Писарчаи 11-солаи тоҷик Абдулло Ҳошимовро бо пойҳои бурида мақомоти амнияти Тоҷикистон ҳамроҳи хоҳаронаш Раҳима ва Ҷамила аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварданд. Ин тифлакон тӯли 9-сол боз дар кишварҳои ҷангзадаи Афғонистон ва Покистон овораю сарсон буданд.
Падару модараш ба ҷойи ба фарзандони худ хондану навиштанро ёд додану онҳоро дар руҳияи меҳру муҳаббат ва одаму одамгарӣ тарбия кардан бо гуруҳҳои ифротӣ пайваста, ҳанӯз дар синни 2, 5 солагӣ Абдуллои хурдакакро бо худ ба Афғонистон, ки зиёде аз 40 сол боз дар он сарзамин оташи ҷанг аланга мезанад, бурданд.
Ба қавли ин кӯдаки 11-сола падараш дар Афғонистону Покистон граната ва дигар яроқҳои худсохт тайёр карда, маводҳои тарканда месохт ва шогирдони зиёде низ дошт. Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳарчи коридӣ, оқибат ҳамонро медаравӣ, падару модари Абдулло боиси марги ҳазорон-ҳазор одамони бегуноҳ гашта, билохира худ низ дар ҷанги Афғонитон ҷонашонро аз даст доданд. Он рӯзҳои мудҳишро ба ёд оварда, Абдулло чунин қисса мекунад:
-Аз Вазиристони Покистон ба вилояти Кунари Афғонистон ва аз Кунар ба Нака рафтем. Падарам Наҷмиддинхон дар ин шаҳрҳо шогирдони зиёд дошт, ки дар ҷои махсус онҳоро дарси ҷангӣ (тирпарронӣ, кор бо яроқу аслиҳа) меомӯзонд. Ҳар гоҳ ба пеши падарам равам, медидам, ки чӣ хел аз порух намудҳои зиёди маводи тарканда месохтанд. Имрӯз ба ин ҳунари падарам лаънат мехонам, ки маро аз ду пои равон, аз модар, аз таҳсил ва аз худи ӯ маҳрум намуд.
Вақте ки сабаби буридани пойҳояшро аз Абдуллои хурдакак пурсон шудем, дар чашмонаш донаҳои ашк ҳалқа заданд ва оҳи сард кашида, чунин гуфт:
-Вақте ки тирпарронӣ сар шуд, падару модарам маро дар рӯи барф монда гурехтанд. Як вақт ҳис кардам, ки пойҳоям тамоман беҷону беҳол шуданд, дигар аз ҷоям ҷунбида наметавонистам. Дар ҳамон рӯи барф афтида аз ҳуш рафтаам...
(Саргузашти талхи Абдуллоро ба пуррагӣ дар ҳафтаномаи Тоҷикистон мутолиа намоед.)