arzon replenishment
Модар дар орзуи дидори писар мурд
4404

 Умри Соатой Бобоалиева ба 86 расида, қомати расояш зери бори гарони зиндагӣ ба монанди камон хам гашт. Дар ин синну сол бояд модар дар сояи давлати фарзандон давлати пирӣ меронд, аммо ин зани бетақдир аз ҳаёт ҳеҷ наосуд, ки наосуд. Дар байни як ҳафта ду писараш-Тағоймуроду Муҳаммадамин бе ягон касалӣ мурданд, ҳанӯз соли онҳоро надода, писари дигараш Қурбоналиро паронданд. Аз дарду алам рӯю мӯяшро канда, дар марги се фарзанди ғуррамаргаш хун гирист модар, вале ғам одамро намекуштааст. Сад бор мурдазинда шуда бошад ҳам, намурд модари зор.

Сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад, гӯён шукри парвардигор менамуд кампири Соатой ва дуои ҷони ду фарзанди дигарашро мекард. Духтараш Файзигул кайҳо ба шавҳар баромада, аз паси зиндагии худаш овора буд ва наметавонист хонаву дар, шавҳару фарзандонашро партофта, дар канори модар бимонад. Ягон умеди кампири Соатой акнун писари хурдиаш буд. Боварӣ дошт, ки Аҳмадҷнаш ба ҷойи се бародари ҷавонмаргаш ӯро саробонӣ намуда, якрӯза мурдаи модарро соҳиб мешавад, аммо хаёлаш хом баромад.

-Оча, бо пули ин ҷо зиндагиро пеш бурда намешавад. Ман ба Русия меравам,-ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт Аҳмад шабу рӯз.

Модар сароғоз ба рафтани писараш розигӣ надод, зеро намехост дар байни чор девори хона танҳо монад, аммо бачаи якрав “оча, ҳамаи ҷӯраҳоям соҳиби хонҳои дуошёнаю сеошёна ва мошинҳои хориҷӣ шуданд, ман то кай гадо барин мегардам” гӯён, чиптаи ҳавопаймо харид. Модар илоҷӣ дигар наёфта, ночор ба писараш дуои сафед дод ва таъкид кард, ки зудтар баргардад, чунки синну соли ӯ ба ҷое расидааст, мабодо дар кунҷи хона мурда намонад! Аҳмад ба модар ваъда дод, ки 5-6 моҳ кор карда каме пул ҷамъ мекунду ба хона бармегадад, аммо рафту бо ҳамин бедарак шуд. Бачаи беинсоф на занг мезад ва на як тин пул мефиристод. Зиндаҷӯдоӣ аз марг ҳам бадтар шудааст, дар ғами писари кенҷагиаш дарун ба дарун ба мисли ҳезуми тар сӯхта обу адо шуд модар. Метарсид, ки ин писарашро ҳам дар Русия накушта бошанд, аммо баъд як ҳамдеҳаашон хабар овард, ки Аҳмадҷонро дар шаҳри Маскав во хӯрдааст, вай зани рус гирифта, ба қавле буруташро табар намебуридааст. Модар беқарор шуда аз духтараш хоҳиш кард, ки ба бародараш занг занад. Файзигул рақамҳои Аҳмадҷонро аз писари ҳамсоя гирфта ба бародараш занг зад ва хоҳиш кард, ки ба Ватан баргардад, чунки умри модараш аз ғами дурии ӯ ба бистари беморӣ афтодааст. Аҳмадҷон ваъда дод, ки меояд, вале аз байн боз се мҳ гузашту аз ӯ дарак нашуд. Ин дафъа Файзигул ба бародараш занг зада, телефонро ба дасти модараш дод. Ба гӯши модар аз он ҷониб садои писараш расида ҷони дубора ёфт. “Дар овозакат мурад оча, охир барои чӣ ақаллан як бор телефон намекунӣ? Аз ғами ту қариб девона мешудам”-бо садои гиряолуд гуфт модар.

-Оча, вақт нест, тезтар гап занед, ки кори ман бисёрай –баъди аҳволпурсӣ модарро саросема кард писар.

Кампири Соатой зорӣ кард, ки Аҳмадҷон зудтар ба хонабаргардад, чунки чанд вақт боз мазааш нест:

-Умри ман ҳам ба ҷое расидааст, офтоби сари кӯҳ шудаам, бачам. Метарсам, ки ягон шаб дар кунҷи хона мурда мемонаму касе даракамро намеёбад. Мурдаам бе соҳиб монда бӯй нагирад. Биё очата соҳибӣ кун, бачам...

-Эй оча, ман то 50 ҳазор доллар кор накунам, Тоҷикистон намеравам,-ба миёни гапи модар лагад зад Аҳмадҷон!

-Бачам, пул ёфт мешаваду модар не, биё, ақаллан як бор пеш аз маргам рӯйи туро дида аз бӯякат сер шавам,-зорӣ кард модари зор.

Оре, модар ташна буд, ташнаи дидори писар, аммо ишқи зани рус ва орзуи сарватманд шудан чашми писарашро кӯр карда буд...

Як ҳафта пас аз ин гуфтугӯӣ телефонӣ кампири Соатой дар орзуи дидори писари ягонааш бо дили пуралам аз олам даргузашт. Писар дошта бошад ҳам, мурдаи кампирро бегонаҳо гӯру чӯб карданд. Аҳмадҷон “очам мурд, дигар аз рафтани ман чи фоида” гӯён, ҳатто ба ҷанзаи модараш наомад...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Духтари Дехоти 2019-06-21, 13:32
Ачаб дунё! Дигар дар назди фарзандон заррае кадри волидайн намондааст. Худо ба хама тавфику инсоф дихад!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Духтари Дехоти 2019-06-21, 13:32
Ачаб дунё! Дигар дар назди фарзандон заррае кадри волидайн намондааст. Худо ба хама тавфику инсоф дихад!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД