модар низ ҳамчунин ҳақ надорад дар ҷогаҳи писараш хоб равад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД