Formula novemver 2024
Моиндар рӯзамро сиёҳ кард
4809

 

Ин қиссаро дугонаам Анора ба ман нақл кард. Ҳарчи рӯи коғаз овардам, саргузашти талхи ҳамин духтараки бемодар аст, ман танҳо номи баъзе қаҳрамонҳоро иваз кардаму халос, боқӣ ҳама ҳақиқат аст.

Мо дар яке аз деҳаҳои зебоманзари Кӯлоб зиндагӣ мекардем. Падарам Холмаҳмад ном дошт, вале мардум ӯро Хол мегуфтанд. Падарам дар бари рӯяш холи сиёҳи калоне дошт ва марди қоматбаланди андаке лоғар буд. Чашмони танг ва гӯшҳои калон дошта бошад ҳам, меҳрубониаш ӯро ба назар зебо ҷилва медод. Модарам мӯйҳои то зону хамидаи сип- сиёҳ ва абрӯи камоншаклу рӯи барфсон сафед дошт. Зани бениҳоят зебо буд. Падарам ба мӯйҳои дарозу чашмони хумории оҳумонандаш ошиқ шуда модарамро ба занӣ гирифта будааст. Ҳар дафъае, ки аз назди дарёча мегузаштем, падарам ба мо ҷойи шиносоиашонро нишон дода мегуфт: «Ширмоҳии бахтамро ман аз ҳамин соҳил ёфта будам». Дар деҳоташон онҳоро Лайлӣ ва Маҷнуни кӯлобӣ мегуфтаанд. Як умр ошиқи ҳамдигар буданд падару модарам, вале…
Ба ҷоми бахти падару модарам як кас заҳр рехт. Ин дӯсти падарам Боқӣ буд. Падарам аз Боқӣ 10000 доллар қарздор будааст, барои ҳамин пул вай ҳаёти моро талх намуд. Рӯзе аз хоб дертар бедор шудам, ки дар ҳавлӣ садои доду вой ва ҷанҷолу хархаша баланд аст. Боқӣ ва падарам ба сари ҳамдигар дод мезаданд. Боқӣ ду зан дошт, вале бо ин қаноат накарда, аммаам Суманро бар ивази қарзаш аз падарам талаб мекард. Мехост ба ҷои 10000$ Суманро зани сеюм карда гирад, вале падарам Боқиро дашном дод. Он худобехабар модари фаришта барин поки маро туҳмат кард, ки гӯё аз падарам фарзанд намешаваду занаш аз каси дигар ҳомиладор шуда зоидааст. Падарам ба ғазаб омада Боқиро зери мушту лагад гирифта, чунон сахт зад, ки аз даҳону биниаш хун фаввора зада шорид. «Хоната оташ мезанам, касофат! Зиндагита ба дӯзах табдил дода, беваю сағераҳота бесоҳиб накунам, аз пушти падарам набошам!»,- аррос зада таҳдид мекард Боқии ба хоку хун оғӯшта. Ҳамсояҳо базӯр онҳоро аз ҳамдигар ҷудо карданд. Аз ин воқеаи нохуш тақрибан як моҳ гузашт. Рӯзе сарҷамъ хӯроки шомро мехӯрдем, ки телефон занг зад. Падарам гӯшакро бардошта бо қошу қавоқи овезон бо касе суҳбат кард.
-Мардак, кӣ занг зад?-Хавотир шуда пурсид модарам.
-Боқӣ.
-Вай гурсӯхта чӣ мехоста аст? Боз қарзро биёр мегӯяд ё Суманро?
-Не, узр пурсид.
-Не-е, наход?!
-Маро ба меҳмонӣ даъват кард. Рафта куртаи кабудамро дарзмол кун, ҳозир ба хонааш меравам. Оши оштӣ мехӯрем,-падарам табассум кард. Дили модарам ором гирифта аз паи дарзмол кардани курта шуд. Падарам аз меҳмонӣ як поси шаб гашт. Модарам костюми падарамро ба ҷояш овехтанд ва нафаси осуда кашида ба бистар даромаданд, вале саҳар офтоб нав нурпоширо сар карда буд, ки садои тақ-тақи дарвоза баланд шуд. Дарро чунон сахт-сахт мекӯфтанд, ки гумон кардем ҳозир дарвозаро мешикананд. Модарам зуд ба ҳавлӣ баромада дарро кушоду дар ҷояш шах шуда монд. Дар рӯ ба рӯяш кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва Боқӣ меистоданд. Модарам онҳоро дида пурсиданд:
-Шумо раҳгум задед магар?
-Не, апа, шавҳаратон Раҳимов Холмаҳмад Сафаровичанд?
-Ҳа, он кас шавҳарам. Ҳозир ҷеғ мезанам.
-Не, мо худамон ба наздашон меравем.
-Майлаш.
-Хонаро кофтукоб кунед,-Баробари аз даромадан амр кард яке аз меҳмонҳои нохонда.
Дар як лаҳза хонаи моро ба харобазор табдил дода аз кисаи костюми падарам як ҳамён ва як соати нуқрагин дарёфт карданд. Падарамро бо ҳоли зор ва бо дастони баста аз хона бароварда ба назди муфаттиш бурданду вай бо дӯғу пӯписа пурсишро сар кард:
-Ному насаби шумо?
-Раҳимов Холмаҳмад Сафарович.
-Соли таваллуд ва зодгоҳатон?
-Соли 1970 дар деҳаи Зиракиёни шаҳри Кӯлоб ба дунё омадаам, ҷойи истиқоматам низ ҳамин ҷо.
-Оиладоред?
-Ҳа, соҳиби ду фарзанд, як духтару як писар.
-Шумо Қаюмов Боқӣ Боқиевичро мешиносед?
-Албатта мешиносам. Боқӣ дӯсти ман аст ва ман аз вай 10000$ қарздорам.
-Шумо дирӯз ба хонаи Боқӣ рафта будед?
-Бале, рафтам будам, худаш маро даъват кард.
-Яъне, шумо аз соати 10- субҳ то 7-и бегоҳ дар хонаи Қаюмов будед?
-Бале.
-Аз костюми шумо ҳамёне, ки 300$ дошт ва соати нуқрагин ёфт шуд. Шумо онро дуздидед? Чаро?
-Алҳол ман мушкилӣ дорам, вале барои ин даст ба дуздӣ намезанам.
-Пас, ин чизҳо дар кисаи шумо аз куҷо пайдо шуд? Ҳамёну соати гаронбаҳо пой бароварда ба костюматон даромаданд?
-Намедонам, костюмамро ман дар роҳрави хонааш овехта будам.
-Фаҳмо, Раҳимовро баред!
Падарам танҳо дар маҳбас дарк намуд, ки узрхоҳии дӯсташ ҳилаю найранг будааст ва Боқӣ ӯро «поставит» кардааст.
Дар ҳақиқат Боқӣ корашро карда, ҳаёти падарамро ба дӯзах табдил дод ва зану фарзандонашро бе луқмаи нон гузошт.
Модарам доду фиғон мекард ва фарёдаш ба фалак мепечид, вале бегуноҳии шавҳарашро исбот карда наметавонист. Аз гиря кардан чашмони модарам суп-сурху худаш афгор шуда буд, вале ҳар ҳафта як бор ба хабаргирии падарам мерафт. Зиндагиамон рӯз то рӯз мушкилтар мешуд. Бечора модарам ҳомиладор бошад ҳам, дар мактаб фаррош шуд, то ки мо, бачаҳояш аз гуруснагӣ намурем. Мактаб ба хонаамон наздик буд, модарам вақт ёфта ба хона меомаду хӯрок пухта мемонд ва боз ба кор мерафт. Ман он замон акнун ба синфи 1 мерафтаму бародарам дар синфи 3-юм мехонд. Маоше, ки модарам мегирифт, базӯр барои орду шакар ва равғани килоякӣ мерасид. Мо на хӯроки сериро медидему на либоси дуруст доштем. Ниҳоят вақти таваллуд карданаш фаро расид. Модарамро ба таваллудхона бурданд. Ҳама интизори меҳмони нав будем. Гумон доштем, ки қадами ин тифл нек мешаваду падарам аз маҳбас озод гашта, дубора хушбахт мешавем, вале хаёламон хом баромад. Ҳомиладор шудани модарам мутлақо манъ будааст, бечора писарчаи зебоеро ба дунё оварда сари фарзанд афт. Марги модар моро комилан бесоҳиб гардонд. Дили аммаам ба ҳоли зори мо, ятимакон сӯхту моро ба хонаи худаш бурд. Ман зуд-зуд гиря карда мегуфтам:
-Модарам канӣ? Модарам канӣ? Кай меояд? Аввалҳо аммаам маро тасаллӣ медод, баъд ошкоро гуфт:
-Модарат дигар намеояд!
Се моҳ баъд падарам аз маҳбас озод шуд. Фасли дай ҳукмфармо буд. Замин ҷомаи сафед пӯшида, яхҳои бом ҳангоми офтоб баромадан об шуда, чак-чак ба замин мечакиданд. Либосамон тунук буд, вале падарам барои либоси нав харидан маблағи кофӣ надошт. Аз дар ки баромадам, аз хунукӣ дарақ-дарақ меларзидам. Акаам сарамро сила карда мепурсид:
-Чӣ шуд ба ту Анора?
-Хулӯк хулдам, хулук хулдам.
-Биё, ба хона меравем!
-Рафтем ака, хона мелавем.
Бо ҳамин минвол рӯзҳо гузаштанду баҳор омад ва ҳама ҷо пур аз гул шуд. Ҳавои соф ба кас руҳи тозаву болида мебахшид. Дар таътил ба шаҳри Душанбе ба хонаи холаам меҳмонӣ омадем.
Холаам Зубайда зани меҳрубон, чеҳрахандону меҳмоннавоз буд, шавҳараш ҳам аз худаш камӣ надошт.
Ба падарам шаҳр писанд омад Тамошои парк, хонаи бозии кӯдакон (лимпопо), боғи ҳайвонот ва яхмосхӯрӣ ба мо ҳам маъқул шуд. Пас аз марги модарам бори аввал дар лабони мо табассумро дида, падарам қарор дод, ки хонаашро фурӯхта ба шаҳр мекӯчад. Ҳамин тавр мо шаҳрӣ шуда мондем. 


Солҳо турнасон гузаштанд. Акнун ман дар синфи 8-ум мехондаму бародарам дар синфи 10-ум, додаракам Мубориз дар гимназия дар синфи 3-юм мехонд. Падарам Хол ҳамроҳи шавҳари холаам дар бозори «Корвон» тоҷир шуда, зиндагиамон акнун рӯ ба беҳбудӣ оварда буд. Дар ҳамсоягии мо Марҷона ном бевазане зиндагӣ мекард. Ҳама ӯро «Марҷонаи қош» мегуфтанд, чунки қошони мисли сӯзан борики дароз дошт ва абрӯвонашро ҳангоми ҷанг карданаш болою поён мекард. Марҷона ҳар рӯз ба хонаи мо хӯрок оварда мегуфт:

-Шумоён модар надоред, маро мисли модаратон донед! Дар бадали шаш моҳ ин бевазани маккора дили падарамро ба даст оварда, ҳамчун модар ба хонаи мо кӯчид. Пештар худашро зани меҳрубон нишон медод, вале баъди моиндарамон шудан, фаҳмидем, ки Марҷона мори заҳрдори одамсурат будааст. Рӯзе набуд, ки ман аз моиндарам дашном нашунида бошам. Додарам Муборизро мезад. Бо тасма аъзои баданашро сиёҳу кабуд мекард. Мо аз тарс ба падарамон лаб намекушодем.

-Писарам Муборизҷон, чаро дастат кабуд шудааст?-мепурсид падарам.

-Ғалтидам ота.

-Эҳтиёт шав бачаҷон! Ҳеҷ кас туро озор намедиҳад, шери дадаш?

-Не, ота.

-Ин тавр бошад, маҳ ин 20 сомониро гирифта рафта ба ҳамаамон яхмос (морожни) биёр!

-Ҳозир меёрум отаҷон.

Рӯзе падарам аз кор барвақт баргашта Муборизро зери лағади Марҷона диданд ва ҳуш аз сарашон парид.

-Марҷона, ин чӣ гап?-Пурсид падарам.

-Ай дадаш, шумо аз куҷо пайдо шудед?

-Аз ҳаво! Ин гапҳоро мону гӯй, ки чаро Муборизро мезанӣ?

-Ин сакалту аз хона пул дуздидааст. Барои ҳамин ӯро тарбия карда истодам,-туҳмат кард Марҷона.

-Мон равад, фарзандони ман ҳеҷ гоҳ даст ба дуздӣ намезананд. Хубтараш аз духтаронат пурс.

-Набошад, пулҳои ман канӣ? Шумо гумон мебаред ки ман ё духтаронам дуздем?- Пас наомад моиндари маккораам ва бори аввал падарамро таъна зад.

-Аз дузд дузд мерӯяд! Беҳуда «Падар чӣ гуна писар намуна» нагуфтаанд.

Падарам ба сари Марҷона даст бардошт, вале ҳамин дам духтараш аз дар даромада гуфт:

-Модарҷон, саҳар ман аз ҳамёнатон 10-сомонӣ гирифтам!

-Ана дидӣ, духтари худат дузд будааст! Фарзандони ман дузд набуданд ва нахоҳанд шуд. Маро бошад, дӯсти ҷониам туҳмат карда буд.

Моҳи май бародари моиндарам аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашт. Ман дарро боз карда дар рӯ ба рӯям ҷавони қоматбаландеро дидам. Ӯ аз ман чашм намеканд.

-Ассалом, ба шумо кӣ лозим?

-Ман Саид, додари Марҷона.

-Ҳа, хуш омадед, марҳамат, дароед!

-Апаам канӣ? Ҷиянҳоям куҷоянд.

-Модарам ба хонаи дугонааш рафтанд, ҷиянҳоятон дар донишгоҳ, дигарон дар мактаб.

-Шумо чаро ба мактаб нарафтед? Дар синфи чандум мехонед?

-Ман каме беморам, синфи 11-ум мехонам.

-Духтари балоғат расидаро танҳо мондан хуб нест!

Саидро ба меҳмонхона дароварда хостам дар наздаш дастурхон ороям. Ба табақ манту мебардоштам, ки касе чанг зада маро аз миёнам маҳкам ба оғӯш кашид. Ба шаст ба қафо тоб хӯрдам. Аблаҳи маро ба оғӯш кашида додари моиндарам буд. Тела зада ӯро аз худ дур кардаму дод задам:

-Шумо бешарму беҳаё, чӣ кор карда истодаед?

-Ту ба ман маъқулӣ, маро маст кардӣ. Апаам биёяд, туро ба ман хоҳ-нохоҳ медиҳад.

-Ман розӣ нестам, падарам ҳам ба ин кор иҷозат намедиҳад!

-Падарат овораи кору бору зиндагӣ, аз куҷо медонад, ки дар хона чӣ ҳодисаҳо мешаванд?

-Ман ба падарам мегӯям.

-Агар гӯйӣ, Муборизро аз даст медиҳӣ, фаҳмидӣ?!-Таҳдид кард Саид.

Ман хомӯш будам. Ашк аз чашмонам мешорид, вале ҷуръати лаб кушодан надоштам.

Субҳ ҳангоми субҳона хӯрдан Саид аз ман чашм намеканд. Аз нигоҳҳояшон фаҳмидам, ки Саид ба Марҷона ҳамаашро нақл кардааст.

-Саидҷон, ин қадар хушҳолӣ, гӯё ки алмос дида бошӣ?- Писханд зад моиндарам.

-Эҳ апаҷон, аз алмос ҳам қимматтарашро ёфтам.

-Парво накун, алмоси орзу кардаатро ба ту гирифта медиҳам.

-Медонам апа, хоҳад-нахоҳад вай азони ман мешавад…

Падарам баромада рафт. Иштиҳоям гум шуда, ман ҳам аз сари миз бархостам, вале Саид аз дастам маҳкам дошта гуфт:

-Дар ҷоят шин!

-Ман гурусна нестам.

-Ман нагуфтам, ки гуруснаӣ.

-Биншин, то ман аз дидорат сер шавам.

-Сар деҳ маро!

-Не, ҷонам. Сар намедиҳам.

-Шери апа, яктаӣ-да!

-Ҳа, апаҷон, яктаам. Ҳамаи духтарҳо аз қафоям медаванд, ин хушрӯяк бошад, нозу нуз мекунад. Ҳаё ҳамин будааст-да!

Моиндарам бегоҳ бо падарам гуфтугӯ кард, аммо падарам розӣ нашуда гуфтанд:

-Духтари ман ҳоло ба 18 нарасидааст. Ӯ ҷавон аст.

-Духтарамон аллакай ҳама чизро медонад, ақлаш ба ҳама кор мерасад,-хирагӣ мекард Марҷона.

-Ман розӣ нестам. Гапро дароз накун,-бонг зад падарам.

-Саидҷон зиқ нашав,-додарашро тасаллӣ дод рӯзи дигар Марҷона баъди рафтани падарам.

-Чаро зиқ шавам? Ман роҳи дигар низ дорам.

-Чӣ роҳ, охир вай пирхар розӣ нашуд-ку?!

-Ҳеҷ гап не, мурда-мурда розӣ мешавад!

Аз ин моҷаро як ҳафта гузашт. Саид ба хонаашон баргашта буд ва ман осуда нафас мекашидам. Дар хона ба ғайр аз ман, ки ним соат пеш аз мактаб баргашта будам, ҳеҷ кас набуд. Дар кушода буд. Ман дар ҳуҷраам хоб рафтам. Баъди дақиқае хишир-хишири фарш ба гӯшам расид. Гумон кардам, ки Мубориз омаду маро тарсондан мехоҳад. Ногаҳон касе дар наздам хоб рафт ва маро сахт ба оғӯш гирифт. Саидро дида талхакаф шудам. Зӯрам ба вай намерасид, доду фарёд мезадам, ки аз дар Марҷона намоён шуда писхандзанон гуфт:

-Ҳа додаракам, роҳи дигарат ҳамин буд?

-Бале, апа, дарро пӯш!

Ман дар пушти моиндарам- Марҷона падарамро дида, аввал ҳайрон шудам, ки чаро ӯ ин ҳолро дида чизе намегӯяд, аммо баъд ӯ аз мӯйҳои моиндарам дошта бо нафрат ӯро ба замин партофт ва Саидро ба зери пой гирифта, пасон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ занг зад. Саидро барои қасди нопокаш ба маҳбас бурданд. Падарам аз Марҷона ҷудо шуд. Мо ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч бастем.

Мактабро дар ноҳияи Рӯдакӣ хатм намуда, ба Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ дохил шудам. Як ҳамсабақам маро дӯст медошт. Мо бо якдигар унс гирифта оиладор шудем. Падарам боз оиладор шуд. Зани наваш мисли Марҷона мор нест. Моиндари навам зани ғамхор ва дилсӯзу меҳрубон аст. Сари мо сағерагонро сила карда, соҳиби фарзанду хонаи обод гашт ин ҷавонзани фариштахисол. Худо баракаташ диҳад!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД