Sebiston new 2024 october
Ошиқи Наслеҳан худро ба дор овехт (Видео)
2107

 

 Даричаи ошноӣ:
Наслеҳан Атогул 20-уми августи соли 1992 дар шаҳри Истамбул ба дунё омадааст. Ҳанӯз замони дар мактаби миёна таҳсил намуданаш ӯ дар намоишномаҳои бачагонаи театри давлатии Туркия ҳунарнамоӣ карда, тамошобинонро қоил менамуд ва билохира ҳамин меҳри поки кӯдакона тақдирашро бо олами синамо пайваст. Айёми донишҷӯӣ Наслеҳани соҳибҷамолро кормандони телевизион дар рекламаи молу маҳсулоти гуногун дар роликҳои кӯтоҳ ба навор мегирифтанд, вале он вақт вай ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки рӯзе ба ситораи пурҷило табдил меёбад ва барои соядасташ одамон соатҳо навбат мепоянд.


“Ишқи аввал” ғурраи сармозада набуд
Аввалин филми Наслеҳан Атогул “Ишқи аввал” ном дошт. Одатан ишқи аввалро ғурраи сармозада мегӯянд, вале “Ишқи аввал”-и ин париваш бебарор набуд. Ин филм ба Наслеҳан комёбии бузург овард. Ба бетаҷрибагиаш нигоҳ накарда, актрисаи ҷавон тавонист нақшашро табиӣ ва бисёр таъсирбахш бозад. Тамошобинон аз тамошои филм ба ваҷд омаданд, коргардонҳо бошанд, боварӣ ҳосил намуданд, ки ин хонуми ҷавон, вале бисёр моҳир метавонад барояшон даромади аз ин ҳам калонтар биёрад. Аз чор тараф ба сари ин духтараки боистеъдод борони пешниҳод ва сенария меборид, вале Наслеҳани донишҷӯ барои пазируфтани ҳама дархостҳо имкон надошт. Дар байни коргардонҳо барои ба даст овардани дили ин фаришта рақобати пинҳонӣ сар шуд. Ҳамарӯза машҳуртарин филмофарони кишвар ба Наслеҳан занг зада, маблағҳои ҳангуфт ваъда мекарданд, то дили актрисаи ҷавонро гарм ва барои бозидани нақш дар филмҳояшон розӣ созанд, вале Атогул аз он тоифае набуд, ки барои пули калон ба ҳама кор розӣ мешаванд. Вай тамоми сенарияҳои пешниҳодшударо бодиққат хонда, танҳо ҳамонеро интихоб мекард, ки ба назари худаш аҷибу таъсирбахш аст.

 Ситорае аз “Гирдоби зиндагӣ ”
Сенарияи силсилафилми «Гирдоби зиндагӣ» ба Наслеҳан чунон маъқул шуд, ки зебосанам чанд шаб хоб накарда, то дамидани субҳ онро гаштаю баргашта хонда баромад. Худро ба ҷойи Ёсуман тасаввур карда, андеша менамуд, ки худо накарда, тақдири Шамсӣ ва хоҳараш ба сари вай биёяд, чӣ кор мекунад. Аз рӯйи сенария Ёсуман Шамсиро дӯст медорад, вале хоҳари Шамсиро таҷовуз мекунанду симои аслии ҷавони дӯстдоштаашро мебинад. Духтараки бегуноҳро бераҳмона лату кӯб кардани Шамсиро дида дили Ёсуман дарёи хун мегардад. Муносибати бераҳмонаи Шамсӣ нисбати хоҳараш дили Ёсуманро аз ӯ хунук мекунад. Зебосанами ба гирдоби ғам афтидаро духтари тағояш ба шабнишинӣ даъват мекунад, то Ёсуман каме ғамашро фаромӯш созад, вале гирдоби ҳаводис ӯро раҳо кардан нахоста ба балои нав мекашад. Маҷид, ошиқи духтари тағояш ба Ёсуман ошиқи шуда, ӯро медуздад.

Ҳодисаҳои филм чунон печдарпеч ва ҷаззобанд, ки кас сари калобаашро гум мекунад. Наслеҳан маҳз ба хотири ҳамин ҳодисаҳои печдарпеч ва бисёр ғамангезаш ин филмро интихоб намуда, бо ҷону дил аз пайи офаридани нақши Ёсуман шуд. Хушбахтона шабҳои зиёди бедорхобӣ ва заҳматҳои кашидааш барабас нарафтанду “Гирдоби зиндагӣ” дарвозаи шуҳратро ба рӯйи ин фаришта калон кушода, ӯро дар хориҷи кишвар низ машҳур гардонд.

 Ном беҳтар ё нон?
“Гирдоби зиндагӣ” ба ҳар кас ҳамон чизеро дод, ки дар орзуи ба даст оварданаш буд. Коргардонҳо аз ҳисоби ин сериал кисаҳои ба ғори бетаг монандашонро пури пул карданд, Наслеҳан бошад, номдор ва азизи дили мардум гашта, шуҳраташ ба авҷи аъло расид. Акнун дар кӯча касе номашро намегирифт, ҳама ӯро Ёсуман садо мекарданд.

Аз ишқбозӣ то издивоҷ
Наслеҳан пас аз анҷоми сериали «Гирдоби зиндагӣ» бо ҳамбозиаш Догоғлу номзад гашт. Муҳаббати байни ин ду ҷавон ба қавле бозӣ-бозӣ сар шуда бошад ҳам, билохира ба ишқи ҳақиқӣ табдил ёфт. Хабари номзад шудани ду ситораи “Гирдоби зиндагӣ” тамоми Туркияро ба ҳайрат овард. Тӯйи ситораҳо дар тарабхонаи панҷситорадор, дар шаҳри Дубай баргузор гашт.
Мо ба ин ду ҷуфти муносиб бахти баланд ва зиндагии ширинро хоҳонем!

alt

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД