Formula novemver 2024
Оила
4238


-Марҳамат малика, ба қасри кӯчакатон хуш омадед! 

Гулрухсор ба хона ворид шуда, бо дидани зебоии он даҳонаш воз монд. Хонаро чунон зебо таъмир карда буданд, ки кас аз тамошояш сер намешуд.


Хонаи сеҳуҷрагӣ буда, пур аз мебел ва таҷҳизоти зарурии рӯзгор буд. Яхдони дуқабата, ту телевизори калони девор, диван ва роҳаткурсиҳои нарм, мебели ошхона ва рахти гаронбаҳои хоб.... Чашмони Гулрухсор бо дидани ин ҳама шаҳомат барқ заданд ва худро ба гардани дӯстдоштааш ҳалқа карда, ба Илёс бӯсаи ширине бахшиду гуфт:

-Ҳамин қадар хонаи зебо доштаиву то имрӯз ягон бор дар ин бора даҳон накушодӣ-а?!

-Ин хонаи ман не, азони ту аст, азизам. Ана ҳуҷҷатҳояш. Ман ин хонаро махсус барои ту харида, таъмир кардам ва тамоми шароитҳои лозимиро фароҳам овардам, ки дигар дар хобгоҳ азоб накашӣ, ҷонам...

Хона бар ивази номус

Ҳамон шаб дар манзили нав Гулрухсор беҳтарин ганҷ-номусашро ба ҷавони дӯстдоштааш бахшид. Вай гуноҳи азим карда бошад ҳам, то дамидани субҳ аз кори кардааш ягон зарра пушаймон набуд. Боварӣ дошт, ки Илёс ба хонаашон хостгор фиристода, ӯро бо тӯю тамошо ба занӣ мегирад ва минбаъд дар ин қасри хурдакак мисли шоҳбону бо шоҳзодаи зебою саховатмандаш зиндагӣ мекунад, аммо...

Видоъ, эй ишқ!

Субҳ Илёс иқрор шуд, ки марди оиладор буда, зану ду фарзанд дорад. Гулрухсор тайёр буд, ки зани дуюми ин ҷавонмарди саховатманду дасткушод шавад, аммо Илёс сар ҷунбонда гуфт:

-Ҳамсарам духтари як одами номдор ва каттагию давлату сарвати ман аз пушти аҳли авлоди занам аст. Худо накарда, хушдоманам фаҳмад, ки дар болои духтараш зан гирифтаам, шавҳару писаронашро ба муқобили ман мешӯронад. Бубахш, вале барои ту шуда, ман гадои бекафан ва хонасалот шудан намехоҳам.

-Аз занат, ки метарсидӣ, барои чӣ думи маро гирифта, қариб ду сол маро аҳмақ карда гаштӣ?! Дар донишгоҳ аллакай ҳама аз муносибати мо бохабаранд. Онҳо ин гапро шунаванд, чӣ мегӯянд?! Ту заррае фикр мекунӣ, ки ҳоли ман чӣ мешавад? Падару модарам маро мекушанд,-дод зад Гулрухсор гиряолуд.

Азизаро ба марди дигар ба шавҳар доданд. Зиндагиаш чандон бад набуд, соҳиби чанд фарзанд ва небараву абера гашт, аммо ишқи бачаи ҳамсояро ҳеҷ аз ёд бароварда натавонист. 

-Мардҳо бо чанд фарзанд аз ҳамсарашон ҷудо шуда, ҳатто як кулбачаи лойин сохта намедиҳанд, ки зан ва кӯдаконаш сарашро паноҳ кунад. Ман барои як шаби висол ба ту хонаеро тақдим кардам, ки чанд ҳазор доллар арзиш дорад. Парво накун, бо ин қадар боигарӣ дилхоҳ ҷавон ҷон-ҷон гуфта, туро ба занӣ мегирад.

-Ман туро дӯст медорам, Илёс, илтимос, маро напарто, охир бе ту зиста наметавонам,-зорӣ намуд Гулрухсор...

-Ман ҳам туро дӯст медорам, вале дигар илоҷ надорам. Ба хотири бехатарии ҳардуямон ман бояд аз ту ҷудо шавам. Алвидоъ Гулрухсор,-Илёс инро гуфта, дастони духтарро аз гарданаш раҳо кард ва осемасар костюмашро гирифту баромада рафт...

Алами танҳоӣ

Гулрухсор як ҳафта аз хона набаромада, барои ишқу орзуҳои барбодрафтааш гиря кард. Вай ба дарс ҳам намерафт, то дугонаҳои ҳамсабақон ба куҷо ғайб задани ҷавони дӯстдоштаашро пурсида, ба захмҳои дилаш нохун назанад. Духтар гумон дошт, ки зиндагӣ бо ҳамин ба охир расид ва шодиҳо абадан ӯро тарк намуданд, аммо...

Шод бояд зистан, ношод бояд зистан

“Вақт табиби ҳама дардҳост” гуфтани халқ беҳуда нест, оҳиста-оҳиста Гулрухсор ба тақдир тан дода, аз паси зиндагиаш шуд. Акнун ӯ танҳо бо мардҳои пулдор вомехӯрд ва то метавонист аз ҳисоби онҳо давлату сарваташро афзун менамуд. Туфайли ошиқони серпулаш соҳиби “Тайёта-кемри” гашт ва имрӯз худаш дар сари чамбарак нишаста, бо виқор мошин меронад...

Азоби виҷдон

Хешу табор дар наздаш чорқат шуда, ӯро дар ҳама ҷо бологузар мекунанд, зеро кори ҳамаашон ба Гулрухсор меафтад. Падару модараш аз сирри нангини Гулрухсор то ҳол огоҳӣ надоранд ва фахр мекунанд, ки духтарашон “хонда”, соҳиби ин қадар боигарӣ шудааст. Хостгорони ин духтари мошинсавор дар деҳа кам нестанд, аммо Гулрухсор бо ҳар баҳона аз шавҳар кардан саркашӣ менамояд. Касе аз аҳли авлодаш намедонад, ки хона, мошин ва тамоми боигарии ин духтари қишлоқӣ бар ивази номус ба даст омадааст, вале худи Гулрухсор азоби виҷдон мекашад. Вай рози дилашро танҳо ба як дугонаи наздикаш гуфта, ҳамеша ба ин савол ҷавоб меҷӯяд, ки Худо гуноҳҳои ӯро мебахшида бошад ё не...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД