Arzon march 2024
Дарди дили зани девона
3003


Зани 30- сола, оиладор ва соҳиби ду шоҳписар ҳастам. Волидонам маро бидуни ишқу муҳаббат хонадор карданд.

Домодро бори аввал пас аз никоҳ дар таги чодари арӯсӣ дидам ва танҳо баъди тӯй пай бурдам, ки шавҳарам камақл аст. Аҳли хонаводаи шавҳарам иқрор шуданд, ки писарашон ҳанӯз дар синни 7-солагӣ ба садамаи нақлиётӣ дучор гашта, ҷароҳат бардошта буд ва мағзи сараш аз рушд намудан бозмонд. Шавҳарам тамоман савод надорад, на хонда метавонаду на навишта. Ҳамсояҳои беинсофамон баъзан ӯро кор мефармоянду ба дасташ як сум дода гуселаш мекунанд, зеро ҳама медонад, ки ҳисоб карда наметавонад. Вай ҳамчун мард ба ману фарзандонам ягон кӯмак намекунад, бар замми ин, хоҳараш ба се фарзанд ҷудо шуда, нони ману фарзандонамро дар баданамон заҳр мекунад. Зиндагии худу бачаҳоямро бо кӯмаки падару модар ва пайвандонам пеш мебарам. Хушдоманам ба ҷойи шукр кардан ҳамеша ғур-ғур мекунад, ки ту дар хонаи ман фахр карда мегардию духтарҳои ман бахт надоранд. Аз тӯямон нав панҷ сол гузаштааст, вале аз зиндагӣ он қадар безор шудаам, ки ногуфтанӣ. Қариб як сол мешавад, ки дар хонаи падару модарам ҳастам. Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам, аз ҳамин хотир, аз шумо маслиҳат пурсидан мехоҳам. Аз шавҳарам ҷудо шавам ё “қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад” гуфта, умрамро бо ҳамин марди камақл гузаронам?

М, аз Вилояти Суғд

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
тамми 2019-07-22, 13:14
шут чихел акли см пм надора? савод надоштац хаммтарафа акл кам чиэе сохиби 2бача шд факат аклш хобкнида мегира??
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
тамми 2019-07-22, 13:14
шут чихел акли см пм надора? савод надоштац хаммтарафа акл кам чиэе сохиби 2бача шд факат аклш хобкнида мегира??
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД