Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед, то оромии муносибатҳоро нигоҳ доред. Гӯш додан ба назари онҳое, ки дилашон барои шумо месӯзад, беҳуда нест, аз ин фақат фоида мебинед. Агар шуморо танқид карданд, хафа нашавед, шояд дар гуфтаҳояшон ҳақиқате нуҳуфта бошад. Аз қарорҳои шитобкорона худдорӣ намоед, пеш аз ҳама маслиҳати дӯстонро бигиред. Аз дигар кардани намуди зоҳирӣ даст кашед, то баъд пушаймон нашавед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз, агар танҳо бошед, бештар дар ҷамъият бошед, шояд шиносоии ҷолибе сар занад ва ҳатто зиндагии шуморо дигар кунад. Эҳтимолият ҳаст, ки бо ҳамсояҳо ё шахси наздик суҳбати ошкоро дошта бошед, вале кӯшед ин сӯҳбат ба баҳс ва ҷанҷол нарасад. Шумо одамонро хуб мефаҳмед ва мушкилиҳоро осон ҳал карда метавонед. Эҳтиёт кунед: шояд аз газидани ҳашарот ё хӯрок аллергия шавед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз мулоимӣ ва сухани ширин аз ҷангу ҷанҷол беҳтар аст. Агар гапатонро бо зӯр исбот карданӣ бошед, вақташ нест. Муносибатҳои хонаводагиро барои дигарон ошкор насозед. Барвақт аз хона бароед, то дер ба кор нарасед. Ҳафтаи оянда хароҷоти зиёд доред, пас харҷро кам кунед. Вақти хубест барои нигоҳубини мӯй, ниқоби табиӣ ё витаминҳо кумак мекунанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз рӯзи хубест барои ишқу муҳаббат, мулоқот ва тамошои филм. Шояд муҳаббати дерин ва ширин сар занад. Роҳбарият ба шумо кори муҳим медиҳад, ки иҷрояш метавонад мукофоти хуб оварад. Каме душворӣ хоҳад буд, аммо шумо қодиред онро иҷро кунед. Хоҳиши худнамоӣ баъзан пайдо мешавад, аммо зуд мегузарад. Иммунитети қавиатон шуморо муҳофизат мекунад, вале қоидаҳои оддии гигиенаро риоя кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат амал аз сухан беҳтар аст. Ваъдаҳои бепоя надиҳед, агар омода нестед. Ҳисси изтироб ва тарсу таҳлука метавонад ногаҳон пайдо шавад, сабрро аз даст надиҳед. Беҳтараш корҳои муҳимро то нисфирӯзӣ иҷро кунед, баъд вақтро бо оила ва дӯстон гузаронед. Қаҳру ғазабро нигоҳ доред, то ба дӯстону ҳамкорон осеб нарасонед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз метавонед диққати шахсеро, ки мехостед, ба худ ҷалб кунед. Агар бо наздикон бо дили кушод суҳбат кунед, изтиробатон кам мешавад. Лекин, то дигарон шуморо бишнаванд, аввал шумо бояд дигаронро бишнавед. Дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави кор бошед – шояд касби шумо дер ё зуд талаботи худро гум кунад. Ба худ бовар кунед, маслиҳати зиёди дигарон имрӯз метавонад шуморо саргум кунад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Бештар ба нафарони дар атрофатон буда диққат диҳед, на ба орзуҳои дур. Шояд дар наздикатон шахсе бошад, ки шуморо дӯст медорад. Имрӯз машғули корҳои хонагӣ ва харид мешавед, шояд баъд аз зӯҳр меҳмон ояд. Кӯшед мушкилиҳои деринаро ҳал кунед, агар лозим шуд, ёрии дӯст ё ҳамкорро пурсед. Хароҷоти нозарур накунед, то пулро беҳуда сарф насозед. Аз одамоне, ки қуввати шуморо мегиранд, дурӣ ҷӯед ва вақтро ба корҳои муҳим бахшед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Муносибатҳои ошиқона имруз бо ҳамоҳангӣ пеш мераванд, танҳо ба суханони дӯстатон бодиққат гӯш диҳед. Рӯз пур аз лаҳзаҳои хуш хоҳад буд: дидор бо дӯстон, сафар ё хариди муҳим. Дар кор шиносоии нав ва ёрии шахсони таъсиргузор имконпазир аст. Шартномаҳо метавонанд бинобар сабабҳои ғайричашмдошт ба таъхир афтанд, шитоб накунед, ҳама чизро хуб андеша кунед. Дар роҳ эҳтиёткор бошед, эҳтимоли садама вуҷуд дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз бо шахси дӯстдошта эҳтимоли сар задани нофаҳмиҳо вуҷуд дорад, ҳатто агар айби шумо набошад. Кӯшед сахт ба дил нагиред, вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад, оромӣ бармегардад. Барои пешравӣ дар кор бояд муддате аз баъзе одатҳо даст кашед. Фишори зиёд ва хоби кам шуморо хаста кардааст, беҳтараш барвақт аз кор баргардед ва шаб бедор наистед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз аз наздикон сухане мешунавед, ки шуморо ба ҳайрат меорад – шояд сири пинҳонро гӯянд. Вақти хуб барои пардохтан ба корҳои муҳим аст, вале маслиҳати дигаронро нодида гиред. На ҳама чиз барор мегирад, шояд баъзе нақшаҳоро ба таъхир андозед. Хароҷоти калон пешбинӣ шудааст, вале онҳо ногаҳонӣ нестанд. Барои саломатӣ бештар ба варзиш, ҳавои тоза ва витаминҳо диққат диҳед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Сабаби аслии нофаҳмиҳоро дар муносибати ошиқона ёбед, вале шахси сеюмро ҷалб накунед. Вақти шумо маҳдуд аст, бояд байни кор ва оила интихоб кунед. Аз корҳое, ки дигар фоида надоранд, даст кашед ва роҳҳои нав пайдо кунед. Пул қарз надиҳед, дер бармегардад. Имрӯз худро қавӣ ва пурэнергия ҳис мекунед, агар бемор бошед, вазъ беҳтар мешавад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз шояд шиносоии кӯтоҳ ё ишқбозӣ рух диҳад, ки хотирмон мегузарад. Агар дар муносибатҳои ошиқона сардӣ бошад, вақти он расидааст, ки ошкоро сӯҳбат кунед. Вақтро дуруст истифода кунед, аз стресс канорагирӣ кунед. Барои амалӣ кардани орзуҳо бештар фаъол бошед. Агар бемори дил ё фишорбаландӣ доред, имрӯз эҳтиёткор бошед, таъсири ҳаво чандон мусоид нест.