Рашки аз ҳад зиёд баъзан одамонро ба корҳои даҳшатангез водор месозад.
Далели равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи ваҳшатангезе мебошад, ки чанд рӯз қабл рӯй додааст. Як зани мусалмон бо исми Оиша Муравива, ки 36-сол дорад, аз рашки зиёд нисбати ҳамсараш чашмони кӯдаки панҷмоҳаашро бо корд кофта гирифтааст.
Оиша аз деҳаи Таштипи (Хакасия)-и Русия бубда, зани хонашин ва модари чор фарзанд аст. Ин зани мусалмон бо мақсади аз шавҳараш қасос гирифтан чашмони писарчаи хурдакакашро бо корд кофта кӯр кардааст. Ҳоло табибони Маскав кӯшиш карда истодаанд, ки тифлаки бегуноҳро аз вартаи марг наҷот диҳанд, вале зинда мондани писарча ба гумон аст.
Ин ҳодисаи даҳшатнок чӣ хел рух дода аст, фақат муфаттишони кумитаи тафтишотӣ, равоншиносон ва психиатрҳо медонанду халос. Дар сӯҳбат бо мухбири рӯзномаи “Комсомолская Правда”ҳамсояҳо иброз доштаанд, ки сар задани чунин рӯйдоди хунинро дар ин оила ҳеҷ гоҳ интизор набубуданд, зеро Оиша ва шавҳараш одамони тақводори парҳезкор буда, дар умрашон ҳеҷ гоҳ шароб наменӯшиданд ва ҷангу ҷанҷол намекарданд.
Шавҳари Оиша-Алӣ тафсилоти ин ҳодисаи даҳшатоварро нақл карда, чунин мегӯяд:
-Рӯзи истироҳат буд. Субҳи содиқ ман ба занам гуфтам, ки бо як кори шахсиам ба Абакан меравам. Дар асл мехостам барои Оиша мошин харида ба занам сюрприз намоям, вале касе ба Оиша СМС фиристодаатс, ки шавҳарат ба назди маъшуқааш рафт.
Зани беақлу бадрашкам ба хотири аз ман қасос гирифтан се кӯдаки дигарамонро дар як ҳуҷра маҳкам карда, чашмони писарчаи хурдиамонро бо корд кофта гирифтааст. Вақте, ки ман аз Абакан бо мошини нав баргаштам, дар хона манзараи ваҳшатнокеро дидам, ки тасвираш хеле душвор аст. Писарчаамон дар хуни худ оғушта дар болои зонуҳои занам хобида буд ва Оиша ӯро ба ҳар тараф ғелонда, дар гӯшаш бо овози паст пичирросзанон чизе мегуфт. Вақте ки кӯдакро аз болои зонувонаш гирифтам, Оиша додзанон ҳама тирезаҳоро зада шикаст ва додгӯён ба рӯи ҳавлӣ баромад. Пас аз ин ман ба полис ва духтурҳо занг задам...
Ногуфта намонад, ки Оиша ва Алӣ соҳиби чаҳор фарзанд буда, писари калониашон маъюб аст. Алайҳи Оиша Муравива мутобиқи қисми 2-и моддаи 111-и Кодекси ҷиноятии Русия (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, модари золим дар боздоштгоҳи мувақатти Абакан қарор дорад. Алӣ писарчаи маъюб ва ду духтарчаи гул барин зебояшро ба танҳоӣ парасторӣ менамояд.
Ҳамсинфони Оиша мегӯянд, ки вай хеле ҷавон ба шавҳар баромада бошад ҳам, дер фарзанддор шуд ва бо ҳамин сабаб шавҳарашро ҳатто ба хасу хошоки сари роҳ рашк мекард.
Ин модари бераҳм худро ба девонагӣ зада, чунон вонамуд месозад, ки гӯё ба ғайр аз шикастани тирезаҳо дигар чизеро дар ёд надорад, вале табибону намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ба бемории рӯҳӣ доштани зан шубҳа доранд.
Алӣ мошини барои Оиша харидаашро ба 160 ҳазор рубли русӣ фурӯхта, ин пулро барои табобати писарчаи кӯршудааш сарф карда истодааст, аммо зинда мондани кӯдаки чашмонаш бо дасти модари золим кофташуда ба гумон аст...