Formula novemver 2024
Падарам арӯси 14-сола дорад
4465

 

Мактабро хатм намуда аз падарам хоҳиш кардам, ки маро ҳамроҳаш ба Русия барад. Аввал розӣ нашуд, вале зориву таваллоям билохира дилашро нарм намуданд. Ҳамин тавр мо ба шаҳри  омадем.

Падарам маро дар назди як усто шогирд монд, то корро омӯзам. Аҷибаш дар он буд, ки ман бо устодам дар иҷорахона зиндагӣ мекардаму падарам дар ким-куҷои дигар шабҳоро саҳар мекард.

Ҳисси кунҷковиам боло гирифту пурсупос карда, оқибат суроғаи хонаеро, ки падарам он ҷо зиндагӣ мекардааст, ёфтам ва як шомедарашро кӯфтам. Лазҳае пас садои маҳини як ҷавонзани рус баромад: “Вам кого? Что нужно?” Худамро ба даст гирифта гуфтам: “Откройте пожалуйста, я Салим, хочу увидет своего отца Рахима.” Зан лаҳзае сукут намуда пасон посух дод: “Подожди минутку, я сейчас!” Каме пас овози падарам баромад :” Салимҷон, ин туӣ?!” Қаҳрам омада бошад ҳам, ғазабамро фурӯ нишонда ҷавоб додам: “Бале, ман!” Падарам дарро накушода фармуд, ки ба ҷойи корам равам, вай аз пасам расида меояд, вале ду поямро ба як мӯза андохта, гуфтам: “Дада, магар ман дуздам, ки маро ба хонаатон роҳ намедиҳед?!” Падарам аз якравии ман асабӣ шуда, таҳдид намуд: “Ҳой бача, аз кай боз ту ба ман гап мегардондагӣ шудаӣ?! Ба корат рав гуфтам, рав!” Хиҷил шуда бо қошу қавоқи гирифта ба коргоҳамон баргаштам. Авзои беҷои маро дида, дӯстонам саволборон намуданд, ки чаро табъам хира аст. Буғзи диламро кафонда ҳодисаро нақл кардам. “Бачаи нодон, падарат як духтараки 14-соларо ба занӣ гирифтагӣ, барои ҳамин туро ба хонааш роҳ надодааст, ки ба модарат хабар накашӣ. Онҳо имрӯз ё фардо соҳиби фарзанд мешаванд”,- гуфт яке аз ҷӯраҳоям.

 


 

Ин навор идомаи моҷарои марги пурасрори келинчаки панҷакентӣ Наргис Юнусова буда, онро зиёда аз 130 ҳазор нафар тамошо кардаанд. 

https://oila.tj/news/modari-nargis-yak-dukhtaramro-kushtandu-duyumashro-bo-taye-zada-ari-khun-kardand

 


 

Ин гапро шунида хуш аз сарам парид. Боварам намеомад, ки падарам дар болои модарам зан гирифтааст, боз чунин зани ҷавон, балки тамоман кӯдак.

“Наход арӯси падарам аз ман 4 сол хурд бошад?!” пурсидам аз дӯстонам, вале онҳо бо як овоз гуфтанд, ки дар ҳақиқат моиндарам 14 сола аст.

Мехостам рафта аз гиребони падарам бигирам, вале дӯстонам зориву илтиҷо намуданд, ки ин гапро ба падарам нагӯям, зеро фаҳмад, ки онҳо сиррашро фош кардаанд, аз кор пеш мекунад. Ночор лаб фурӯ бастам.

Падарам як моҳ пас маро ба Тоҷикистон гусел кард. Ҳайрон мондаам, ки дар Русия зани 14-сола доштани падарамро ба модарам гӯям ё не. Модарам бисёр зани бадрашк аст, фаҳмад, ки шавҳараш арӯс дорад, дарҳол билет харида ба Русия меравад ва падарам бо зани русаш шарманда мекунад.

Дар байни обу оташ мондаам, чӣ кор карданамро намедонам, аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам, то ба ман маслиҳат диҳед.

Салимҷон, ш. Душанбе

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Майкл 2019-08-18, 09:31
Ту тавони хурмати падару модаро ба чо ор.саволу чавобашро худашон хал мекунанд
Посух
Хамватан 2019-08-18, 11:20
Бародар хубтараш ба модарат ин ходисаро нагуед. Бигузор падару модаратон ин масъаларо худашон пасон хал кунанд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Майкл 2019-08-18, 09:31
Ту тавони хурмати падару модаро ба чо ор.саволу чавобашро худашон хал мекунанд
Посух
Хамватан 2019-08-18, 11:20
Бародар хубтараш ба модарат ин ходисаро нагуед. Бигузор падару модаратон ин масъаларо худашон пасон хал кунанд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД