Arzon march 2024
10-маслиҳати Турсуной Зокирова ба занҳо
3777

 

Турсуной Зокирова ҳамчун экстрасенс ва ғайбдон баъди дар лоиҳаи номдори «Битва экстрасенсов»-и ТНТ ғолиб омаданаш на танҳо дар Вилояти Суғд ва Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон машҳур гашт.

Ҳамарӯза ҳазорон корафтодагон дар ҷустуҷӯи ин зани назаркардаи Худованд ҳастанд, зеро боварӣ доранд, ки бо дасти сабуки Турсуной мушкилашон осон мешавад.

Ин бонуи номдор чандин сол боз дар Русия кору зиндагӣ дорад, вале ҳамчун тоҷики асил рисолати ватандории худро аз ёд набурда, пайваста дар пайи некӣ кардан ба ҳамватанони хеш аст. Соле нест, ки Турсуной Зокирова ба ягон бемористон, ятимхона ё чанд оилаи камбизоат дасти мадад дароз накунад.

Марги модар ва дасти пир гирифтани Турсуной

Мисли аксари экстрасенсҳо ӯ қобилияти нодири дарки асрори олами ғайбро аз гузаштагони худ – модаркалон ва холааш мерос гирифтааст. Турсуной дар 18-солагӣ ба шавҳар баромада, 27 сол оиладорӣ намуд. Тӯли ин солҳо дар ҳаёташ ягон ҳодисаи ҳайатовар рӯй надода буд. Қобилиятҳои нодири Турсуной вақте аз худ дарак доданд, ки шахси азизтарин – модарашро аз даст дод. Вай бо чашмони пуроб шабу рӯз дар рӯйи ҷойнамоз нишаста, ба руҳу арвоҳи модар дуо мехонд. Рӯзе вақти бо Худованд роз гуфтан якбора дар рӯйи ҷойнамоз ба назараш тасбеҳе намудор гашт, ки 121 муҳра дошт. Турсуной баъди ибодати Парвардигор ба назди усто рафта, айнан чунин тасбеҳ фармоиш дод.

Корд аз олами ғайб

Минбаъд Турсуной ҳамеша тасбеҳашро ҳангоми намозхонӣ бо худ мегирифт. Пас аз чанде дар ҳаёташ боз як муъҷиза рӯй дод ва баъди намозхонӣ тасодуфан кордеро пайдо кард, ки аз куҷо пайдо шуданаш маълум набуд. Корд ва тасбеҳ дар Турсуной нақши аҷибе бозида, ҳаёти ӯро бо оламе пайвастанд, ки на ҳар бандаи хокӣ ба он роҳ меёбад.

Турсуной чӣ тавр саратонро мағлуб кард?

Ҳанӯз баъди ба дунё оврадани фарзанди сеюмаш табибон дар синаи Турсуной саратон пайдо карда буданд. Омос рӯз то рӯз калонтар мешуд. Табибони саратоншинос ба ӯ маслиҳат медоданд, ки ҳарчи зудтар ҷарроҳӣ кунад, зеро саратони синааш бадфигол (злокачественная опухол) буда, ба тамоми баданаш реша медавонад. Турсуной домони худовандро маҳкам дошта, тасмим гирифт, ки мустақилона бо ин дарди бе даво мубориза хоҳад бурд. Аз рӯйи гуфти табибон аз умраш чандон вақти зиёде боқӣ намонда буд, вале бо ин бемории даҳшатнок Турсуной муддати 14 сол мубориза бурда, билохира саратонро мағлуб намуд...

Табиби худ

Соли 1993 модараш аз дунё гузашту Турсуной бар асари ғаму андуҳи зиёд ба бистари беморӣ афтид. Пойҳояш худ аз худ аз кор монданд, дигар на роҳ гашта метавонисту на ҳаракат карда. Тамоми аъзои баданаш дард мекард, вале табибон ҳеҷ сарчашмаи бемории ӯро пайдо карда наметавонистанд. Давутозҳои бешумор ба дари духтурони номдор ягон натиҷа надода, ҳоли бемори торафт вазнинтар мегашт ва баъзан аз ҳуш рафта, чанд рӯз бе ҳушу бе ёд мехобид...

Билохира баъди даводавҳои зиёд Турсуной ба хулосае омад, ки дар дунё ба ғайр аз худи ӯ дигар касе ба дардаш даво ёфта наметавонад. Ин зани заковатманд пеши худ мақсад гузошт, ки ба табобати дигар беморон машғул мешавад, шояд Худованд он гоҳ ба ҷонаш раҳм карда, ӯро аз ин дарди ҷонгудоз раҳо намояд.

Дар ҳақиқат муъҷиза рӯй дод ва баъди он ки Турсуной ба табобати дардмандон шуруъ намуд, беморӣ худ аз худ ӯро раҳо кард...

“Битва экстрасенсов” Турсунойро ба сактаи дил гирифтор кард?

Тавре худи Турсуной Зокирова иқрор шудааст, ширкат дар барномаи бонуфузи “Битва экстрасенсов” барояш хеле душвор буд, чунки дар барнома одамоне гирд омада буданд, ки бо қувваҳои гуногун, аз ҷумла бо қувваҳои сиёҳ кор мекарданд. Ҳоли ин зани ғайбдони тоҷик баъди барнома то дараҷае табоҳ гашт, ки бо сактаи дил ба беморхона афтид. Изтироби ботинӣ ва фишори руҳӣ ҳангоми сабти барнома таъсири худро ба саломатии Турсуной гузоштанд, вале хушбахтона, ӯ ба зудӣ ба по хест.

Турсуной мегӯяд, дар ғолиб омаданаш дар озмуни мазкур фариштаҳо ба ӯ мададгор гаштанд. Албатта мисли тамоми одамоне, ки бо олами ғайб робита доранд, вай сиру асрори корашро ба ҳама намекушояд. Зокирова танҳо ҳамин қадар мегӯяд, ки ҳар дафъаи намоз хонданаш фариштаҳои кӯмакрасони ӯ бо либосҳои фароху зебо дар наздаш пайдо мешаванд. Ин фариштаҳо ҷинс ва симои ҳарела доранд, вале ҳамаашон чунон зебоянд, ки ҳусну малоҳати одамони заминӣ муқоиса намудан номумкин аст.

Экстрасенс ҳамчунин фариштаҳои нигаҳбон дорад, ки ҳатто дар хобаш медароянд. Маҳз ҳамин фариштаҳо дар озмун ғолиб омадани Турсуной пешгӯӣ карда буданд.

Зокирова сайт дорад?

Дар Русия нафароне, ки ба дидори Турсуной Зокирова мушарраф шудан мехоҳанд, ба сайти расмии ин зани ғайбдон tursunoy.ru ворид гашта, паёмаки худро мегузоранд. Ҳаққи хизмати одамони қобилиятҳои нодир дошта дар Русия хеле баланд аст, вале Зокирова муътақид аст, ки экстрасенсҳо ҳуқуқи аз ниёзмандон пули калон талаб карданро надоранд. Ин зани дарёдил ҳеҷ гоҳ аз нафаре пули калон талаб накардааст, чунки худаш замоне бемориҳои сахтро аз сар гузаронида буд ва хуб медонад, ки беморон ба маблағ эҳтиёҷ доранд. Турсуной Зокирова ҳаргиз аз пушти пулу мол ва давлату сарват надавидааст, баръакс ӯ тез-тез ба Тоҷикистон омада, дар роҳи Худо хайр мекунад ва ба ниёзмандон кӯмак мерасонад...

Турсуной Зокирова мегӯяд, агар инсон эҳсоси хастагиву бемадорӣ маъюс гардад, бояд фикрҳои манфиро ҳарчи зудтар аз сараш дур созад, зеро ҷамъ шудани энергияи бад инсонро ба беморӣ гирифтор карда метавонад. Барои он ки солиму бардам ва хушбахту муваффақ бошед:

Чанд маслиҳат аз Турсуной

1.Дар зиндагӣ ба ягон кас ҳасад бурдан ва бадӣ хостан лозим нест.

2.Рафту бо нафаре аз наздиконатон муноқиша кардед, чанд муддат аз ҳама дурӣ ҷуста, дар танҳоӣ бо Худованд рози бигӯед. Бо инояти парвардигор шумо роҳи дурусти ҳалли муаммои ҳаётиатонро пайдо хоҳед кард.

3.Барои осоиштагиву муҳаббати хонаводагӣ зан бояд ҳама корро ба анҷом расонад, то ки мард умре дар канораш монад.

4.Зан дар ягон ҳолат бояд шавҳарашро аз худаш дур насозад, чунки дурӣ муҳаббати заношавҳариро мекушад.

5.Рафту табъи ҳардуятон хира бошад, як муддат бо шавҳаратон гап назанед ё ҳазлу шӯхиро ба кор бурда, кӯшиш намоед, ки эҳсосоти ногувор аз вуҷуди шавҳаратон барояд.

6.Дар дил ҷамъ кардани кинаву адоват оқибати хуб надорад. Нафрату бадбинӣ мисли вулқонест, ки хоҳ - нохоҳ ягон рӯз ҷӯш зада мебарояд.

7.Рафту бо шавҳаратон ҷангу ҷанҷол кардед, сари қаҳр ҳарчи ба забонатон омад, гуфтан нагиред. Мард гунаҳкор бошад ҳам, инро дар рӯяш накашед.

8.Баъзан бо шунидани он,ки ҳамсарашон бо зани дигар робита дорад, занҳои тоҷик қиёматро қоим карда, ба решаи бахти худ табар мезананд.
Душвор бошад ҳам, гуноҳи шавҳаратонро бубахшед. Ба хотири пойдории оила ва ояндаи неки фарзандонаш зан бояд ба шавҳараш гузашт намояд.Бо гузаштани вақти муайян мард гуноҳашро худаш дарк намуда, узр мепурсад ё бо роҳи дигар ранҷишу хафагиро аз дили зан мебарорад.

9.Турсуной Зокирова комилан зидди бо гармиву хунукӣ мардро ба худ моил кунонидани хонумҳост. Ба ақидаи ин зани ғайбдон, бахти бо кӯмаки сеҳру ҷоду ба даст омада, пойдор намемонад. Инсон тавассути сеҳру ҷоду нафареро ба худ ошиқ карданӣ бошад, кошонаи бахташ ба зудӣ валангор мегардад, зеро ин амалиётҳо таъсири муваққатӣ доранд.

10. Ҷойгаҳи худро аз шавҳаратон ҷудо насозед, зеро сардии бистар дили мардро аз зиндагӣ хунук  мекунад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД