Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар зиндагиатон эҳтимоли рух додани рӯйдоди муҳим дар назар аст. Қобилиятҳои худро нишон диҳед, натиҷаи хуб мегиред. Ба садои дилатон гӯш кунед - он роҳи дурустро нишон медиҳад. Бо наздикони худ дағалу сахтгир набошед. Агар ҷойи кор ё касби худро иваз карданӣ бошед, каме сабр кунед. Имрӯз барои мулоқоти ошиқона мувофиқ аст.
Савр (21 апрел-21 май)
Субҳ бо ташвишҳои хонагӣ оғоз мешавад, дар ҳама кор сабр кунед, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Шояд мулоқоти корие дошта бошед, ки дар оянда зиндагиатонро дигаргун намояд. Бо пул эҳтиёткор бошед, вазъ метавонад тағйир ёбад. Агар дар гурдаатон дард эҳсос мекунед, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз муносибатҳои ошиқонаро беҳтар кардан мумкин аст. Нофаҳмиҳо аз байн мераванд. Ба меҳрубонии дӯстдошта бо меҳрубонӣ ҷавоб диҳед. Бо роҳбарон ва ҳамкорон баҳс накунед. Аз харҷи зиёд ва харидани хонаву мошин худдорӣ кунед. Ғизои вазнин нахӯред, саломатӣ муҳим аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Эҳсосоти шумо имрӯз баланд аст ва метавонад боиси муноқиша шавад. Дар хона ором бошед ва сухани сахт нагуед. Ба наздикон зарар нарасонед. Дар сари қаҳр нафареро ранҷониданатон имкон дорад, ки бароятон хеле азиз аст. Худро ба даст гиред. Барои хариди калон вақт мувофиқ нест. Агар меъдаатон ҳассос аст, ғизои вазнин нахӯред.
Асад (23 июл-23 август)
Шумо одамонро хеле хуб мефаҳмед, аммо ба ҳама маслиҳат надиҳед. На ҳар кас ба қадри некиву меҳрубонӣ мерасад. Дар масъалаҳои хона, фарзанд ё пул эҳтиёт кунед. Аз ғайбат ва баҳс дурӣ ҷӯед. Шояд як хабари хуш гиред. Дар ҷамъият камтар сухан гӯед. Барои болида кардани хотир бо корҳои дӯстдошта машғул шавед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз муҳити хона хушу гуворо мешавад. Муносибат бо дӯстдошта хуб хоҳад буд. Дар касбу кор пешравӣ мебинед. Танҳо пулро беҳуда сарф накунед. Шояд роҳи нави даромади пулиро пайдо кунед. Агар хӯроки равғаниро дӯст доред, онро камтар истеъмол намоед, меъдаатон нозук аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи пур аз эҳсосот аст. Мулоқоти гуворо ва шиносоии ҷолиб имкон дорад. Ба шахсе, ки нав шинос мешавед, дарҳол сирри дили худро нагуед. Нақшаҳо тағйир ёфта метавонанд, вале аз ин асабӣ нашавед. Дар кор шояд вазифаи нав пешниҳод шавад. Дар роҳ эҳтиёт шавед, шитоб накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шояд имрӯз бо як шахси ҷолиб вохӯред ва муносибати нави ошиқона оғоз шавад. Ба наздикон муҳаббату ғамхорӣ нишон диҳед. Шояд як кори ҷолиб пешниҳод шавад, онро бо дилпурӣ пазируфта метавонед. Ба дили худ гӯш диҳед, на ба маслиҳати дигарон. Аз ғизои вазнин ва ширинии зиёд парҳез кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз шиносоии муҳим рух дода метавонад. Нафарони муҷаррад имкони пайдо кардани бахти худро доранд. Кӯшиш кунед мушкилоти корро ба хона наоред. Бо пул эҳтиёткор бошед. Хариди ногаҳонӣ метавонад шуморо хурсанд кунад. Агар хобатон хуб набошад, бе машварати духтур дору нанӯшед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз муносибатҳои ошиқонаатонро хуб баррасӣ кунед. Агар нафар писандатон шуда бошад, барои робитаҳои нав шитоб накунед. Агар ғамгин бошед, ғами худро дар дил нигоҳ доред. Корҳоро оромона анҷом диҳед. Пеш аз қабул кардани қарор ҳама чизро бодиққат санҷед. Барои болидарӯҳ шудан бо одамони хуб вақт гузаронед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Агар муҳаббататон сард шудааст, як сафари ошиқона метавонад онро дубора гарм кунад. Нофаҳмиҳо бо дӯстдошта ҳал мешаванд. Агар ҳолати ғайричашмдошт рӯй диҳад, ором бошед. Барои базм пул сарф мекунед, вале вазъи молияатон хуб аст. Агар ғамгин ҳастед, сабабашро ҷӯед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Аз мушкилот фирор накунед, онҳоро ҳал кунед. Ҳоло вақти тағйири калон нест, каме сабр кунед. Шояд барои иштирок дар як лоиҳаи нав даъват шавед, онро рад накунед. Ҳамаи нақшаҳоятон иҷро намешаванд, аммо ноумед нашавед. Имрӯз эҳтиёт шавед, хатари сироятёбӣ вуҷуд дорад.