Formula novemver 2024
Фарҳоди фиребхӯрда: ДНК хиёнати занамро фош кард  
8169

 

Ману Ширин аз курси аввалин донишгоҳ ҳамдигарро дӯст медоштем. Зиндагӣ бе Ширин барои ман маънӣ надошт, ончунон волаю шайдои ин духтар будам, ки лозим шавад, ҷонамро барояш фидо мекардам.

Ҳамсабақонам моро Фарҳоду Ширин меномиданд. Баъди хатми донишгоҳ хонаи якҳуҷрагӣ харидам ва бо тӯю тамошо Ширинро ба занӣ гирифтам.

Пас аз тӯй занамро рӯйи даст бардошта мегаштам. Намемондам, ки ба пояш хоре халад. Дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашидем, аммо аз байн чанд сол гузашта бошад ҳам, Ширин ҳеҷ ҳомиладор намешуд. «Занакҷон, зиқ нашав, иншооллоҳ, бо хости Худо бачадор мешавем» гӯён, занамро тасаллӣ медодам, то ки ғам хӯрда, худашро обу адо накунад.

Ҳамин тавр аз зиндагиамон даҳ сол сипарӣ гашт. Рӯзе аз тарафи ҷои кор маро ба командировка равон карданд. Хушдоманам ба хона омада, гуфт, ки то баргаштани ту Ширинро ба хона бурда табобат мекунам, бошад, ки Худо ба шумо фарзанд диҳад. Ман розӣ шудам, зеро ҳанӯз ҳам шуълаи умед дар дилам хомӯш нагашта буд.

Тӯли ду моҳ дар сафар будам. Баъди аз командировка баргаштанам, Ширин аз ман шодиёна гирифта, хушхабари ба наздикӣ фарзанддор шуданамонро расонд. Он лаҳзаҳо аз ман дида марди хушбахттар дар тамоми олам набуд. Аз хурсандӣ ашки шодӣ рехтам.

Аз тарси он ки мабодо тифли батнаш наафтад, намемондам, ки Ширин дасташро ба оби хунук занад. Занамро ба дараҷае эҳтиёт мекардам, ки ҳатто намегузоштам хӯрок пазад. Барояш аз ошхонаҳои шаҳр беҳтарин хӯрокҳоро харида меовардам.

Хулоса, баъди нуҳ моҳ мо фарзанддор шудем. Писарамро Некрӯзҷон ном ниҳода, гул барин парвариш мекардам.

Ҳамин тавр солҳо турнасон гузаштанду Некрӯз мактабхон шуд, аммо Ширин дигар ҳомиладор намешуд. Ба ҳаминаш ҳам шукр мегуфтам, ки Худо ба мо як фарзанд ато намуда, чашидани шаҳди падариро насибам гардонд, аммо…

Рӯзе тасодуфан дар шаҳр дӯсти мактабиам Солеҳро вохӯрдам. Азбаски солҳои дароз ҳамдигарро надида будем, ба тарабхона даромада, хеле суҳбат кардем. Вақте ки аз зиндагии оилавиаш пурсон шудам, Солеҳ оҳи пурдарде кашида гуфт:

-Эҳ ҷӯраҷон, беҳтараш напурс! Аз зани якумам ҷудо шуда, дубора оиладор шудам.

-Чаро?- пурсидам бо тааҷҷуб.

-Бо ҳамсарам 8 сол зиндагӣ карда, фарзанддор нашудем. Занам «рафта, камтар табобат кунам» гӯён, ду моҳ дар хонаи модараш монд. Баъди табобат карданаш дар ҳақиқат ҳомиладор шуд. Мани гумроҳ чӣ қадар хурсанд шудам, ки ниҳоят Худованд оҳи диламро шунида, ба мо фарзанд дод, аммо баъди яксола шудани писарам ҳар гуна овозаҳо ба гӯшам расиданд, ки занам дар хонаи модараш бо ошиқи пешинааш вохӯрда, аз вай бача зоидааст. Барои ҳақиқатро фаҳмидан, занамро бо писарам ба духтур бурда аз ташхис гузарондам. Маълум шуд, ки гапу хабари мардум бе асос набудааст. Зани шайтонам аз марди дигар ҳомила шуда, бачаи ҳаромиашро ба сари ман бор кардааст. Ҳамин тавр, аз баҳри зану фарзандам гузаштаму зани нав гирифтам. Шукри Худо ҳоло як писару як духтар дорам…

Бо шунидани ин суханҳои ҷӯраам дар дилам шубҳа афтид, ки мабодо писари ман ҳам аз каси дигар набошад. Боварӣ надоштам, ки Ширин бо ин қадар муҳаббате, ки нисбати ӯ дорам, ба ман хиёнат кунад, аммо барои таскини дилам писарамро аз ташхис гузаронданӣ шудам.

Рӯзи дигар Ширинро бо Некрӯз ба беморхона бурдам. Ташхис нишон дод, ки мисли писари ҷӯраам Солеҳ бачаи ман низ ҳаромӣ будааст. Бовар накарда Некрӯзро ба чанд беморхонаи дигар бурдам, аммо ҷавоби ҳама ташхисҳо як буд.

Девонавор ба сари Ширин дод мезадам, ки чаро ба ман хиёнат кардӣ?

Занам аз тарс дарақ-дарақ ларзида, бо чашмони пуроб иқрор шуд:

-Фарҳод, ман туро сахт дӯст медорам. Метарсидам, ки аз рӯи бефарзандӣ аз ман ҷудо мешавӣ. Барои он ки туро аз даст надиҳам, ба ҳамин роҳи хато рафтам…

-Ман туро аз ҷонам ҳам бештар дӯст медоштам. Як умр бе фарзанд мондам ҳам, ҳаргиз аз ту ҷудо намешудам, аммо ишқи покам зери по кардӣ. Акнун писари ҳаромиатро гирифта, ба хонаи модарат дафъ шав, ман даюс нестам, -дод задам бо алам.

Ҳамин тавр, ман аз Ширин ҷудо шудам.

Пас аз ин воқеа чанд муддат бе зан гаштам. Ҷӯраам Солеҳ ба ҷону ҳолам намонда «хоҳари зани маро бигир, бисёр духтари хуб аст» мегуфт дар ҳар вохӯрӣ. “Эҳ ҷӯраҷон, дилам аз занҳо мондааст. Намехоҳам дигар оиладор шавам” гӯён, даст меафшондам, аммо дӯстам маро ба ҳоли худам намонда, бо қайсингилаш шинос кард. Духтари сарпаст менамуд, аз ҳамин хотир, розӣ шуда дар тарадуди тӯй афтодам.

Ширин хабари зангирии маро шунида, худкушӣ кард. Як шиша сиркоро хӯрдааст, ба беморхона нарасида, ҷон дод. Падараш дар марги Ширин маро гунаҳгор дониста, аз болоям аризаи шикоятӣ навишт. Ҳамин тавр бе ягон гуноҳ ба маҳбас афтидам.

Солеҳ барои озод кардани ман чӣ коре аз дасташ меомад, мекард. Ниҳоят пас аз як сол маро озод карданд. Рӯзҳои бад паси сар шуданду рӯзҳои нек фаро расиданд. Бо қайсингили Солеҳ хонадор шудам. Шукри Худо имрӯз соҳиби як духтару як писар ҳастам, аммо захми ишқи аввал ва хиёнати Ширин то ҳол аз дилам нарафтааст….

Фарҳод

Таҳияи Сурайё Рабиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(8)
Шахло 2019-08-09, 22:45
Киссаи хар ду хам якхел будас намешуд камтар тагирот дароварда ба хакикат рост кунед
Посух
Сафар 2019-08-10, 01:09
Бехтарин корро кардааст, Марди ба номус будааст, на даюс
Посух
Бону 2019-08-10, 10:42
Афсус......Ягон рохи созантар барои хал кардан наефтед??
Посух
Номали Бону 2019-09-08, 09:44
Боз чихели рох, охир зан хиёнат карда аст чи ба гуфти шумо уро бахшид, боз бо зами ин фарзанди аз зино шударо ба шавхараш бор кардааст,ягон марда номусаш намебардора ин холро.
Посух
Бахриддин 2019-08-10, 21:09
Баъди хатми донишгох 25 сола+10сол бефарзанди +1соли дар батн будан +7соли мактабхон шудан+2сол як муддат гаштан +1соли махбас ин Фарход хозир як 70 будагист нав сарузаштша гуфт?
Посух
Меҳриниссо 2019-08-10, 21:11
Агар нағз медид хиёнат намекард.
Посух
Шариф 2019-08-10, 21:32
Аз зани ғар ғар бируяд зон ки устодаш ғар аст...
Посух
фарида 2019-08-13, 09:49
Ин саргузаштро ман чанд мох пеш дар сомонаи интернет хондам. Мазмунаш каме иваз карда шудаас. Ва баъд да беморхонахои кишвари мо ташхиси ДНК то хол дастраси мардум нес. Хол он ки саргузашти чандсола аст!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(8)
Шахло 2019-08-09, 22:45
Киссаи хар ду хам якхел будас намешуд камтар тагирот дароварда ба хакикат рост кунед
Посух
Сафар 2019-08-10, 01:09
Бехтарин корро кардааст, Марди ба номус будааст, на даюс
Посух
Бону 2019-08-10, 10:42
Афсус......Ягон рохи созантар барои хал кардан наефтед??
Посух
Номали Бону 2019-09-08, 09:44
Боз чихели рох, охир зан хиёнат карда аст чи ба гуфти шумо уро бахшид, боз бо зами ин фарзанди аз зино шударо ба шавхараш бор кардааст,ягон марда номусаш намебардора ин холро.
Посух
Бахриддин 2019-08-10, 21:09
Баъди хатми донишгох 25 сола+10сол бефарзанди +1соли дар батн будан +7соли мактабхон шудан+2сол як муддат гаштан +1соли махбас ин Фарход хозир як 70 будагист нав сарузаштша гуфт?
Посух
Меҳриниссо 2019-08-10, 21:11
Агар нағз медид хиёнат намекард.
Посух
Шариф 2019-08-10, 21:32
Аз зани ғар ғар бируяд зон ки устодаш ғар аст...
Посух
фарида 2019-08-13, 09:49
Ин саргузаштро ман чанд мох пеш дар сомонаи интернет хондам. Мазмунаш каме иваз карда шудаас. Ва баъд да беморхонахои кишвари мо ташхиси ДНК то хол дастраси мардум нес. Хол он ки саргузашти чандсола аст!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД