21 май, соати 19-и шом Азиза Ҷалоловаи 17- сола, сокини деҳоти Нефтободи шаҳри Исфара худро ба дор овехт.
Сабаби даст ба худкушӣ задани Азизаро яке аз наздикони хонаводаи марҳум, ки аз гуфтани ному насабаш худдорӣ намуд, дар ҷангу ҷанҷоли хонаводагӣ вобаста донист.
Тавре ин манбаъ ба сомонаи “Оila.tj”хабар дод, Азиза духтари зебо, сархам ва босавод буду талабгорони зиёде дошт. Муддати 9 сол дар мактаб сардори синф буд ва орзу дошт ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад. Як моҷарои оилавӣ, ки касе то ҳануз аз куҷо сар задани онро намедонад орзуҳои Азизаи 17 соларо бо худаш ба хоки сард бурд.
Ин фоҷиа дами шом рух дод. Азиза дар оғили гов худро ба дор овехт. Як соат пеш аз сар задани ин ҳодиса Азиза “Очачон, дилам кашидос, ош кунед,”- гуфта ба модараш муроҷиат кардааст. Модари марҳум дар рузи ҷаноза навҳакашон гуфтааст, ки духтарам рӯзадор буд, ақалан дарди дилашро нагуфта, ин дунёро тарк намуд.
Азиза Ҷалолова фарзанди хурдии хона буд ва ғайр аз худ ду бародар боз як хоҳар дошт.
Як ҳаммактабии Азизаи ноком мегӯянд, ки духтар ба васвасаи шайтон гирифтор шуда, даст ба ин амал задааст, аммо дар рӯзи ҷаноза имомхатиби масҷиди Нефтобод гуфтааст, ки шайтон дар моҳи рамазон занҷирбанд аст ва ӯ наметавонист Азизаро ба доми фиреби шайтонати худ афтонад. Имомхатиб ҳамчунин афзудааст: “касе мегӯяд, ки Азиза худро бо васвасаи шайтон ба дор овехт, иштибоҳ мекунад”. Асрори марги Азиза муамоест ҳануз нокушода.
Ҷаноза санаи 22 май, соати 11 дар масҷиди ҷомеи деҳоти Нефтободи ш.Исфара баргузор гардид.