Sebiston new 2024 october
Ошиқи писару арӯси падар
8776

 

Савригул зеботарин духтари деҳа ба шумор рафта бо қаду қомати сарвосо ва ҳусну малоҳати расояш аз дигар духтарони ҳамсолаш фарқ када меистод.

Табалгорони ин духтари амсоли фаришта зебо ҳанӯз аз овони мактабхониаш дар байни ҷавонони деҳа хеле зиёд буданд, вале назари духтар ягонтои онҳоро намегирифт. Ба ӯ ҷавонони камбағале, ки дар киса як пули пучак ҳам надоранд, ягон зарра писанд набуданд ва духтараки мағруру ҳавобаланд лабонашро бурма карда мегуфт:
-Ман касеро мегирам, ки сарватманд бошад. Фарқ надорад, ки чандсола аст, афту андомаш чӣ хел, муҳимаш пул дошта бошад, пул!

Ишқи бойбача

-Касе, ки Савригулро ба занӣ гирад, унвони беҳтарин ҷавонмарди деҳа насиби ҳамон мешавад,-ҳар гоҳи Савригулро дидан мегуфт, ҳамсоябачаашон Ғаюр, ки ҷавони қайсару хунсарде буд.
   Ғаюр боварӣ дошт, ки духтари паричеҳраю мағрури ҳамсоя маҳз насиби вай мегардад, зеро падари Савригул аз падари сарватманди ӯ қарздор буд ва чанд сол боз маблағи қарзашро баргардонда наметавонист.
-Дада, байни ҷавонони деҳа барои духтари Латиф ҷанги пинҳонӣ рафта истодааст. Ҳама талош доранд, ки Савригулро ба занӣ бигиранд,-рӯзе забон хоида, арзи матлаб намуд Ғаюр ба падараш.

-Ҳмм, яъне дар байни онҳо ту ҳам ҳастӣ, ҳамин тавр не?-мад кашида, пурсид падар.
-Бале, ман дар байни ҳама гуфтам, ки касе Савригулро ба занӣ гирад, номи беҳтарин ҷавонмарди деҳаро мегирад,-оҳиста пичиррос зад Ғаюр ва аз шарм сар ба зер афканд.
- Ва ту боварӣ дорӣ, ки номи беҳтарин ҷавонмарди деҳаро мегирӣ? Ха-ха –ха. Нағз-нағз. Аммо ман фаҳмида наметавонам, ки ин қадар калонгапӣ дар ту аз куҷо пайдо шудааст?! Ба ман такя карда, падарам пулдор гуфта, ҳар гапу кореро, ки дилат мехоҳад, мекунӣ-а?! Номаъқул кардӣ!!!
-Дадаҷон, охир падари ин духтар аз шумо қарздор-ку? Илтимос, ӯро ба ман гирифта диҳед,-ба зорӣ даромад Ғаюр.
-Ман дар миёнам мисли занҳо банд не, локӣ-миёнбанди мардона дорам. Барои туи тирмизак шуда, худамро дар пеши Латиф барин одам паст намезанам. Вай қарзашро як рӯз не, як рӯз бармегардонад. Ту ба корҳои ман худатро қуш накун, ки сахт хафаат мекунам!-ҳушдор дод, падар ба писар.
-Худатон гуфтед, ки маро барвақт оиладор мекунед. Савригул се сол пас мактабро тамом мекунаду...

-Дамата гир, аблаҳ! Савригул! Савригул! Ҳамаи ҷавонони деҳа ӯро гирум будаанду ту ҳам дар қатори ҳамин харгала-а?! Аз хотир набарор: зани зебо-зани мардум аст! Хоса агар харидораш зиёд бошад! Ман намехоҳам, ки ягона писарамро бо чунин зан хонадор кунам. Туро оиладор кардан хоҳам, дар як дам арӯс меёбам. Ҳама рафиқонам тайёранд, ки духтари онҳоро келин кунам. Латифи почаканда кирои қудогӣ намекунад…
Падари Ғаюр дурудароз ба писараш моҳияти бо ягон ҷӯраи бою бадавлаташ қудо шуданро фаҳмонда, таъкид кард, ки дар сурати духтари ягон сарватмандро ба занӣ гирифтани Ғаюр метавонанд боигариашонро дучандон намоянду зиндагияшон боз ҳам осудатар гардад, вале гапҳои падараш ба гӯши ин ҷавони ба васвасаи ишқ гирифтор намедаромаданд. Аниқтараш Ғаюр дар сар ду савдо мепарварид-ишқи Савригул ва соҳиб шудан ба унвони беҳтарин ҷавонмарди деҳа ва мехост бо кадом роҳе, ки набошад, озруҳояшро амалӣ созад.

-Маро кушед ҳам, ба ғайр аз Савригул ягон касро ба занӣ намегирам,-ғурунгид ҷавон ва бо шаст дарро пӯшида баромада рафт…

Ҳамболи муҳаббат

Баъди ин муколама бо падар, Ғаюр тасмим гирифт, ки бо кадом роҳе набошад, дили Савригулро ба даст оварда, ӯро ба занӣ мегирад. Оташи ишқ Ғаюри айёшу авбошро ба ҷавонмарди ботамкину боодоб табдил дод. Савригул мактубҳои саршори меҳру муҳаббати Ғаюрро хонда, курта-курта гӯшт мегирифт, ки бойбача ба ӯ дил бастааст. Духтарак ба номаҳои саршори меҳри ҷавон ҷавоб надиҳад ҳам, ҳар дафъаи аз дасти писарчаи ҳамсоя гирифтани мактаби ошиқонаи Ғаюр онро ба синааш зер карда, бо чашмони моломоли ҳавас ба осмон менигарист, аммо…

Марги модар ва шикасти орзуҳо

Ҳама кор табъи дили Ғаюр ҷараён дошт, аммо якбора бемор шудани модараш орзуҳои ин ҷавони ошиқро ба хоки сияҳ яксон намуд. Ғаюр ҳеҷ гумон надошт, ки модари меҳрубону бо дасту панҷааш, ки аз ҷон бештар дӯсташ медошт, ҳамагӣ як рӯзак бемор шуда, онҳоро абадан тарк мегӯяд. Вақте ки ҷисми беҷони модарашро аз беморхона ба хонаашон оварданд, Ғаюр гумон кард, ки осмон якбора ба сараш фурӯ рехта, ӯро дар зери бори гаронаш маҷақ-маҷақ кард ва қоматаш шикаст.  Беморӣ ва марги нобаҳангоми модар савдои ишқи Савригулро то андозае аз сари ҷавон дур андохт. Ба ду хоҳараки ҳанӯз аз оғӯши модар сер нашудааш менигаристу дарун ба дарун сӯхта хокистар мешуд. Марги модари меҳрубонаш ин ҷавони ошиқро бармаҳал гӯё пир кард. Зиндагӣ дар чашмонаш дигар тобишу маъниашро гум карда ба дилаш чизе намеғунҷид. Ягона чизе, ки ӯро машғул медошт, акнун андешаи тақдири хоҳараконаш буд. Вай рӯзи дароз бо онҳо машғул шуда, кӯшиш мекард, ки хоҳаронаш бе модар буданашонро чандон эҳсос накунанд. Дар сараш ба ҷуз андешаи хоҳаронаш дигар ягон фикру хаёл набуд, аммо…

Хабари тақдирсӯз

-Ғаюр, падарат зӯр –ку! Ҳамин қадар бевазанҳову духтарҳои калонсол мондагӣ, ба Савригул хостгор шудааст. Акнун унвони ҷавонмарди беҳтарини деҳа насиби вай мешавад,-бо писханд хабар дод ҷӯрааш.

Ғаюр ба гӯшҳои худаш бовар намекард. Наход падараш дидаю дониста ба Савригул хостгор шуда бошад-а? Вай ба падараш ҳамаашро гуфта буд-ку! Падараш хуб медонад, ки вай Савригулро дӯст медорад, чӣ тавр дилаш мешавад, ки духтари дӯстдоштаи писарашро ба занӣ гирифта, арӯс карда ба хона биёрад?!

Аз сари ҷавон гӯё як сатил оби хунук рехта бошанд, лолу карахт шуда чӣ гуфтану чӣ кор карданашро намедонист…

Ҳақиқати талх

Савригул ду мактуби охирини Ғаюрро қабул накарда ба писараки ҳамсоя гуфта буд, ки хатбозиашро бас кунад, вале ҷавон ҳанӯз бовар надошт, ки бо падараш издивоҷ кардани дӯстдоштааш рост аст. Барои фаҳмидани ҳақиқат як шом вай ошкоро аз падараш пурсид:

-Дада, шунидам, ки духтари Латифро гирум шудаед, ин гап рост аст?

-Хотири арвоҳи модарат як сол сабр кардам. Акнун вақти он расид, ки ба хона зан биёрам. Зан ободии хонадон аст, ғайр аз ин, хоҳаронат –Гулчеҳраву Парисо низ ба модар ниёз доранд…

-Шарт аст, ки Савригулро ба занӣ гиред? –бо гардани каҷ пичиррос зад Ғаюр, гапи падарашро бурида…
-Ҳмм. Ана гап дар куҷо! Ту то ҳол аз паси ҳавову ҳаваси кӯдаконаат ҳастӣ ва мехоҳӣ унвони беҳтарин ҷавонмарди деҳаро гирӣ-а?
-Дада, гап дар сари ин нест...
-Пас, гап дар сари чӣ аст?! Барои Савригул ман барин шавҳар лозим, то ҷилавашро нағзакак ба даст гираду чашми дигаронро ҳам тӯронад, ки ба вай каҷ нанигаранд. Ту барин фисин ин хел занро идора карда наметавонад…

-Дада, ман ӯро дӯст медорам, мефаҳмед?!-Гиряомез гуфт Ғаюр ва аз дар берун шуд.

Ӯ боварӣ дошт, ки рӯирост, ошкоро сухан карданаш падарашро водор месозад, ки аз ба занӣ гирифтани Савригул даст кашад, вале...

-Ғаюр, ман бо падари Савригул дар мавриди духтарашро ба занӣ гирифтанам гапзанон кардагӣ. Духтар ҳам розӣ аст. Ту беҳуда худатро бо ин гапҳои бемаънӣ гаранг карда нагард, писарам, ҳамин ки ман ҳамсарамро ба хона овардам, зуд аз паси обод кардани ту мешавам. Зан, ки гирифтӣ, ишқи кӯдаконаатро фаромӯш мекунӣ…

Падар дурудароз сухан кард, лекин дигар ба гӯши Ғаюр ягон гап намедаромад….

Дидори вопасин

“Духтар ҳам розӣ аст”-гуфтани падараш ҳамоно дар гӯшҳои Ғаюр садо медод, вале бовараш намеомад, ки Савригул барои издивоҷ бо падари вай розӣ бошад. Барои фаҳмидани асли гап ӯ як шом сари роҳи духтарро гирифт, вале Савригул «ман ба шумо гапи мегуфтагӣ надорам» гӯён, аз суҳбат саркашӣ намуд.

-Маълум, ки барои зани падарам шудан розигӣ доданат рост будааст,-бо ситеза гуфт ҷавон.

-Ҳарчӣ, ки падарам гӯяд, ҳамонро мегӯям. Падар розӣ-Худо розӣ...

Аз ин ҷавоби духтар Ғаюр ханда кард. Хандаи талху дарднок…

Тӯйи падару мотами писар

Ҳамон шоме, ки падараш Савригулро ба никоҳи худ дароварда, бо тӯю тамошо арӯс карда ба хона овард, Ғаюр ду хоҳаракашро ба оғӯш кашида бӯсиду таъкид намуд, ки аз аҳволи якдигар бохабар бошанд ва ноаён ба оғилхона даромада худро ба дор овехт.

Ҷисми беҷони ин ҷавони ормонӣ се рӯз дар оғилхона овезон монд, зеро падараш сармасти висоли зани ҷавон ҳатто пай набурда буд, ки Ғаюр се рӯз боз дар ягон ҷо наменамояд. Рӯзи чорум ҳамсояҳо бӯйи бадро эҳсос намуда ба хонаи онҳо омаданд ва ҷисми беҷони Ғаюри нокомро аз ҳалқаи дор раҳо карда, ба хок супориданд. Падар акнун дар сӯги писар менолиду менолид, вале аллакай кор аз кор гузашта буду дигар ангушти пушаймонӣ газидан суде надошт…

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шахноза 2019-07-03, 19:36
Ин гапо роcт е дуруг
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шахноза 2019-07-03, 19:36
Ин гапо роcт е дуруг
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД