arzon replenishment
Кӯдакони тоҷик дар мактабҳои Русия
2788

Оё таҳсил бо забони бегона барои онҳо душвор нест?
Дар шаҳри Петербург 12 ҳазор толибилм таҳсил мекунанд, ки забони русӣ барояшон забони модарӣ нест. Баъзе талабаҳои синфи 1 комилан забони русиро намедонанд.

Инак, гузориши «Фонтанка» аз линейкаи мактабӣ дар яке аз мактабҳои пойтахти дуюми Русия, ки бештари фарзандони муҳоҷирон он ҷо таҳсил мекунанд, пешниҳоди шумо мегардад.
То саршавии линейка 15 дақиқа вақт мондааст. Ҳамин дам аз дарвоза селаи духтаракони дар сар лентаи сафеддошта ва писарчаҳои шиму костюмпӯш бо гулдастаҳои тару тоза вориди мактаб мегарданд. Омӯзгорон толибилмонро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд, миёни онҳо кӯдакони рус, тоҷик, қирғиз, озарӣ ҳастанд.
Мактаби рақами 110 дар кӯчаи Сиреневий булвар шумораи зиёди фарзандони муҳоҷирро таълиму тарбия медиҳад. Соати дарсӣ наздик мешавад. Кӯдаконро аз волидон ҳамагӣ як лентаи сурху сафед ҷудо мекунад. Ҳама ба саҳна чашм медӯзанд. Аз минбари мактаб мавҷи табрикоту шеъргӯӣ ба фалак дакка мехӯрад.
Чанде ақибтар волидон хомӯшона суҳбат мекунанд. Духтари Сергей дар мактаби мазкур таҳсил мекунад.
– Муҳоҷирон беҳад зиёд шудаанд, ин хеле бад аст, – хулоса мебарорад Сергей. –Дар як синф 2-3 кӯдаки муҳоҷир таҳсил кунад, боке нест. Ба чунин шумораи кӯдакон кӯмак расонидану забон омӯхтан осонтар аст. Вале вақте аз ним бештари толибилмони синф ғайрирус ҳастанд, эҳтимол кӯдакони рус забони онҳоро зудтар аз бар мекунанд.
Барои исботи гуфтаҳояш Сергей рӯйихати толибилмонро дар смартфон нишон медиҳад. Дар рӯихат баъди номи Никита ва Яна номҳои Рамазон, Шоҳрух ва Адиба навишта шудааст. Дар синф ҳамагӣ 29 толибилм аст, 12 нафарашон фарзандони муҳоҷиронанд.
– Фарзандони мо вақте ба мактаб меоянд, ҳисобу китоб, навиштану хонда метавонанд, муҳоҷирон бошанд ҳатто забонро намедонанд. Дар натиҷа тамоми синф қафо мемонад. Бояд барои кӯдакони муҳоҷир мактаби алоҳида созмон дода шаванд.
Зани дигаре бошад баръакс мегӯяд, ки фарзандони муҳоҷирон тарбияи беҳтар доранд.
Линейка ба охир мерасаду толибилмон ба синф медароянд.
– Синфи мо ин оилаи кӯчак аст. Мо бояд якдигарро эҳтиром ва дастгирӣ намоем, – чунинанд суханони аввалини омӯзгор.Ин ҳамон синфи «1Б» аст, ки аз 29 нафар толибилм 12 нафараш муҳоҷир ҳастанд. Алҳол ақли ин кӯдакон ба “худиву” “бегона” намерасад. Онҳо саргарми бозиҳои кӯдаконаи худ ҳастанд.
Толибилмон ба синфи як бояд аллакай бо дониши забони русӣ биёянд, вале барои омӯзиши кӯдакон курсҳои давлатии омӯзишӣ вуҷуд надоранд. Дар боғчаҳои бачагона 2-3 сол пешакӣ навбат мегиранд, барои репетитор бошад, на ҳама маблағ доранд. Чунин ҳам мешавад, ки барои оилаҳои камбизоат омӯзгорон худашон китоб мехаранд.
«Ҳолатҳое мешавад, ки бо сабаби забони русиро надонистани кӯдакон, хонандаи синфи 6-ро ба синфи 1 тавсия медиҳанд», – мегӯяд Екатерина Алимова, роҳбари идораи волонтерон «Дети Петербурга». Дар чунин ҳолатҳо муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки кӯдаконашонро дубора ба Ватан фиристанд.
– Мо 3 сол қабл ба Петербург кучидем. Писарам Муҳаммад ба ҷои он ки ба синфи 5 равад, ба синфи 4 рафт, – мегӯяд тоҷикзан Зарина. – Дар Тоҷикистон Муҳаммад дар гимназияи русӣ таҳсил мекард, вале соли аввали дар мактаби Русия таҳсил карданаш аз фанни математика ва навиштани диктант душворӣ мекашид. Барномаи таълимии ин кишвар душвортар аст.
Забони русиро ба фарзандони муҳоҷирон волонтерон ва ҳатто ошпазу фаррошони мактаб меомӯзанд.
–Хеле хуб мебуд, ки барои толибилмон курсҳои забони русӣ ташкил карда шавад. Мо ба ин курсҳо ниёз дорем, – мегӯяд роҳбари синф Елена Андрющенко. – Зеро кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, аз барномаи мактабӣ ақиб мемонанд. Баъди машғулиятҳо мавзӯҳои асосиро такрор мекунем, вале ду соли аввал хеле душвор аст.
Антонина Асанова, "Фонтанка.ру"

Маълумот:
Дар шаҳри Петербург курсҳои омӯзиши бепули забони русӣ таъсис дода шудаанд. Курсҳои мазкур дар чор ноҳия: Пушкинский, Фрунзенский, Красногвардейский ва Невский амал мекунанд. Онлайн-курсҳо низ вуҷуд доранд.
Кӯдакони муҳоҷирро ташкилотҳои хайриявии «Дети Петербурга» ва «Красный крест» забон меомӯзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД