Formula novemver 2024
Нони ҷав касалии дилро табобат мекунад?
2464

 

Бештари одамон бар он назаранд, ки орди љав ба организм фоидаи зиёд дорад. Дар мағозаҳо низ нархи нони аз орди ҷав тайёршуда назар ба нони гагандумӣ қимматтар аст. Тафовути орди гандум аз орди љав дар чист? Оё илми тиб дар ин бора дастуре дорад?

Фирдавс, ш. Хӯҷанд.

 Посух

Аслан панҷ намуди орд мавҷуд аст: гандумӣ, ҷуворимакка, арзан ва ҷав. Ин ордҳо вобаста ба таркибашон аз ҳамдигар тафовут доранд. Нони ҷавдор ва гандумӣ фарқи калон доранд. Дар таркиби нони ҷав кислотаи лизин бештар аст, шояд аз ҳамин сабаб нархи ин нон нисбат ба нони гандумӣ қимматар бошад. Лизин барои организми инсон бисёр манфиатбахш аст. Дар таркиби нони ҷав дигар моддаҳои фоидабахш аз қабили марганес, руҳ ва мис фаровонанд. Нони аз орди дурушти ҷавдор пухташуда барои гирифторони бемориҳои рўдаи гафс, қабзият, касалии қанд гизои парҳези ҳисоб меёбад. Ба шахсоне, ки ба бемории дил мубтало гаштаанд, хӯрдани нони ҷавӣ ё аз орди гандуми навъи 2-юм пухташударо тавсия медиҳем. Хурдтаракон ва касоне, ки меъдаашон бемор аст, бояд нони ҷавдорро камтар истеъмол намоянд. Аз фарбех шудан харос дошта бошед, танҳо нони аз орди осиёби пухташударо хӯред, он ҳам набояд аз 100-300 гр., зиёд бошад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД