Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз эҳтимол симои аслии дӯстдоштаи худро дида, дилмонда мешавед. Аз қарорҳои шитобкорона худдорӣ намоед! Хуб мешуд, ки шодиву хурсандии дили худро бо наздиконатон низ тақсим кунед, то онҳо ҳам лаззати зиндагиро эҳсос намоянд. Агар роҳбаратон меҳнати чандинсолаи шуморо қадр накунад, шояд вақти он расидааст, ки кори ҷолибтару музди беҳтар ҷустуҷӯ намоед. Имрӯз рӯзи мусоид барои дарёфти даромади иловагӣ аст. Аз хӯрокҳои равғанин, шӯрӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ парҳез кунед, то саломатии ҷигарро ҳифз намоед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз имкони пайдо шудани робитаи нави ошиқона вуҷуд дорад. Дар хона мушкилоти хурде пеш меоянд, вале бо ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо осон ҳал мешаванд. Бештар ба тарбияи фарзандон аҳамият диҳед. Дар кор бо ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед, то ҳангоми санҷиш ба мушкилӣ наафтед. Аз қиморбозӣ худдорӣ намоед, то зарари молӣ набинед. Имрӯз барои барқарор кардани неру ва оромии қалб хеле мувофиқ аст.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Ишқу муҳаббате, ки чанде пеш оғоз ёфт, шояд дер давом накунад. Аз нимаи рӯз баъзе душвориҳо ба миён меоянд, аммо онҳоро фоҷиа ҳисоб накунед, зеро ба манфиати шумо анҷом меёбанд. Меҳнати содиқонаатон ба шумо обрӯ овардааст, метавонед бидуни мушкил рухсатии ғайрирасмӣ гиред. Имрӯз ҳунару матонат нишон диҳед, то ба мақсадҳои худ бирасед. Танҳо ёди рӯзҳои гузашта хотири шуморо каме ғамгин мекунад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои касоне, ки то ҳол танҳо ҳастанд, имрӯз вақти хубест, ки ҳамсар ё дӯст пайдо кунанд. Шиносоӣ метавонад тавассути яке аз дӯстон, шабакаҳои иҷтимоӣ ё чорабиниҳои ҷамъиятӣ сурат гирад. Пеш аз ҳар гуфта андеша кунед, то ба мушкилӣ дучор нашавед. Дӯстдоштаатон шуморо маҷбур мекунад қарор қабул кунед, дер боз ин масъаларо ба таъхир гузошта будед. Аз қиморбозӣ худдорӣ кунед, зеро бахт ба ҷониби шумо нест.
Асад (23 июл-21 август)
Агар дар муносибат бо шахси дӯстдошта нофаҳмиҳо мавҷуд бошад, вақти он расидааст, ки бо самимият сӯҳбат кунед ва афзалиятҳоро равшан намоед. Имрӯз баъзе мушкилоти ғайричашмдошт пеш меоянд, аммо бо рӯҳи болида ва умед онҳоро паси сар мекунед. Кор барои шумо дар ҷои аввал аст, вале ҳаёти шахсиро фаромӯш накунед, то муносибат бо наздикон осеб набинад. Даромади шумо хуб аст ва шумо маблағро оқилона масраф мекунед.
Сунбула (22 август-23 сентябр)
Касоне, ки танҳо ҳастанд, бояд бештар дар ҷамъият бошанд, то шонси пайдо кардани ҳамсар бештар шавад. Бо шарикатон меҳрубону ғамхор бошед ва мушкилоти рӯзгорро болои ӯ бор накунед. Имрӯз вақти хубест, ки натиҷаҳои меҳнататонро ҷамъбаст кунед ва аз хатоҳои гузашта сабақ гиред. Аз харидҳои калон худдорӣ кунед, зеро шояд он чизе, ки мехостед, насибатон нашавад. Пеш аз харид бо наздикон маслиҳат кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз аз шиносоии нав худдорӣ кунед ё онро дар доираи дӯстӣ нигоҳ доред. Баъзе мушкилоти рӯзгор ба миён меоянд, аммо бо кӯмаки наздикон онҳоро осон ҳал мекунед. Ба тарбияи фарзандон ва муҳити ороми хона бештар диққат диҳед. Эҳтимол ба шумо пешниҳоди кори нав шавад, онро қабул кунед, зеро метавонад зиндагиатонро беҳтар намояд. Имрӯз шояд буғумҳо ё захмҳои кӯҳна аз худ дарак диҳанд, худро эҳтиёт намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз эҳтимол бо нафаре шинос мешавед, ки кайҳо боз дар ҷустуҷӯяш будед. Дар ҳама кор бодиққат бошед ва аз дағаливу баҳсҳои беҳуда худдорӣ кунед. Роҳи худро ҷӯед, ба зиндагии дигарон тақлид накунед. Барои касоне, ки аз фишорбаландӣ азият мекашанд, рӯзи чандон мувофиқ нест. Бештар ором бошед ва худро аз ҳад зиёд ташвиш надиҳед. Агар мошин меронда бошед, дар ин рӯз бодиққат бошед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона дилатонро шубҳа фаро мегирад. Ба дӯстдоштаатон бовар намекунед. Якравии аз ҳад зиёдатон дигаронро дар ҳайрат мегузорад. Рӯз барои мулоқотҳои корӣ, эҳтимоли гирифтани мукофот ё болоравии маош вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт бошед ва танҳо бо маълумоти дақиқ қарор қабул намоед. Дар айни гармии ҳаво ба берун баромаданро тавсия намедиҳем.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имкони пайдо шудани ишқи нав ҳаст, аммо дар ҷои кор бо ҳамкоратон ишқбозӣ накунед. Агар сири пинҳони шахси наздикатон шуморо ба ташвиш оварда бошад, имрӯз шояд он ошкор шавад, вале ин ба шумо хуш намеояд. Дар кор шитоб накунед, бо диққат амал намоед, то ба натиҷаи хуб расед. Соҳибкорон бо сабр ва таҳлили дуруст аз мушкилоти пешомада мегузаранд. Имрӯз эҳсоси хастагӣ ва камқувватӣ эҳтимол дорад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Рӯзи хуб барои мулоқотҳои ошиқона аст. Эҳтимол дар хона ё коргоҳ асбобҳои техникӣ аз кор бароянд, вале онро таъмир кардан осон аст. Имрӯз барои ба роҳбарият муроҷиат кардан ё қарорҳои муҳими ҳаётӣ мувофиқ нест. Эҳтимоли хароҷоти ғайричашмдошт зиёд аст. Аз кор бо ашёи тези бурранда эҳтиёт кунед, то аз захм пешгирӣ намоед. Барои наздикон заҳмат кашиданатон хуб аст, вале саломатии худро дар ҷои аввал гузоред.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз духтарон метавонанд ошиқи нав пайдо кунанд, гарчанде ки эҳтимол ин муҳаббат дер давом накунад. Рӯз барои мулоқот бо дӯстону аҳли хонавода хуб аст. Дар оила нофаҳмиҳо имкон доранд, беҳтараш аз баҳс худдорӣ кунед. Агар корҳоятон вазнин бошанд, вақти худро барои истироҳат ва барқарор кардани неру ҷудо намоед. Бо одамони босавод машварат кунед ва эҳсосоти манфиро нишон надиҳед. Ба саломатии худ аҳамият диҳед, хоби кофӣ ва ғизои солим муҳим аст.