Arzon april 2022
Ситораи турк 100 ҳазор доллар дод, то ки Помирро аз марг наҷот бубахшад
01.02.2022
ОИЛА
9191

Ҷон Ямон-ҳунарманди 32-солаи турк, ки бо қаду қомати рустамона ва табассуми базебаш дар дили шицони синамо маъво гирифтааст, бо як амали худ ҳамагонро дар ҳарат гузошт...


Ҷон Ямон бар замми шахсияти машҳур ва бениҳоят зебо буданаш хеле шӯх буда, хонумҳои зиёде волаву шайдояш ҳастанд ва баъзан барои ба даст овардани дили ин марди ҷаззоб бо ҳамдигар рӯканию мӯйканӣ ҳам мекунанд, вале дар асл актёр шудан ҳатто дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд. Ин ҷавони хушсурат факултаи ҳуқуқшиносиро ҳам намуда, як муддат ба сифати адвокат кор мекард ва дар чандин мурофиаҳои судӣ низ иштирок намудааст, аммо баъдан тақдир сарнавишти Ҷон Ямонро бо синамо пайваст.

ИМММ

Нақши нахустанашро Ҷон Ямон соли 2013 дар сериали русию туркии “Ясмин” бозида, дар як муддати кӯтоҳ натанҳо дар Туркия, балки берун аз марзҳои Ватанаш ҳам машҳур гашт.
Ин ҳунарманди шуҳратёр ба ғайр аз забони модариаш ҳамчунин забонҳои англисӣ, немисӣ, итолиёӣ ва испаниро низ медонад.

ППП
Ҷон марди сарватманд ва хайрхоҳ буда, мудом ба одамони ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамояд. Ҳунарпеша соли гузашта, яъне соли 2021 барои табобати як писарбачаи камбағал бо номи Помир зиёде аз 100 ҳазор доллар сарф карда, ин кӯдаки маъсумро аз панҷаи марг раҳоӣ бахшид.
Ин амали ҳунарманд боиси таҳсину офарини зиёди мухлисон гашта, ҳаводорони Ҷон Ямон чанд маротиба афзуд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки дигар ҳунармандон ва одамони сарватманд бояд аз Ҷон Ямон ибрат гирифта, ба афроди дармондаву ниёзманд дасти ёрӣ дароз намоянд, зеро худованд ба он хотир ба кас давлату сарват медиҳад, ки дигар бандагони худорро низ аз ёд набурда, дороияшро бо бенавоён қисмат намояд ва бо амалҳои хайри худ ҳам хотири афтодагон ва ҳам хотири офаридгорро шод гардонанд...

ИИИИ
Ҳазорон бонувон дар орзуи васли ин ҷавонмарди зебо ва дарёдил буданд, аммо Ҷон аз байни нозанинҳои бешумор ровии телевизион Дилетта Леоттаро интихоб намуда, дил ба ин паричеҳра додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД