sebiston july new
Боз як модари саҳнаи тоҷик моро падруд гуфт
8885

Корбари фаъоли фейсбук Лутфуллои Азиз, рӯзноманигории риштаи телевизион дар саҳифаи шахсии хеш хабар дод, ки ду соат пеш Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева бар асари маризии марази саратон дунёро падруд гуфт.

Хабарнигори сомонаи Оила Рустам Азимӣ барои муаян намудани ин хабар ба дӯсти хонаводагии ҳунарманд Одили Нозир дар иртибот гашт. Одил хабари марги ҳунарпешаро тасдиқ намуда, гуфт, ки ин модари саҳнаи тоҷик тӯлли 5-моҳ дар бистари беморӣ аз диабети қанд ранҷ мекашиданд. Сад афсӯс, ки дар моҳи мубораки Рамазон, вақти кушодани рӯза ҳамаи моро падруд гуфтанд. Аз шунидани ин хабар сахт андӯҳгинам”-гуфт Одил ҳангоми сӯҳбат.

Мавсуф ёдовар шуда гуфт, ки Савринисо Сабзалиева тӯли 50-сол рӯи саҳнаи тоҷик буд ва боре ҳам аз ягон беморӣ шикоят намекард. 5-моҳи охир ҳунарпеша аз бемории қанд азият мекашадиданд ва билохира ин дарди қаттол ҷони ҳунармандро дар сини 72 солагӣ аз байн бурд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Саринисо Сабзалиева дар кӯчаи Пушкини н. Исмоили Сомонӣ умр ба сар мебурд ва ҷанозаи эшон фардо соати 11 баргузор гашта, дар мазори деҳаи Лучоб ба хок супурда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД