Тобистонро бидуни сайри табиат ва оббозӣ дар обҳои мусаффо тасаввур кардан душвор аст, вале гоҳо истироҳати тобистона бо фоҷиа анҷом меёбад.
Суннат Қосимзода низ ҳамсабақонашро ба тамошои Норак даъват карда буд, бехабар аз он ки ин меҳмонӣ ва зиёфат ба мотам ва сарсонии зиёде табдил меёбад...
Аз шаҳри Норак ба сомонаи Oila.tj хабар расид, ки дирӯз дар ин гӯшаи зебои диёрамон боз як ҳодисаи нохуш рӯй дода, боиси марги як ҷавони бегуноҳ гаштааст.
Қосимзода Суннат, сокини кӯчаи Свердловкси Норак ҳамсабақонашро ба меҳмонӣ даъват намуда, ба сайри обанбори Норак мебарад. Донишҷӯён аз тамошои манзараҳои зебои Норак лаззат бурда, зиёфати оростаи Суннатро дар истироҳатгоҳи (дача) Коррел ҳазлу шӯхикунон мехӯранд, сипас худро ба об мезананд, то салқин шуда, рӯҳу ҷисми худро сафои тоза бахшанд, аммо...
Аснои оббозӣ якбора шамоли сахт бархоста, балонеро, ки Суннат дар болои он буд, чапагардон мекунад. Дӯстонаш зуд ба имдод шитофта бошанд ҳам, натавонистаанд дар муқобили ҷараёни тез ва пурхурӯши оби баҳр истодагарӣ намуда, ғолиб бароянд. Дар як лаҳза гирдоб Суннатро ба коми худ кашида, ин ҷавони ормонӣ аз назарҳо нопадид гаштааст.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар якҷоягӣ бо падару модар, аҳли оила ва ёру дӯстони ғарқшуда ин ҷавони нокомро ҷустуҷӯ намуда, соатҳои 2-3-и шаб ҷасади Суннат Қосимзодаро аз об берун бароварданд.
Ҳамсабақонаш, аз ҷумла Алӣ аз мардум бо некӣ ёд карда, бо чашмони ашкбор мегӯянд, Суннат бисёр ҷавони шӯху бебок ва гули сари сабади ёру дӯстон буд.
Суннат Қосимзода бисёр мехост табъи ҳамсабақонашро болида сохта, барояшон истироҳати хотирмон ташкил кунад, аммо ин сайру саёҳат ба мотам табдил ёфта, дар дили волидону пайвандон ва ёру дӯстони содиқи ин ҷавони меҳрубон доғи ҷигарсӯзе ниҳод, ки ҳаргиз зудуда нахоҳад гашт...
Ҷанозаи марҳум имрӯз соати 13-00 дар зодгоҳаш баргузор мегардад.