Arzon march 2024
Падарам бо зану фарзандонам маро пеш кард
2588



Ман ҷавонмарди 24- сола ва соҳиби ду фарзанд ҳастам. Мехоҳам дарди диламро ба “Оила” гуфта, аз хонандагони азиз маслиҳат бипурсам.

Чанд вақт мешавад, ки муносибати аҳли хонаводаам бо ҳамсару фарзандони ман хуб нест. Модарам мудом мегуфтанд, ки ту фарзанди калонӣ ҳастӣ ва ба ин хонаю дар ҳақ надорӣ, замин гирифта, хона бисоз ё иҷора гирифта рав. Аз афташ зану шавҳар забон як карда буданд, ки падарам ҳам ду пояшро дар як мӯза андохта “хонаю дари волидон ба бачаи хурдӣ мемонад, таёқатро ба равшанӣ зада, ҷоятро тезтар ёб” мегуфтанд. Ду додарам ҳанӯз хурд ва барои оиладор шуданашон барвақт буд, аз ҳамин сабаб, ҳайрон мешудам, ки чаро падару модарам ҳанӯз келини нав накарда, ману оилаамро аз дар берун кардан мехоҳанд. Албатта ман метавонистам ягон хонаи иҷора гирифта баромада равам, вале бо андешаи он ки ҳаққу ҳамсояҳои аз асли гап бехабар “падару модарашро партофта рафт” гуфта, ба ҳолам наханданд, лаб зери дандон гирифта тоқат мекардам. Волидонам чун диданд, ки ман ба ягон ҷо рафтанӣ нестам, ба ҳамсарам часпиданд. Онҳо баҳудаю беҳуда ба ҳар як кори занам эрод гирифта, ӯро сахт меранҷонданд. Чанд бор бо чашми худам дидам, ки чӣ тавр модарам хӯроки пухтаи занамро ба эми гов бурда рехт. Оча, барои чӣ ин хел мекунед гӯям, модарам шӯрида мегуфт, ки занат ба ман маъқул нест, аз худаш ҳам безораму аз хӯроки пухтааш ҳам, ӯро зудтар аз назарам гум кун, ки дигар на рангу рӯйи худашро бинаму на афти бачаҳояшро. Дигар тоқати ғурбату моҷаро ва дилхарошиҳои модарамро накарда, ба Русия мардикорӣ рафтам. Ҳар моҳ ба хона пул равон мекардам, аз ҳамин хотир, падару модарам ба фарзандони ман меҳрубон шуданд. Мудом занг зада, таъриф мекарданд, ки келинамон духтари хоксор ва сарпаст аст, аз хати кашидаи мо берун намебарояд. Мани сода ба ин гапҳо дода шуда, тамоми маблағи кор мекардаамро ба хона равон мекардам, то ки падару модар ва зану фарзандонам азоб накашанд.
Хулласи калом, аз Русия бо пули начандон калон баргаштам. Панҷ моҳи аввали омаданам ҳамааш хуб буд, вале баъди он ки пулҳои овардаам тамом шуданд, падару модарам боз пӯстинашонро чаппа пӯшиданд. Акнун ҳардуяшон бо як овоз гуфта истодаанд, ки занатро талоқ дода, аз хона пеш кун ё кӯчу бандатро гирифта баромада рав. Фаҳмидам, ки дар ин замона пул надошта бошӣ, ба ягон кас даркор набудаӣ, ҳатто ба падару модари худат ҳам, агар чунин намебуд, ман ва зану фарзандонам дар назари волидонам шумрӯй намешудем.
Хонандагони азиз, аллакай сад бор шуд, ки ба хубӣ мефаҳмонам, “очаҷон, дадаҷон, ман ду фарзанди мактабхон дорам, чӣ хел онҳоро ятим мекунам”, аммо падару модарам маро ҳатто шунидан нахоста, занкалон ва латта мегӯянд. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам. Илтимос, ба мани дар дуроҳаи ҳаёт зору ҳайронмонда ягон маслиҳати судманд диҳед, чӣ кор кунам?
Лоиқ, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Панчакенти 2019-07-27, 18:31
Рост мегуед имрузхо аз сари ман хам айнан хаминхел гузашт хечвакт зану фарзандонатонро танхо нагузоред хамааш хуб мешавад иншоолох
Посух
Сармад 2019-07-30, 20:47
ягон психологи бокувватба падару модари худро нишон дихед!ва як муддати кутох хамрохи зану фарзандонатон аз онхо дур гардед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Панчакенти 2019-07-27, 18:31
Рост мегуед имрузхо аз сари ман хам айнан хаминхел гузашт хечвакт зану фарзандонатонро танхо нагузоред хамааш хуб мешавад иншоолох
Посух
Сармад 2019-07-30, 20:47
ягон психологи бокувватба падару модари худро нишон дихед!ва як муддати кутох хамрохи зану фарзандонатон аз онхо дур гардед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД