Дар деҳаи Пахтаобод як ҷавонзани 22 сола аз ҷабри шавҳар худро ба дор овехтааст. Дар ин бора лаҳзае қабл сокинони шаҳри Турсунзода ба сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар доданд.
Ба гуфти шоҳидони ҳодиса, ҷавоназни даст ба худкушӣ зада Шукурова Санавбар ном дошта, модари ду фарзанд будааст. Шавҳараш дар болои Санавбар зани дуюм мегирад. Ҷавонзан аз рашк ба мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта, роҳи наҷотро дар худкушӣ мебинад. Ин зани дар гулхани сӯзони рашк афтида сароғоз ба ҳамом даромада, оббозӣ мекунад, нохун мегирад ва худро пурра ба марг омода намуда, даст ба худкушӣ мезанад. Хоҳаршӯяш тасодуфан ба ҳамом даромада мебинад, ки Санавбар дар расан овезон аст ва аз тарс бо тамоми овоз дод мезанад. Аҳли оила бо шунидани фиғони талхи ӯ ба берун баромада, аз сар задани ин фоҷиа огоҳ мешаванд. Осемасар ҳалқаи дорро бурида бошанд ҳам, аз чанги аҷал халос кардани келин ба аҳли ин оила муяссар нагаштааст. Санавбари ормонӣ аллакай ҷони ҷавонашро ба ҷонситон супурда, ду фарзандашро ятим гардонида буд.
Ин қурбонии рашкро дар шаҳри Турсунзода бахок супурданд.
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон бисёрникоҳӣ аз рӯйи қонун манъ карда шудааст, аммо ба ин нигоҳ накарда, то ҳол баъзе мардон ду-сетогӣ зан мегиранд. Маъмулан мардони дузанаю сезана худро бо он сафед мекунанд, ки худованд бисёрзанагиро ба мардҳои мусалмон иҷозат додаасту паёмбари Ислом чаҳор зан дошт, аммо аксари заноне, ки шавҳарашон дар болояш зан гирифтааст, бо палонҷ созиш кардан нахоста, роҳи халосиро аз секунҷаи нафратовари муҳаббат дар худкушию худсӯзӣ мебинанд...