Sebiston new 2024 october
Пойлуч мактабро хатм кардам, дадаҷон!
4085

 Шабнам ном дорам ва дар синфи 9-ум мехонам. Падарам Қодиршоҳи Устосаид дар шаҳри Перми Русия кор мекунад.

Бе пул нест, вале шояд духтарҳои зебои русро дида, зану бачаҳояшро аз ёд бурдааст, ки моро суроғ намекунад. Се сол боз на занг мезанад ва на пул мефиристад. Бечора модарам ба хотири хӯрондану пӯшонидани мо дар бозор савдо мекунад, вале бо сабаби буҳрони иқтисодӣ савдояш рӯз то рӯз сусттар шуда истодааст. Шабҳо то саҳар гиря мекунад. Оби дидаи модарамро дида, мо талаб намекунем, ки бароямон ин бихару он бихар, вале бо либосҳои кӯҳна ба мактаб рафта, руҳан сахт азоб мекашем. Қариб ҳамаи ҳамсинфонамам аз оилаҳои бою бадавлат ҳастанд ва зиндагии серу пур доранд. Онҳо «чиркинак, пойлуч ва гадо» гӯён, маро масхара мекунанд. Базӯр оби чашмамро дошта то хона меояму ҳамин ки аз дарвоза даромадам, ашк рӯйи рухсораҳоям ҷӯя мекашад. Сағера мебудам, шояд чандон аламам намекард, вале падардори бе падар будан бисёр дарднок аст. Наход падарат зиндаву саломат бошаду як пойафзоли одиякак наёбӣ, ки пӯшида ба дарс равӣ?!

Шабнами ҳайрону зор

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД