Сарам дард карду аз муаллим ҷавоб гирифта ба беморхона рафтам. Дар даромадгоҳи бемористон тасодуфан бо духтури ҷавоне китф ба китф задем.
Ҷавон “ба хайр аст?” гуфта, саволомез ба ман нигарист. Шарм дошта бахшиш пурсидам ва гуфтам, ки сарам дард мекунад. Духтур маро ба утоқи кориаш даъват карда, чанд савол дод ва баъдан дорухат навишт. Аз дорухона доруҳоро гирифта, зуд ба хона омадам. Дар ҳақиқат баъди хӯрдани дору ҳолам беҳ шуд ва хостам ба духтур занг зада, аз рӯйи одоб раҳмат бигӯям. Духтур аз занги ман хурсанд шуда, ба пурсуҷӯ сар кард ва бе шавҳар буданамро фаҳмида, ба қавле ба ман “часпид”. Вай маро хуб таърифу тавсиф карда гуфт, ки нияти зангирӣ дорад, аммо ягон арӯси ба худ муносиб наёфта истодааст. Ҳамин тавр, мо бо ҳам шинос шудем.
Духтур бо суханҳои ширин ва пур аз меҳру муҳаббат оҳиста-оҳиста дили маро ба даст оварда, ваъда дод, ки ҳатман маро ба занӣ мегирад. Азбаски ҷавони бисёр зебои боодоб буд, ба суханҳояш бовар карда, дил ба ин духтур додам, вале...
Шабе телефонашро зане бардошта ба сарам дод зад: “Ту кистӣ?!” Гумон кардам, ки модар ё хоҳараш аст ва номамро гуфта, хоҳиш намудам, ки Довудро ҷеғ зананд. Зан бо шунидани номи ман ба ғазаб омада, якбора мисли саги девона ба ҳуҷум гузашт. “Тарпочаи лаънатӣ, агар як бори дигар туро бо шавҳарам бинам, худоҷон занад, мекушам! Ту фоҳишаи шавҳардузд шавҳари маро аз худ кардан мехоҳӣ-а?! Тамоми паёмакҳои ба шавҳарам фиристодаатро хондам. Дониста мон, агар нишониатро ёбам, мӯйи саратро бо панҷаҳоям қабза-қабза карда мегирам ва туро чунон шарманда мекунам, ки аз ба дунё омаданат пушаймон мешавӣ. Ту ҳоло бо собуни ман ҷома нашустаӣ...” Хулоса, зани Довуд маро он қадар дашному ҳақоратҳои қабеҳе кард, ки забонам ба такрор карданашон намегардад. Аз шиддати тарсу ҳарос телефон аз дастам афтид ва ҳамон шаб то саҳар гиря кардам. Дигар Довуд ба ман занг намезад ва ман низ ҷуръати ба ӯ занг задан намекардам. Ҳар боре, ки садои занги дари хонаамон баланд шавад, аз ҷоям як қад мепаридам. Хаёл мекардам, ки зани духтур ба сарам омад ва ҳоло маро дар назди ҳаққу ҳамсояҳо шармандаю бе обрӯ мекунад.
Як ҳафта пас Довуд занг зада гуфт, ки ба хотири аз даст надодани ман зан доштанашро пинҳон доштааст ва пешниҳод намуд, ки минбаъд пинҳонӣ вохӯрем. Бо шунидани ин гап хун ба сарам зад ва авзоям беҷо шуда, таъкид кардам, ки маро фаромӯш кунад. Он духтури номард ҳамоно зорӣ мекард, ки дилашро нашиканам. Дидам, ки ба хубӣ аз ман даст кашиданӣ нест, таҳдид намудам, ки агар як бори дигар ба ман занг занад, ба ҷойи кораш рафта, шармандагиашро мебарорам.
Ҳамин тавр, ҷонам аз он духтури занбоз халос шуд, вале ин алам то ҳол аз дилам намеравад. Ба худам нафрат дорам, ки чӣ тавр ман, духтари шаҳрӣ, донишҷӯ ба доми як марди зандор афтида, ба гапҳои дурӯғаш бовар кардам, охир ман аз ягон қишлоқи таги куҳ наомада будам-ку!
Ба духтарҳо гуфтаниям, ки дар муносибат бо мардон бисёр эҳтиёткор бошанд, зеро шумораи Довуд барин номардҳои фиребгар рӯз то рӯз зиёдтар мешаваду кам не.
Шоҳона, аз маҳаллаи Каленин