Formula september
Фаришта дар ниқоби шайтон  
2244

 

Даричаи ошноӣ

Баҳор Озёрук моҳи майи соли 1986 дар шаҳри Бурсаи Туркиё, дар оилаи ҳунармандони театр ба дунё омадааст. Баҳор хатмкардаи Консерваторияи Эскишехири Анатония аст. Дари шуҳратро ба рӯйи ин духтараки ҷавон, вале хеле бомаҳорат ва лаёқатманд силсилафилми “Ҳикмати зиндагӣ” кушод. Ин филм Баҳор Озёрукро соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин актрисаи сол” гардонд.

 

Роҳ ба сӯи муваффақият

Соли 2012 кинорежиссёрони машҳури турк ба офариниши филми нав шуруъ намуда, кастинг эълон карданд. Аз байни ҳазорон довталаб танҳо чанд нафар ҳунармандон барои дар филми нави бисёр ҷаззоб, ки “Ҳикмати зиндагӣ” унвон гирифта буд, нақш офаридан роҳхат гирифтанд. Дар байни ғолибони хушбахти кастинг Баҳор Озёрук ҳам буд, вале коргардон ба ин паричеҳраи оташнигоҳ на нақши мусбӣ, балки офаридани симои зани маккораю фиребгар Пинор Четинро вогузор намуд. Баҳор сенарияи филмро хонда бе дудилагӣ ба шартнома имзо гузошт, зеро медонист, ки вай аз уҳдаи офаридани ин нақш ба хубӣ мебарояд. Дар майдончаи наворгирӣ Баҳор бо беҳтарин чеҳраҳои синамои Туркия Гозде Басаран, Искандер Алтин, Эрен Озялсин ва Бурак Демир рӯ ба рӯ гашта, қувваю мадори тоза гирифт. Акнун вай тамоми ҳастиашро сарф мекард, то дар офаридани нақш аз ин ситораҳо қафо намонад. Касоне, ки аз сирру асрори синамо бохабаранд, хуб медонанд, ки аз нақши мусбат дида, офаридани нақши манфӣ душвор аст. Аксаран ҳатто ҳунармандони таҷрибадор аз уҳдаи ҷаззоб офаридани қаҳрамони манфӣ намебароянд, вале ба Баҳори ҷавон ва навроҳ муяссар гашт, ки нақши Пинорро табиӣ бозад. Коргардонҳои машҳури Туркия наворҳои “Ҳикмати зиндагӣ”-ро бо шавқу завқи зиёд тамошо карда ба ҳунари актёрии ин духтараки ҷавон таҳсину офарин хонданд. Баҳор тавонист ҳунармандони таҷрибадорро ба қавле бо ҳисоби 1-0 гол зада, қоил намояд.

 

Моҷарои зиндагӣ

Ҳодисаҳои филм бисёр тезу тунд ҷараён мегиранд ва чунон ҷаззоб ҳастанд, ки тамошобин худро дар байни қаҳрамонон эҳсос намуда, гумон мекунад, ки ин ҳамаро дар ҳаёти воқеӣ шоҳид шуда истодааст. Пинор ба хушбахтии Эфигилҳо ҳасад бурда, мехоҳад ин оиларо вайрон намояд. Барои Фаридаро аз шавҳараш ҷудо кардан ин зани маккора роҳи фиребро пеш гирифта, эълон мекунад, ки кӯдаки батнаш аз Шараф аст ва дар сурати ӯро ба занӣ нагирифтани Шараф ба додгоҳ арз хоҳад кард. Ба номуси Пинор дастдарозӣ кардани шавҳарашро шунида, Фаридаи зудбовар дар сари рашку қаҳру ғазаб кӯдаконашро гирифта аз хонаи Эфигилҳо меравад. Шараф аз тарси ба маҳкама афтидан Пинорро қонунан ба занӣ мегирад, вале ягон сирри ниҳон як умр пинҳон намемонад. Сирри Пинор низ фош мешавад. Аниқтараш Камол ном ҷавони хайрхоҳ тамоми ҳиллаю найрангҳои Пинорро рӯи об бароварда, чашми Шарафро мекушояд. Вақте модари Шараф Набоҳатхонум мефаҳмад, ки кӯдаки Пинор на аз писари вай, балки аз Темур Корчал аст, ба ғазаб омада, келини бадгуҳарро сангсор намуда аз дараш меронад. Пинор сарҳисоби корашро гум карда, қасди ҷони Фаридаи бегуноҳ менамояд, вале...

 

Фаришта дар ниқоби шайтон

Баҳор нақши Пинори маккораро хеле моҳирона бозида бошад ҳам, аслан духтари фиребгару дурӯя ва найрангбоз нест. Макру ҳилла ва дурӯғу риё барояш бегона аст. Баҳор духтарест амсоли фаришта покдилу покнияту покрафтору покгуфтор. Лақ-лақи беҳударо хуш надорад. Вақташро ба корҳои беҳудаю бемаънӣ сарф намекунад. Духтари камгап ва бисёр шармгин аст. Бо одамони ғайбатчӣ умуман гап намезад. Кӯшиш мекунад, ки ҳамеша ба мардум хубӣ кунад.

 

Як гулу сад харидор

“Ҳикмати зиндагӣ” Баҳорро ба серхаридортарин актрисаи Туркия табдил дод. Пас аз ин филм коргардонҳо аз чаҳор тараф занг зада ин зебосанамро ба филмҳояшон даъват мекардагӣ шуданд. Аз байни сенарияҳои зиёд актриса танҳо се филм «Роҳи гурез», «Оинаи шикаста» ва «Духтари тарсончак»-ро интихоб намуд. Дар ин филмҳо Баҳор нақшҳои асосиро бозида, бо ҳунару маҳорати беҳамтояш натанҳо дар ватанаш, балки хориҷ аз он низ машҳур гашт.

 

Аз муҳовара:

-Баҳор худро дар нақшҳои манфӣ муваффақ мешуморед ё мусбӣ?

-Барои ман офаридани нақшҳои манфӣ осонтар аст.

-Гуфтаниед, ки нақши асосиро офаридан душвортар аст?

-Филми “Ҳикмати зиндагӣ ”-ро пеши назар оред, худатон эҳсос мекунед, ки кадом тараф бештар ранҷу азоб мекашад. Қариб то охири филм корди Пинори ҳилагар болои равған аст, вале Фаридаи бечора қариб аз ғам мемирад.

-Бисёриҳо гумон мекунанд, ки Баҳор дар ҳаёт мисли қаҳрамонҳояш маккора аст ва дар найрангбозӣ ҳамто надорад...?

-Саргузашти ману Фарида дар ҳаёти воқеӣ рӯй медод, боварӣ дорам, ки бо ҳамин содагиаш Фарида маро буғӣ карда мекушт. Аслан ман бисёр духтари тарсончак ҳастам ва ҷуръат намекунам ба шавҳари каси дигар чашм ало кунам.  

-Дар «Ҳикмати зиндагӣ» оилаи Эфигилҳо аз рӯи шумо вайрон мешавад-ку!

-Мақсадатонро фаҳмидам. Дар “Ҳикмати зиндагӣ”диққат дода бошед, Шараф маро дӯст медорад. Ҳиссиёти ӯро эҳсос намуда ман барои аз модари ӯгаи Фарида-Ҷонон, ки бисёр зани ҷоҳил аст, қасос гирифтан ин корро мекунам. Аниқтараш ман не, Пинор қасди душманаш Ҷононро аз духтараш гирифтан мехоҳад.

-Қасос гирифтан ҳам лаззатбахш аст, ҳамин тавр не?

-Ман дар филм аввал хуб адаби душманонамро медиҳам, вале дар охир, вақти ба Париж сафар намудан Темури нобакор маро ба полис мефурӯшаду зиндонӣ мешавам. Интиқом нотамом мемонад.

-Мабодо ҳамин ҳодиса дар оянда ба сари худи шумо ва ҳамсаратон биёяд, чӣ кор мекунед?

-Ман мисли Фарида духтари босабру батамкин нестам. Шавҳарамро ҷазо медиҳам ё худамро дар дарё ғарқ мекунам.

-Фаридаро аз Шараф ҷудо кардан мехостед-ку! Магар аз ин зани ботамкин панд нагирифтед?

-Фарида табиатан бонуи бо сабру тоқат аст, ман бошам, зотан бисёр оташин ҳастам. Ба қавле бе гӯгирд дар мегирам. Дар сари қаҳр чизе аз пешам барояд, зада мешиканам. Мучали ман паланг аст. Паланги зебо, вале бадхашму тездандон! Шумо дар умратон ягон бор паланги оромтабиатро дидаед?! (механдад)

-Ҳоло, ки шавҳар накардаед, ояндаи худро чӣ гуна тасаввур мекунед?

-Дурахшон ва хеле ширину гуворо.

-Ҳунармандон тез-тез ба сафарҳои ҳунарӣ мебароянд, ба наворгирӣ мераванд, сайру саёҳат мекунанд, худо накарда, аз сафари ҳунарӣ ё аз наворгирии филми навбатӣ баргашта шавҳаратонро дар бистари хоби худ бо бонуи дигар бубинед, чӣ кор мекунед?

-Мекушам! Шавҳарам ба ман хиёнат кунад, то ҷон дар рамақ дорам, ӯро мурданивор мезанам. (механдад)

-Дар кӯчаҳои шаҳр шуморо чӣ ном мебаранд?

-Пинор! Бовар кунед, ман дар кӯчаҳо орому осуда гашта наметавонам. Дастонамро ба гӯшҳоям зер карда, базӯр то хонаам мерасам.

-Боз кадом филматон ба худи шумо писанд аст?

-«Духтари тарсончак». Дар ин филм ман нақши Оиша ном духтаракеро мебозам, ки дар як заминларза волидонашро аз даст дода, бе пушту паноҳ мондааст. Филм бисёр риққатовар буда, тамошобинонро ба гиря медарорад. Ин филм барои худи ман ҷолиб аст, чунки маънои чуқур дорад.

-Баҳор шавҳари ояндаашро чӣ гуна дидан мехоҳад?

-Қадбаланду зебо, вале мисли худам асабӣ набошад.

-Боварам намеояд, ки ин фариштаи зебои турк то ҳол шоҳзодаи худро наёфта бошад?

-Талабгорон зиёданд, вале бо ёри хаёлии ман мувофиқат намекунанд. Мехоҳам ҷавоне бошад масъулиятшинос ва меҳрубону баномус. Домодшавандаро аввал хуб санҷида, баъдан ба тӯй тайёрӣ дидан мехоҳам, то дар зиндагӣ дилшикаста нашавам.

-Мо орзу мекунем, ки Пинор пироҳани зебои арӯсиро ҳамин сол ба бар намуда, мухлисонашро ба тӯй хабар кунад.

Омин!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД