arzon replenishment
Турсуной дар Русия шавҳар мекобад!
3401


Турсуной Зиёева, ҷавонзани 27-солаи тоҷик шавҳарашро ҷустуҷӯ дорад, ки се сол пеш ба Русия рафта, баъди чанд моҳи кор дар ин кишвар бедарак шудааст.

Ин зан сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон буда, се моҳ боз акси ҳамсараш дар даст дар хиёбонҳои пойтахти Русия мегардад. Ҷавонзан сурати шавҳарашро ҳатто дар баъзе кӯчаҳои Маскав насб намуда, барои пайдо кардани ҳамсафари умраш ба ҳама кор тайёр аст. Турсуной Зиёева барои пайдо кардани шавҳараш ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти Русия расман муроҷиат намуда, мегӯяд, то нафаҳмам, ки ба ӯ чӣ шудааст, дилам орому қарор намегирад.

Шавҳари Турсуной Умедҷон Холматови 32-сола аз минтақаи Митишевои Маскав нопадид шудааст. Умедҷон дар кишвари рус ҳамроҳи падари муҳоҷираш кор мекардааст ва як субҳ бидуни он ки касеро огоҳ кунад, аз хона берун шуда, дигар бар нагаштааст.

 


Духтарҳо ин манзараро дида ба даҳшат афтиданд. Онҳо чӣ кор карданашонро намедонистанд, танҳо «Янгаи Нигина худашро ба кӯли об партофт»,- гӯён фиғон мекашиданд. 


Турсуной се фарзанд дошта аз сарсонию саргардонӣ ва кофтукоби бенатиҷа дар мулки бегона ҷонаш ба лаб расидааст. Ҷавонзан мегӯяд ҳадди ақал дар куҷо будани шавҳарашро фаҳмад, дилаш ором гирифта ба Ватан бар мегардад. «Маълум нест, ки Умедҷон зан гирифтааст, ба ягон кишвари дигар рафтааст ё дар зиндон аст. Зинда ё мурданашро фаҳмам, барои ман ҳаминаш кифоя аст» мегӯяд ҷавонзан.
Умед дорем, ки ҷустуҷӯҳои Турсуной билохира ӯро ба муроди дил мерасонанд ва падари фарзандонашро пайдо намуда, шоду хурсанд ба Ватан бар мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД