Бо Заррина тасодуфан дар ҳавлии бинои “Шарқи озод” вохӯрдам. Диққати маро аробачаи маъюбӣ ба худ кашид, ки писарчаи тахминан 3-4- солае дар он хобида буд.
Модари ин тифлаки маъюб бо чашмони ҳаросон ба атроф нигариста, касеро ҷустуҷӯ мекард. Ҳисси кунҷковии касбӣ маро ба он водор намуд, ки аз роҳи худ гашта, ба ин зани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайронмонда наздик шавам. Суҳбати мо бо Заррина Дохиева қариб се соат тӯл кашида, бисёр дардовар буд. Албатта ба қалам додани ҳама дарду аламҳои дили ин зани аз бозиҳои тақдир бармаҳал пиршуда имкон надорад, зеро саҳифаи газета барои инъикоси зиндагиномаи ин зан камӣ мекунад. Мо танҳо шаммаеро аз рӯзгори талхи ин ҷавонзани бетолеъ манзури шумо, хонандагони азиз мегардонем, то аз рӯзгориЗаррина ва тифлаки маъюбаш хабардор гардед.
-Мебинам, ки бо нигоҳатон касеро меҷӯед...
-Ягон кас ба доди мани бесавод ва фарзанди маъюбам нарасид. Мегӯянд, ки дар ҳамин бинои баланд журналистон кор мекунанд ва ман барин одамони бе пушту паноҳи дармондаро ҳамеша пуштибонӣ менамоянд. Бо умед пурсида-пурсида омадам, лекин ба кӣ муроҷиат карданамро намедонам.
-Шуморо чӣ мушкилӣ маҷбур кард, ки ба ҷустуҷӯи журналистон бароед?
-Эҳ хоҳарҷон, намедонам кадом дарду алами диламро ба шумо гӯям. Ман як зани танҳо ҳастам, ба ғайр аз ин, чӣ хеле ки бо чашми худатон дида истодаед, кӯдаки маъюб дорам, аммо касе дастамро намегирад. Дари чандин идораҳоро кӯфта бошам ҳам, ягон натиҷа нашуд. Мегӯянд, ки аз ӯҳдаи таъмини кӯдакат набароӣ, бурда ба ятимхона супор, вале дилам намешавад. Гиря карда мегӯям, ки охир ман модар ҳастам, чӣ хел дидаву дониста, фарзанди маъюбамро мепартоям, вале дар ҷавоб мегӯянд, ки ҳозир одамон аз кӯдакони солимашон даст кашида истодаанд, кӯдаки ту бошад, маъюб аст, беҳуда худатро ин қадар азоб дода нагарду бурда, ба ягон хонаи маъюбон супор, ҷонат халос мешавад. Намедонам чӣ хел ба ин одамони сангдил фаҳмонам, ки маъюб бошад ҳам, ин кӯдак як пораи ҷони ман аст ва наметавонам аз баҳраш гузарам...
-Фарзандатон чӣ ном дорад?
-Валиҷон.
-Валиҷон чандсола аст?
-Шашсола. Соли таваллудаш 2013 аст.
-Падари Валиҷон куҷост ва чаро фарзандашро парасторӣ намекунад?
-Шавҳарам кайҳо талоқи маро додааст ва ягон бор на ману на писарашро суроғ намекунад.
-Шавҳаратон чӣ ном дорад ва дар куҷо зиндагӣ мекунад?
-Шавҳарам Сабзалӣ ном дорад. Хонаашон дар ноҳияи Варзоб аст. Грузчик шуда кор мекунад, яъне бор мекашонад.
-Сабаби ҷудо шуданатон чӣ буд? Шавҳаратон дар болоятон зани дигар гирифт ё майзадаву нашъаманд буд?
-Шавҳарам на майзада буд ва на занбозу занҷаллоб. Модараш маҷбур кард, ки талоқи маро диҳад. Дар наздаш шарт гузошт, ки агар аз баҳри зану фарзандат нагузарӣ, туро оқ мекунам, дигар маро оча нагӯй. Сабзалӣ ночор монда, маҷбур шуд, ки талоқи маро диҳад...
-Чаро хушдоманатон дар назди писараш чунин шарт гузошт? Магар бо модаршӯятон ҷангу ҷанҷол карда будед?
-Ман бо онҳо не, аҳли оилаи шавҳарам доим бо ҳар баҳона ҷангу ҷанҷол бардошта, маро таҳқир мекарданд, азоб медоданд ва бераҳмона мезаданд. Бовар мекунед, ҳатто ба ҳомиладориам нигоҳ накарда, чанд рӯз пеш аз таваллуд карданам хушдоман ва додаршӯям маро чунон бераҳмона лату кӯб карданд, ки дар хуни худ ғарқ гашта, сару рӯям сиёҳу кабуд шуд. Маро дар ҳолати беҳушӣ ба хонаи падару модарам овардаанд...
-Барои кадом гуноҳатон шуморо дар хонаи шавҳар мезаданд?
-Ситораи ман аз рӯзи аввал бо хушдоманам рост наомад. Мудом ягон корро баҳона карда, ғур-ғур мекард. Дар як ҳавлӣ шаш авсун будем, вале ба дигар келинҳояш кордор нашуда, модаршӯям фақат ба ман мечаспид.
-Гуфтед, ки дар моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ шуморо модару бародари шавҳаратон лату кӯб карданд. Ҳамон рӯзро ба ёд оварда метавонед, ки моҷаро аз чӣ сар шуд?
-Пайвандони шавҳарам як бору ду бор не, чанд маротиба маро лату кӯб карда, талаб менамуданд, ки баромада равам. Додаршӯям чанд бор маро оварда, дар шаҳр дар нимароҳ партофта рафт. Бе пул бо азобҳои зиёд ба хонаи волидонам мерафтам, вале модарам “Духтарам, ҳарчи ҳам набошад, тоқат кун, санги вазнинро об намебарад” гӯён, боз кулчаву тӯша карда, маро ба хонаи хушдоманам бурда мемонд. Азбаски ҳомиладор будам, маро баъзан хоб зер мекард. Ҳамон рӯзи тақдирсӯз хушдоманам “Ба ман ту барин келини хоболуд даркор нест! Дафъ шуда, баромада рав, ман бачама зани духтар медиҳам” гӯён, қиёматро қоим кард. Гиря карда, гуфтам, ки ман аз бачаи шумо ҳомиладор ҳастам, охир бо ин шиками дамида ба куҷо меравам?! Модаршӯям ба ғазаб омада, ба ман часпид ва сару рӯямро бо нохунҳояш канда, хуншор кард, баъд бародари шавҳарам ба ин моҷаро ҳамроҳ шуда, маро бераҳмона лагадкӯб кард. Ростӣ, очаву бача маро чӣ қадар заданд, дар ёдам нест. Як вақт чашмонамро базӯр кушода, дидам, ки хоҳаракам дар болои сарам истода, зор-зор гиря дорад. Сару рӯям пур аз хун ва куртаи танам даридагӣ буд. Бечора хоҳаракам кӯшиш мекард, ки маро бардорад, аммо бо сабаби ҳомила буданам зӯраш намерасид. Хушдоманам ҳамоно дод мезад, ки тезтар апата гирифта бар, набошад мо ӯро зинда намемонем. Хоҳарам онҳоро дуои бад карда, таксӣ киро намуду бо азоб маро ба мошин бор кард. Дигар чӣ шуд, намедонам. Маро дар ҳолати беҳушӣ ба хонаамон овардаанд. Вақте ки чашмонамро кушодам, модарам дар болои сарам нишаста, гиря мекард.
-Чаро аз болои хушдоман ва додаршӯятон шикоят накардед?
-Ман нӯҳмоҳа ҳомиладор будам ва дилу нияти аз шавҳарам ҷудо шудан надоштам. Умед доштам, ки ҳамааш мегузарад ва мо боз зиндагиамро давом медиҳем, аз ҳамин хотир, ба ягон ҷо шикоят накардам.
-Гуфтед, ки шуморо зада, пур аз хун карданд. Тифли батнатон бо ҳамин сабаб маъюб ба дунё омад?
-Вақте ки маро ба таваллудхона бурданд, тамоми аъзои баданам сиёҳу кабуд буд ва мустақилона таваллуд карда натавонистам. Маро дар таваллудхонаи №1 духтурҳо ҷарроҳӣ карда, фарзандамро гирифтанд. Пас аз таваллуд сабаби сиёҳу кабуд будани аъзои бадани маро аз модарам пурсон шудаанд. Вақте фаҳмиданд, ки маро дар хонаи шавҳарам задаанд, хостанд ба милиса хабар диҳанд, аммо боз худам гиряву нола кардам, ки ин корро накунед, чунки ман аз шавҳарам ҷудо шудан намехоҳам. Ҳамин тавр, ин сир пинҳон монд ва аз рӯйи раҳму шафқат табибон худашон барои фарзанди ман парпечу сару лиоси кӯдакона харида доданд, то ки писарчаамро аз таваллудхона барорам. Ростӣ, баъди думоҳа шуданаш аз маъюб будани фарзандам дарак ёфтам, барои ҳамин аниқ гуфта наметавонам, ки сабаби маъюб шуданаш мушту лагади дар хонаи шавҳар хӯрдаам аст ё чизи дигар.
-Шавҳаратон ба аёдати фарзандаш меояд ё не?
-Ягон бор наомадааст. Модараш ӯро қасам додааст, ки агар ту ҳамон зану кӯдакатро суроғ кунӣ, оқат мекунам, дигар маро оча нагӯй, барои ҳамин аз тарси оқ шудан моро тамоман хабар намегирад.
-Алимент медиҳад?
-Мо ақди никоҳи расмӣ надоштем ва шавҳарам аз баҳри ин кӯдаки маъюб гузашта, насабашро ба писарам надод. Валиҷон бо насаби ман гузаштааст ва аз падараш то ба имрӯз як хас ҳам нагирифтааст.
-Бо тифли маъюб чӣ гуна зиндагиатонро пеш мебаред?
-Ман тамоман хату савод надорам. Дар умрам ягон рӯз ба мактаб нарафтаам ва ҳатто номи худамро навишта наметавонам. Бародаронам намемонданд, ки ба мактаб равам, аз ҳамин сабаб, бе савод мондам. Рӯзи одами бесавод дар ин замона сиёҳ аст, апаҷон. Хизматгорӣ карда, бо азобҳои зиёд зиндагиамро пеш мебарам. Ягон тӯй ё маърака шавад, косаву табақ мешӯям, то ки ягон сум пул диҳанд ва барои кӯдаки маъюбам ақаллан шир харида тавонам. Зӯрам ба сару либос ва табобаташ намерасад.
-Табобати чунин кӯдакони маъюб ройгон аст-ку!
-Ба ном ройгон аст, вале имрӯз бе пул сухан дар ягон ҷо асар надорад.
-Айни замон дар куҷо зиндагӣ мекунед?
-Дар хонаи падарам як хоначаро барои ману писарам ҷудо карда додаанд, вале дар ҳавлӣ шаш бародари зану фарзанддор дорам. Намедонам баъди сари волидонам ҳоли мани бесавод бо ин кӯдаки маъюб чӣ мешуда бошад...
10 сомонӣ барои аробачаи маъюбӣ
Мушкилот ва дарду аламҳои Заррина хеле зиёданд. Бо тифли маъюб ҳатто аз як нуқта ба нуқтаи дигар ҳаракат кардани ин зан душвор аст. Заррина мегӯяд, бо сабаби тифли маъюб доштанаш ронандагони нақлиёти мусофиркаш “каляскаи бачаат ҷойи чанд касро мегирад” гуфта, ӯро ба мошинашон савор намекунанд, агар савор кунанд ҳам, барои аробачаи маъюбӣ 10 сомонӣ талаб мекунанд. Дар таксиҳои 5-сомона бошад, аз Заррина ва тифли маъюбаш 20 сомонӣ мегиранд. Бесаводии ӯро дида, касе ба додаш намерасад ва ба куҷое, ки муроҷиат накунад, ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки кӯдакашро бурда, ба хонаи маъюбон ё ба ятимхона супорад.
Бо ин ҳама азобу мушкилиҳо Заррина аз фарзандаш даст кашиданӣ нест, ҳарчанд хуб медонад, ки писараш мисли дигар кӯдакон ҳеҷ гоҳ ба по хеста наметавонад ва дар дами пирӣ такягоҳаш нахоҳад гашт. Заррина мегӯяд, то рӯзе, ки писарам зинда аст, чӣ хеле, ки набошад ва бо чӣ қиммате, ки набошад, ман қарзи модарии худро ба ҷо оварда, ӯро парасторӣ хоҳам кард...
Нӯшин
Р/С
Аз сохторҳои салоҳиятдор ва Обусменди кӯдакон хоҳиш менамоем, ки ба доди ин зани гирифтори фишори равонию ҷисмонӣ гардида бирасанд, то гунаҳгорони бадбахтии ӯ ба ҷазои аъмоли носавоби худ бирасанд.
(Сӯҳбати видеои моро бо ин зан рӯзҳои наздик аз сомонаи Оила.тч тамошо карда метавонед)