Arzon march 2024
Номус дорӣ, Тоҷиддин! Бачаҳоят марди ҳамсояро дадо мегӯянд
8747


Ман Гулчеҳра, аз шаҳри Истаравшан, модари ду фарзанд. Писарчаам чорсола буд, ки шавҳарам Тоҷиддин ба Русия мардикорӣ рафт. Рафту бо ҳамин бедарак шуд.

Баъдтар фаҳмидам, ки Тоҷиддин дар Русия хонуми таннози пулмастро ёфта, зану фарзанд ва падару модари пирашро аз ёд баровардааст. Шавҳарам зани дигар гирифта бошад ҳам, то ҳол ман дар хонаи хусуру хушдоманам зиндагӣ карда, пиру кампирро парасторӣ карда истодаам. Дар муддати панҷ сол шавҳари хонагурезам на ягон тин пул фиристодаасту на занг мезанад. Писарам бемор шуд. Бо қарзу қавола се маротиба писарчаамро ҷарроҳӣ карда, ҷонашро аз панҷаи марг наҷот додам. Падари хонабезораш ақаллан як маротиба занг зада напурсид, ки ҳоли писарам чи шуд, зинда аст ё мурда.

Вақти рафтани падараш бачаҳоям хурдакак буданду чеҳраи ӯро дар ёд надоранд. Ҳар гоҳ ягон марди роҳгузар ё ҳамсояи навро бубинанд, бо шавқ “дадаҷонам омад” гӯён, ба сӯяш медаванд. Бо дидани ин манзара дилам хун мешавад. Мехоҳам замин кафад, то ман ба қаъраш фурӯ рафта, дигар ҳоли зори кӯдакони падардори бе падарамро набинам.


Ман ду поямро дар як мӯза монда, дар охир розигии падарамро гирифтам. Он кас гуфтанд: «Майлаш, мебарам, аммо кӯшиш кун, ки аз пушти ту ягон ҳарфи зишт нашунавам. Сари маро хам накун»



Шунидам, ки сомонаи Оиларо дар Русия ҳам мехондаанд. Аз ҳамин хотир бо воситаи ин сомона ба шавҳари фарзандбезорам гуфтаниям:
-Тоҷиддин, мо барои ту мурда бошем ҳам, падару модарат зиндаанд-ку, чаро аз ҳоли онҳо хабар намегирӣ? Ба хотири ман не, ақаллан ба хотири пиру кампир ва бачаҳои чашмбароҳат як маротиба ба хона биё, то хуморашон шиканад! Ягон зарра нангу номуси мардӣ дорӣ ё не, охир бачаҳоят мардҳои ҳамсояро дода гуфта аз пасашон медаванд. Мурдани чунин падар беҳтар, ки ӯ зиндаву саломат бошаду кӯдаконаш мардҳои дигарро додо гӯянд!
Наход ишқи як зани алкаши рус туро он қадар кӯр кардааст, ки дигар одаму одамгарӣ ва нангу номуси мардиро аз ёд бурдаӣ. Ҳаёти маро-ку сӯхтӣ, ҳаёти фарзандонамро насӯзон!
Гулчеҳра, аз ш. Истаравашан

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД