Gazprom july 2025
Милитсия блогереро, ки наворҳои таҳқиркунанда паҳн мекард, пайдо кард
678

Кормандони милитсия шахсеро, ки дар шабакаи инстаграм саҳифаи «zevarzoda_fors»-ро таъсис дода, чеҳраҳои шинохтаро таҳқир мекард, пайдо намудаанд. Дар ин бора ВКД хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Каримиён Маҳинбону саҳифаи «zevarzoda_fors»-ро таъсис дода, бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиён ва ба даст овардани маблағ наворҳои таҳқиркунандаи шаъну эътибори санъаткорон, фаъолони ҷомеа ва дигар шаҳрвандони касбу кори гуногунро дар саҳифаи худ бознашр мекард.

Аз ҷониби кормандони милитсия вобаста ба ин масъала бо Каримиён Маҳинбону корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ҳар нафаре, ки бо номҳои мустаор саҳифа таъсис дода, ба нашри наворҳои таҳқиркунандаи обрӯ ва эътибори дигарон машғул мешавад, фаъолияти минбаъдаи саҳифаи ӯ манъ карда шуда, ҳамзамон дар доираи қонун ба ҷавабгарӣ кашида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД