Имрӯзҳо дар кишвари мо сериалҳои туркӣ хеле ва хеле маҳбубият доранд. Занони мо соатҳо рӯ ба рӯи экрани телевизор нишаста, тақдири қаҳрамонони силсилафилмҳоро пайгирӣ мекунанд, баробари онҳо мегирянду шод мешаванд.
Даҳҳо нафар ҷавонони мо шефтаи актёрони турк буда, дар олами руъё ҳаёти худро бо онҳо тасаввур мекунанд. Ҳамин тавр, актёрони турк барои мардуми мо шоҳзодаҳои хаёлӣ ва одамони дигардунёӣ ҳастанд. Дар ин матлаб дар бораи Умед ном ҷавони тоҷик қисса мекунем, ки ба синамои турк роҳ ёфтаву дар машҳуртарин силсилафилмҳо нақш мебозад, аммо кам касон дар бораи ӯ маълумот доранд.
Савганди муҳаббат
Соли 2019 силсилафилми “Савганд” (“Yemin”) ба экран баромад ва зуд машҳур шуд. Ин силсилафилм аз рӯзгори Райҳон ном духтари одии деҳотӣ қисса мекунад, ки тақдир ӯро ба оилаи бузург ва сарватманд мерасонад. Аммо ӯ барои хушбахтӣ зиёд талош мекунад. Баъди марги модараш Райҳон танҳо мемонад. Рӯзе яке аз тоҷирони сарватмандтарини турк Ҳикмат Тархун, ки оилаи Райҳони камбағалро саробонӣ мекард, ба назди вай бо пешниҳоди ҷолибе меояд. Вай мехоҳад, ки Райҳон ба писари ӯ Амир издивоҷ кунад.
Райҳон аввал розӣ намешавад, зеро Амир ҷавони бесар ва бокарру фар буда, мисли дигар писарони сарватманд кӯчагарду ҳавобаланд аст. Аммо ӯ наметавонист ба Ҳикмат, ки барои оилаи онҳо некиҳои зиёде карда буд ва инак, бемори вазнин аст, посухи рад диҳад. Ҳамин тавр, Райҳон ва Амир издивоҷ мекунанд.
Амир ҳам барои издивоҷ бо духтари камбағали деҳотӣ розӣ нест ва савганд мехӯрад, ки бо ёфтани аввалин имконият аз ҳамсараш ҷудо мешавад...
Зиндагии пуршебу фароз ва пур аз бозиҳо барои ин ду ҷавон оғоз мешавад.
Хиёнат
Яке аз монеаҳои асосӣ ва имтиҳони сангин дар зиндагии Райҳон ва Амир пайдо шудани Вурал аст.
Вурал дар силсилафилми “Савганд” дертар пайдо мешавад. Ӯ ҷавонест, ки тариқи Интернет бо Сунна, хоҳари Амир шинос мешавад ва азбаски духтар пои равон надошт, ба Вурал акси ҳамсари бародараш Райҳонро мефиристад. Вақте Вурал барои дидани духтар меояд, модари духтар ба ҳайрат афтода, ошкор мекунад, ки духтараш дар асл маъюб аст.
Ин зан, ки келинаш Райҳонро дӯст намедошт, мехоҳад бо кӯмаки Вурал ӯро аз хона берун кунад.
Зан ба Вурал пули калон ваъда мекунад, то “ишқбозӣ”-аш бо келини онҳо Райҳонро идома диҳад. Вурал қабул мекунад ва иттифоқан вақте Вурал бо Райҳон вомехӯранд, шавҳари Райҳон – Амир- ҳардуро ҳамроҳ дида, ҳисси рашкаш боло мегирад. Ӯ Вуралро латукӯб мекунад ва Вурал ба модари Амир занг зада, ӯро таҳдид мекунад, ки агар пули калон надиҳад, сирро ба писараш ошкор мекунад.
Зан ба ӯ як миллион лира ваъда мекунад, вале Вурал қабул намекунад ва Райҳонаро дузида, боз як миллиони дигар аз Амир “меканад” ва бо ҳамин пой ба роҳи ҷиноят мегузорад...
Албатта, нақл кардани ин силсилафилми 70-сериягӣ дар ин матлаб имкон надорад. Аммо поёни ин қисса бо вуҷуди ҳама монеаҳо зебо аст. Райҳону Амир ба чизе ноил шуданд, ки ҳарду интизор набуданд – ба ишқ...
Умед Шатаков кист?
Мақсади мо аз нақли пораҳои филм офарандаи нақши Вурал – Умед Шатакови тоҷик аст.
Умед Шатаков 7 апрели соли 1994 дар шаҳри Данғара ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар литсейи шаҳри Кӯлоб барои кӯдакони болаёқат гирифтааст. Вай соли 2017 Донишгоҳи Салҷуқро дар шаҳри Куния, шаҳре ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ солҳои зиёде он ҷо ба сар бурдаву дар ҳамон ҷо дафн шудааст, хатм кардааст.
Падари Умед қариб тамоми умр дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак кор карда, ҳоло нафақахӯр аст. Модараш дар хобгоҳи Донишгоҳи Данғара кор мекунад.
Умед дар як мусоҳиба мегӯяд, ки омаданаш ба синамо як амри тасодуф буд, ки ба тадриҷ касби дӯстдошта ва роҳи зиндагиаш шуд: «Ман дар Донишгоҳи Салҷуқ риштаи иқтисодиро хатм карда ва аслан заррае дар фикри ҳунарпеша шудан набудам. Бо даъвати як дӯстам дар силсилафилми «Як ҳадис», ки соли 2018 ба навор гирифта шуд, нақш бозидам ва ҳамин тавр, тақдири ман ба синамо пайваст”.
Баъди сабти ин филм Умед Шатаков аз Қуния ба Истанбул кӯчид ва дар ҷо ба ҳунарпешагӣ идома дод.
Соли 2019 Умед Шатаков дар ду силсилафилми туркӣ – “Yemin” (“Савганд”) ва “Merhada Giizel Vatamm” (“Салом Зебо Ватанам”) нақшҳои Вурал ва Энвер Курт (Анвар Гурд)-ро иҷро кард. Умед ҳамчунин дар як филми истеҳсоли Покистон нақш бозида, айни замон дар сабти силсилафилми нав қарор дорад.
Анвари Гурд
Нақшҳои иҷрокардаи Умед Шатаков дар синамо мухталиф ҳастанд. Вурал дар филми “Савганд” агар ҷавоне бошад, ки шефтаи пулу мол шуда, муқаддасоти инсониро зери по мекунад, пас дар силсилафилми “Салом зебо ватанам” нақши Энвер Курт – Анвари Гурд – шахси бошараф ва миллатдӯсту муборизро иҷро мекунад.
Ҳодисоти ин филм марбут ба соли 1975 аст, ки Туркия дар як вазъи нотинҷ қарор дошт. Эневер Курт зери шиори ободии Туркия як гурӯҳи мусаллаҳ ташкил карда, ба зидди ҳукумат, ки ба ақидаи вай, дар дасти одамони нолоиқ буд, меҷангад. Энвер Курт барои ободии Ватанаш хеле талош мекунад, вале дар ниҳоят бо дасти чанд рафиқи худаш кушта мешавад.
Ин филм барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ хеле ва хеле муфид аст ва дар ҷомеаи Туркия зуд маҳбуб шуд.
Фатҳи синамои турк
Умед Шатаков нахустин актёри тоҷик аст, ки дар синамои оламшумули турк нақш мебозад ва аллакай мавқеъ пайдо кардааст. Қаблан хабаре пахш шуда буд, ки актрисаи бомаҳорати тоҷик Моҳпайкар Ёрова бо як коргардони турк шартнома баставу дар филми ӯ бо ситораи кинои турк Бурак Озчивит нақш меофарад. Ин хабарро Моҳпайкар Ёрова дар барномаи "Ҷаҳонзеб"-и телевизиони давлатии "Сафина" ироа карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, филмро ба наздикӣ Туркия дар ҳамкорӣ бо Фаронса ба навор мегиранд.
"Филми торихӣ аст, дар он орзуи деринаи ман, ки бозидани нақши малика буд, амалӣ мешавад. Ман маликаи форсро мебозам ва ситораи номии турк Бурак Озчивит нақши писари маро. Силсилафилм дар бораи талоши тоҷу тахт нақл мекунад", - гуфта буд ҳунарпеша. Аммо сабти ин филм оғоз шуд ё на ва даъват шудани Ёрова низ норӯшан аст.
Аммо Умед аллакай аз ҷониби коргардонҳо пешниҳодоти нав гирифтаву дар сабти филмҳои ҷадид ширкат мекунад.
Умед Шатаков мегӯяд, ҳамкорӣ бо коргардонҳову ҳунарпешаҳои турк як мактаби бузурги синамо аст ва ӯ мехоҳад дар ин мактаб таҷрибаи кофӣ андӯхта, ба Тоҷикистон баргардад ва дар филмҳои тоҷикӣ низ ҳунарнамоӣ кунад.
Бо ҳамин умед бо Умед ходоҳофизӣ карда, интизори вохӯриҳои нав дар экран ва зиндагӣ мебошем.
ОДИЛ