Фарҳод Мақсудов, сокини кӯчаи Муҳаммадиеви шаҳри Душанбе чанд моҳ боз ба бистари беморӣ меҳкӯб гаштааст. Фарҳодро хатои табибон якумра маъюб гадонд.
Ба қавли модараш Латофат, ҳанӯз замони дар хизмати аскарӣ буданаш Фарҳодро дар ноҳияи Шаҳринав ҷарроҳӣ карда буданд. Ҳангоми гузаронидани амали ҷарроҳӣ табибон ба хатогӣ роҳ додаанд ва дар натиҷа рӯдаҳои ҷавон ба пуррагӣ пӯсиданд. Фарҳод ду ҷарроҳиро дар Тоҷикистон ва чаҳор ҷарроҳиро дар Русия аз сар гузаронида бошад ҳам, ҳолаш торафт бадтар мешаваду беҳтар не. Ба наздикӣ Фарҳодро бояд бори ҳафтум ҷарроҳӣ намоянд, аммо модари танҳояш дигар имконияти харидани доруву дармон ва табобати писарашро надорад.
Агар майли кӯмак кардан дошта бошед, метавонед ба модари Фарҳод дар тамос бошед! Тел: 904181121