Ман дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадам, вале айни замон ҳамроҳи ҳамсарам Гулдаста дар шаҳи Турсунзода зиндагӣ карда истодаам. Аниқтараш иҷоранишинам.
Модарам бемор шуда, тарки дунё кард ва бо ҳамин оромию файзу баракат моро тарк намуд. Падарам ақаллан то сари соли модарам тоқат накарда, баъди ду моҳ зани дигар гирифт. Моиндарам бисёр занаки шаттоҳи ҷангара баромад. Вай аз рӯзи аввал моро чашми дидан накарда, мудом дар чашми падарам бад мекард. Билохира бо шӯрандозиҳои зани ҷавонаш падарам аввал ман ва баъд ду додарамро бо зану фарзандонашон аз хона пеш кард. Бародарам бо зану фарзандонаш дар шаҳри Душанбе хонаеро иҷора гирифт, ман бо оилаам ба Турсунзода омадам, додари хурдиам бошад, сарашро гирифта ба Русия рафт. Аз байн як сол нагузашта, моиндарам писар таваллуд кард ва падарамро маҷбур намуд, ки хонаву дарро ба номи вай гузаронад. Ин овоза ба гӯши мо, фарзандони калонӣ расида бошад ҳам, чизе намегуфтем, то вақте ки падарам бемор шуд. Хабари бемории падарамро шунида, ба аёдаташ рафтем. Хеле ранҷур буд. Ранги коҳидааш аз он шаҳодат медод, ки ҳамсараш мӯйсафедро писанд намекунад ва падари беморам рӯзи дароз дар кунҷи хона гуруснаю ташна мехобад. Мо беш аз як соат нишаста бошем ҳам, моиндарам на ба пешамон баромад ва на дастурхон партофт. Падарам аз рафтори занаш сахт шарм дошта, хомӯшона оби дида мерехт. Гуфтам, ки шуморо ба хона мебарам, вале розӣ нашуд. Ҳангоми хайрухуш падарам аз мо бахшиш пурсида гуфт, ки хонаро ба номи писари навзоди моиндарам гузаронда, хатои бузурге кардааст ва акнун намедонад, ки чӣ хел хатои содир кардаашро ислоҳ намояд...
Хулласи калом, як моҳ боз як поям дар Турсунзодаю пойи дигарам дар ноҳияи Рӯдакӣ аст. Аз ҳамин роҳи дур як рӯз пас ба аёдати падари беморам меравам. Ба хотири эҳтироми падар ҳама кори аз дастам меомадаро карда истодаам, вале мӯйсафед ба ҷону ҳолам намонда истодааст, ки ягон илоҷашро ёб, ки ман хонаро аз нав ба номи ту ва додаронат гузаронам. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки шумо хонаро аллакай ба номи писари зани наватон гузарондаед ва дигар ягон илоҷ нест, аммо мӯйсафед якравӣ карда, ягон роҳаш будагист гуфта истодааст.
Хонандагони азиз, шумо ба мо чӣ маслиҳат медиҳед? Бо суду судбозӣ хонаро аз дасти моиндар кашида гирем ё паноҳашро ба Худо супорем?
Ғаффур, ш. Турсунзода