Ишқи зани 60-сола Муродро хонавайрон кард
Фаришта пас аз хатми омӯзишгоҳи дӯзандагии пойтахт дар яке аз корхонаҳои дӯзандагӣ ба кор даромад. Субҳи содиқ ба кор мерафту бегоҳ баъзан хеле дер ба хона бармегашт.
Дар шафати корхонаи дӯзандагӣ филиали «Агроинвестбонк» ҷой гирифта буд ва Мурод ном коргараш аз рӯзи аввал ба Фаришта мароқ зоҳир кард. Ҳусну ҷамоли духтар дили ин ҷавони муҷаррадро рабуда буд, аз ин хотир пайти муносиб меҷуст, то бо Фаришта наздиктар шинос шавад. Ҳар нисфирӯзӣ ба ҳамон ошхонае медаромад, ки Фаришта ҳамроҳи дугонаҳояш он ҷо хӯрок мехӯрд ва барояшон ҳар хел нӯшокию қандинаҳои бомазза мефиристод. Нигоҳи пур аз меҳри Мурод аз назари Фаришта пинҳон намонд ва кам-кам бо вай аз ҳар боб чақ-чақ мекардагӣ шуд. Акнун Мурод бо ҳар баҳона ба назди Фаришта меомад. Ҳамин суҳбатҳо боис гаштанду оҳиста-оҳиста Мурод дар дили Фаришта ҷой гирифт. Пас аз кор ҳарду ҳамроҳ дар гулгаштҳои пойтахт сайру гашт менамуданд, баъд Мурод Фариштаро то наздикии хонаашон гусел мекард.
Ҷавонон аз муҳаббати худ падару модаронашонро огоҳ намуданд ва бо розигии ҳарду тараф Мурод Фариштаро арӯс карда бо тӯю сур ба хонаашон овард.
Ҷавонон аз рӯзи аввал зиндагии хушбахтона бунёд намуданд. Падару модари Мурод аз келини чаққону ҳунарманди хушрӯяшон розӣ буданд ва дар назди ҳаққу ҳамсояҳо арӯсакро таъриф карда мегуфтанд: «Фариштаи мо фариштаи ҳақиқист!
Тавлиди писарчаи дӯстрӯякашон Умедҷон зиндагии Фариштаю Муродро ширинтар кард. Умедҷон якунимсола шуду Фаришта боз ба кор баромад. Акнун вай ҳамчун зани оиладору фарзанддор кӯшиш мекард, ки ҳарчи тезтар ба хона баргардад, то аҳли оила бе хӯроки гарм намонанд. Келинчаки чаққон шабҳо хобашро кушта, хонаю дарро гул барин зебо нигоҳ медошт.
Аз зиндагии ширини Фариштаю Мурод ҳамагӣ се сол гузашта буд, ки ба он чашм расид. Бо кадом сабабе филиали бонке, ки Мурод дар он кор мекард, баста шуд. Мурод чанд вақт бекор монд. Ҳарчанд мекофт, кори ба дилаш мувофиқ намеёфт, ё кор маъқул намешуд ё маошаш. Ҳамин тавр баъди чанд моҳи ҷустуҷӯйҳои бебарор Мурод бо таклифи ҷӯраҳояш ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Вақти шавҳарашро ба муҳоҷират гусел кардан Фаришта моҳи ҳафтуми ҳомиладориро мегузаронд.
Мурод ба шаҳри Свердлов рафта чанд вақт бекор монд. Рӯзе тасодуфан бо Марҷона ном савдогарзани аз Тоҷикистон омада шиносоӣ пайдо кард ва бо пешниҳоди ӯ ба кори савдо сар кард. Мурод бор меоварду Марҷона мефурӯхт. Марҷона модари се фарзанди баркамол буд. Шавҳарашро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кушта буданд. Пас аз азобу уқубатҳои зиёд ба Русия омада, дар ин шаҳр сарриштаи зиндагиашро ёфта буд. Марҷона аз Мурод бист сол калон буд, аз ҳамин хотир «она» гӯён, Мурод фарзандвор бо вай муносибат менамуд, вале касоне, ки Марҷонаро хуб мешинохтанд, ба онҳо бо назари шубҳа менигаристанд.
Пас аз ду моҳи рафтани Мурод ҳамсараш барояш боз писарча таваллуд кард. Бо хоҳиши падараш тифлакро Акмал ном ниҳоданд. Мурод барои таваллуди писари дуввумаш ва таъмини оила ҳазор доллар фиристод. Падару модар ва ҳамсараш Фаришта аз барор гирифтани корҳои Мурод шод шуда дар ҳаққаш дуои нек мекарданд, вале…
Мурод ба онҳо тез-тез занг зада, ҳолу аҳвол мепурсид ва ваъда медод, ки зимистон корашон камтар шавад, албатта ба дидорбинӣ меояд, аммо чанд зимистону баҳор гузашту аз ӯ дарак нашуд. Фаришта, ки акнун тарбияи ду тифлаки хурдсол бар дӯшаш афтида, имкони ба кор баромадан надошт, аз рафтори шавҳари дӯстдоштааш дарун-дарун ғам хӯрад ҳам, ба касе даҳон во намекард. «Як рӯз не, як рӯз боз ба назди фарзандонаш меомадагист» гӯён, ҷавонзан худашро мудом таскин медод, бехабар аз он, ки бахташро аллакай дигаре рабудааст…
Марљона бо рафтору гуфтор ва меҳрубониҳои беандозааш кайҳо Муродро ба доми худ афтонда буд ва акнун Мурод аз хати кашидаи ӯ берун намебаромад. Муносибати ошиқонаи «Она»-ро бо писархондаш дида, бозорчиҳо гиребони тавба медоштанд, вале Муроду Марҷонаро парвои гапу калочаи мардум набуд. Мурод чунон волаю шайдои Марҷона гашта буд, ки дигар зану фарзандонаш ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомаданд. Дар хонаи иҷоравии Марҷона онҳо ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ мекарданд. Оғӯши «Она» чунон гарму роҳатбахш буд, ки Фариштаю кӯдаконаш ба назараш хук барин менамуданд. Писарчаи хурдиаш Акмал роҳрав шуда, то ҳол кӣ будани падару чӣ будани меҳри падариро намедонист, вале ин масъала Муродро ягон зарра ба ташвиш намеовард.
Аз зангирии шавҳараш огаҳӣ ёфта Фаришта ба ӯ занг зад. Мурод ба ҷойи занашро дилбардорӣ додан якбора оташ гирифта дод зад:
-Бале, зан гирифтам! Дигар ба умеди ман нашуда сарҳисоби зиндагита ёб. Ман туро се талоқ кардам!
Гӯшҳои Фаришта якбора қулф заданд, ӯ дигар маҷоли ҳарф задан надошт. Бо ашки шашқатору дили садпора ин хабари нохушро ба падару модари Муроду волидони худаш расонда, чизу чораи худу бачаҳояшро ғундошт. Падару модараш бо ҷигари садпора Фариштаю бачаҳояшро ба хонаи худашон бурданд.
Вай боз як соли дигар бо ду кӯдак дар хонаи падару модар гашт, бо умеде, ки Мурод пушаймон шуда меояду фарзандони падарҷӯяшро соҳибӣ мекунад, вале аз санги осиё садо буду аз вай не.
Абдулло ном ҷавонмард, ки дар ҳамсоягии Фариштаино зиндагӣ мекард, рафтори ҳамидаашро дида ба хонаашон хостгор фиристод. Ҳамсари Абдулло хеши наздики модараш бошад ҳам, бо хушдоманаш забон ёфта натавониста баромада рафта буд. Абдулло чанд маротиба ба суроғи занаш рафта, модари бачаҳояшро ба хона оварданӣ шуд, вале ҷавонзани якрав аз аспи ҷаҳл нафаромад. Абдулло ба Фаришта рӯирост гуфт, ки дар сурати баргаштани занаш ӯро ба хотири фарзандонаш қабул мекунад, вале ба фарзандони Фаришта низ падар мешавад.
Бо розигии падару модар Фаришта ба никоҳи Абдуллои тоҷир, ки марди бофарҳангу аз ислом бохабар буд, даромад.
Абдулло ба ваъдаҳояш дар ҳақиқат содиқ монд. Вай на танҳо барои Фаришта шавҳари меҳрубон, балки ба фарзандонаш низ падари ғамхор гашт. Писараконаш падари худашонро дар ёд надоштанд ва Абдуллоро «дадаҷон» мегуфтанд. Бачаҳо падари ӯгаяшонро дӯст доштанд, зеро ин мард онҳоро рӯйи даст бардошта мегашт ва барояшон чизеро дареғ намедошт.
Имрўз Муроди аз карда пушаймоншуда хоҳиши бо Фаришта оштӣ кардану дидани фарзандонашро дорад, вале Фаришта бо Абдулло чанд сол боз зиндагии хубу осоишта дораду дубора хонаашро вайрон кардан намехоҳад. «Ихтиёри ман дигар дар дасти худам нест. Шавҳар дорам. Ихтиёрам дар дасти Абдулло аст»-гуфт ҷавонзан ба собиқ шавҳари бевафояш ва хоҳиш кард, ки ба тарбияи фарзандонаш халал нарасонад, зеро бачаҳояш Абдуллоро падари ҳақиқии худ медонанд.
«Ба воя расанд, баъд худам ҳамаашро ба онҳо мефаҳмонам. Албатта ба Умедҷону Акмал мегӯям, ки падари ҳақиқияшон кист, вале ҳоло барои гуфтани ин гап барвақт аст. Айни ҳол дили бачаҳоро шикаставу дардолуд кардан лозим нест»,- мегӯяд Фаришта ва меафзояд,-«шавҳарам ба муҳоҷирати меҳнатӣ намерафт, шояд ман аз бахти аввалу ду гулписарам аз падари асосиашон ҷудо намешуданд!»
Дар ҷудоии ин оила натанҳо Марҷонаи умраш ба 60 дакка хӯда, балки пеш аз ҳама худи Мурод гунаҳкор аст. Пеш аз оне, ки ба оғӯши як зани ҳамсинну соли модараш дарояд, вай бояд андеша мекард, ки дар Ватан ҳамсар ва фарзанд дораду аҳли оилааш бо чашми чор баргаштани ӯро бесаброна интизоранд. Бигзор хатои ин ҷавонмард барои дигар ҷавонмардони тоҷик, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанианд, дарси ибрат шавад!