Arzon march 2024
Модари Наргис: Як духтарамро куштанду дуюмашро бо тайёқ зада, ғарқи хун карданд
7396


Марги пурасрори келинчаки шашмоҳаи панҷакентӣ Наргис Юнусова натанҳо сокинони деҳаи Артуч, балки тамоми ҷумҳуриро ба по хезонд.

Хешу ақрабои ин арӯсаки ормонӣ дар марги ӯ аҳли хонаводаи шавҳарашро гунаҳкор дониста, иддао намуданд, ки Наргисро хушдоман ва хоҳаршӯяш аввал кушта, сипас ба дор овехтанӣ шудаанд. Мухбирони сомонаи мо ба ҷойи ҳодиса сафар карда, бо шоҳидони ҳол ҳамсӯҳбат гаштанд. Маълум шуд, ки дар ҳақиқат дар бадани ҷавонзан аломатҳои марги маҷбурӣ, аз қабили изи кабуд дар баногӯш аз ҷониби чап, пайи зарбу лат дар шакли доғҳои сиёҳ дар банди дасту пойҳо мавҷуд буда, ҳамчунин ду дандон ва се қабурғаи Наргисро шикастаанд. Баландии оғилхонае, ки гӯё арӯсак худро дар он ҷо ба дор овехтааст, ҳамагӣ 1 метру 54 сантиметр буда, ин зани қомабаланд, ки дарозии қадаш 1 метру 70 сантимерт аст, наметавонист дар он ҷо худро ба дор овезад, аммо...

Тибқи овозаҳо мақомот марги Нагисро ҳамчун худкушӣ арзёбӣ намудаанд. Пас аз 40-рӯзи марги пурсару садои Наргис ба сари ин оила боз як фоҷиаи дигар омад. Дар рӯзи маросими чили Наргиси ҷавонмарг хешу табори хушдоманаш Гулбарг Оқилова ба сари апаи Наргис-Сайёра бо таёқ зада, ин ҷавонзани бегуноҳро маҷруҳ кардаанд. Пайвандони Наргиси ҷавонмарг Сайёраи ғарқи хунро дар ҳолати мадҳушӣ ба беморхонаи шаҳри Панҷакент бурда, роҳи пойтахтро пеш гирифтаанд, то ки бо воситаи сомонаи Оила-ТЧ арзу додашонро ба гӯши сарвари давлат ва мақомотҳои болоӣ бирасонанд.
-Чаро хешовандони Гулбарг Юнусова апаи Наргисро бераҳмона лату кӯб карданд?
-Айни замон аҳволи Сайёра чи гуна аст ва духтурҳо дар боби саломатии ӯ чӣ мегӯянд?
-Дар деҳаи Артуч душмании ду авлод то куҷо расидааст?
-“Ҳақ ба ҳақдор намерасад, ҳақ ба пулдор мерасад” гуфта, хешовандони Гулбарг Оқилова чиро дар назар доранд?
-Рост аст, ки ҷасади Наргиси ғуррамаргро дубора аз қабр бароварданд?
-Ташхиси такрории ҷасад чӣ натиҷа дод ва чаро ҷониби ҷабрдида аз он тамоман розӣ нестанд?
Ба ин саволҳо ҷавоб гирифтан хоҳед, сӯҳбати видеоии моро  бо модар, бародар, тағову амак ва янгаҳои Наргису Сайёра имрӯз дар сомона ОИЛА-ТЧ интизор бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Савринисои Имомали 2019-07-31, 21:20
Кунчи махбас баранд витаминам хаст эмонашам мустахкам мешад. Иншооллох ин рузхоро аз фарзандакош мебинад. Конун набошад Худо хаст ку.
Посух
Бахтак 2019-08-18, 18:25
Макомотхои дахлдори нохия ба айшу ишрат машгуланд ё аз хукуки шахрвандон хифз мекунанд. Магар проблема проблемаи ночиз хаст то ба марг бурдани инсон. Макомотхои хифзи хукуки нохия зери ин суол чи чавоб медода бошанд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Савринисои Имомали 2019-07-31, 21:20
Кунчи махбас баранд витаминам хаст эмонашам мустахкам мешад. Иншооллох ин рузхоро аз фарзандакош мебинад. Конун набошад Худо хаст ку.
Посух
Бахтак 2019-08-18, 18:25
Макомотхои дахлдори нохия ба айшу ишрат машгуланд ё аз хукуки шахрвандон хифз мекунанд. Магар проблема проблемаи ночиз хаст то ба марг бурдани инсон. Макомотхои хифзи хукуки нохия зери ин суол чи чавоб медода бошанд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД