arzon replenishment
Аз баҳри фарзандонам гузарам?
2592

 

Такягоҳ ва пушту паноҳи духтар падар аст, аммо падари ман баръакс як умр боиси бадбахтиҳоям гаштааст. Дар тӯли умри 30-слаам ягон рӯзи хушро надидам.

Падарам майзадаю занбоз буд ва аз замони кӯдакӣ ба мо рӯз нишон намедод. Қариб ҳар рӯз мурданивор арақ нӯшида ба хона меомад ва мастомаст модари бечораамро зери мушту лагад мегирифт. Ман ва хоҳару бародарам аз ҷангу ҷанҷоли падару модар ончунон ҷонбезор гашта будем, ки ҷойи гурез мекофтем. Бо ҳамин сабаб вақте ки дар синни 16-солагӣ хостгорон дари хонаамонро кӯфтанд, ҷавонро ягон бор надида розигӣ додам. Мехостам ҳарчи зудтар аз ғурбатхонаи падар халос шавам. Гумон доштам, ки шавҳар карда рӯзу рӯшноӣ мебинам, вале аз барф гурехта ба зери новадон афтидам. Пеш аз тӯй гуфта буданд, ки домод хонаи алоҳида дорад ва бачаи коргару пулёб аст, аммо ҳамааш дурӯғ будааст. Маро арӯс карда ба хонаи бибии шавҳарам бурданд, баъди чанде кампир таъкид кард, ки ҷоямонро ёбем. Ҳамин тавр азобҳои алими дар ба дарию сарсониам оғоз ёфт. Мо мисли қавми лӯлиёни кӯчманчӣ аз ин иҷорахона ба он иҷорахона мегаштем, бар замми ҳамаи ин, шавҳарам маро бо ҳар баҳона мурданивор мезад. Баъди ду сол соҳиби духтарча шудам, вале ин марди ношукр “ту бача накардӣ” гуфта, қиёматро қоим кард. Фикр мекардам, ки агар писар таваллуд кунам, ҳаётам орому осуда мешавад, аммо ҳайҳот...

Хуллас, се фарзанд таваллуд карда, ҳеҷ рӯйи бахту шодиро надидам. Дар ин муддат аз шавҳарам фақат дашному ҳақорат шунида, мушту лагад мехӯрдам, баъзан ҳатто ба гулӯям корд монда, маро куштанӣ мешуд, вале бачаҳоям ба пойҳояш мечаспиданд, ки дадаҷон, очаамонро накуш. Оқибат ғаму ғурбат корашро карду ба бистари беморӣ афтидам. Шавҳарам маро ба хонаи падару модарам бурда партофту ҳуҷҷатҳои фарзандонамро гирифта рафт, баъдтар маълум шуд, ки нияти аз ман ҷудо шудан доштааст. Зиндагӣ бо маҷбурӣ намешавад гӯён, ман ҳам ариза дода, алименти бачаҳоямро талаб намудам. Шавҳарам бо ман муноқиша карда мегӯяд, ки алимент намедиҳам. Таҳдид карда истодааст, ки агар бо ихтиёри худат аз фарзандонат даст накашӣ, бо туҳмат падару модаратро ҷудо мекунам. Модари ман зани покдомон аст, ягона гуноҳаш ҳамин ки дар бозор савдо мекунад. Дар сурати аз баҳри алимент нагузаштани ман шавҳари худозадаам ба падарам мегуфтааст, ки зани ту дар бозор кавалер дорад. Падарам бисёр марди зудбовар аст, метарсам, ки аз рӯйи як тӯҳмати ноҳак дар айёми пирӣ падарам модарамро талоқ надиҳад. Талаби шавҳарам он аст, ки ман аз баҳри фарзандонам гузашта, бачаҳоямро ба ӯ диҳам ва ягон чиз талаб накунам. Байни обу оташ мондаам, чӣ кор карданамро намедонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Шаҳло аз Вилояти Суғд

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД