Formula novemver 2024
Давои табхол чист?
4083

Табхол дар лаб аксаран бар асари сардиву шамолхӯрӣ пайдо мешавад. Табибони мардумӣ тавсия медиҳанд, ки табхолро бо истифода аз гиёҳҳои табобатӣ муолиҷа намоем.

Инак, барои табобати табхол чанд гиёҳи санҷидашударо ба шумо пешкаш менамоем. Гиёҳоб аз пудина Гиёҳоби аз баргҳои хушки пудина омодашуда ҳамчун дастури халқӣ васеъ истифода мешавад. Барои онро тайёр кардан 1 қошуқ барги хушк ё 2 қошуқ барги тару тозаи пудинаро дар 1 истакон оби ҷӯшида дам партоед ва зарфро дар буғи об 15 дақиқа нигоҳ доред. Пас аз ин обашро полонида, баъди андаке хунук шуданаш, ба ҷое, ки табхол пайдо шудааст, дар ҳар як соат як бор молед. Лимӯгиёҳ Лимӯгиёҳ табхолро ба зудӣ даво мебахшад. Барои табобати табхол на худи гиёҳ, балки равғанашро истифода мебаранд. Як қатраи ин равғанро ба табхоли лаб молед, паҳншавии вирусро бозмедорад. Гиёҳоби бобуна Гиёҳи бобуна барои табобати герпес мувофиқ аст. Аз бобуна гиёҳчой тайёр карда вақти пайдо шудани табхол онро нӯшидану ба табхол молидан лозим аст. Гиёҳоби бобунаро ин тавр тайёр мекунанд: тақрибан 1 қошуқ гулҳои хушки бобунаро дар 1 истакон оби ҷӯшомада дам партофта, нағзакак печонида, 20-25 дақиқа нигоҳ доред. Гиёҳобро полонида, ба он 1 қошуқ прополиси дорои спирти 10 фоиза илова кунед. Маҳлули тайёршударо дар як рӯз 1 қошуқӣ 2-3 маротиба истеъмол карда ба ҷойҳои осебёфтаи пӯст молед. Муғчаҳои дарахти тӯс Боз як ретсепти дигар аз муғчаҳои дарахти тӯс барои табхоли лабро даво бахшидан пешниҳод гашта аст. Ба даруни 1 истакон шири навҷӯшомада 1қошуқ муғчаҳои дарахти тӯсро андохта, даҳонашро маҳкам кунеду 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Пас аз ин муғчаҳоро полонда гиред ва дар дока печонда ба ҷойҳои табхолдошта гузоред. Ҳар қадаре шумо ин амалиётро зиёдтар анҷом диҳед, таъсираш бештар мешавад. Табобат бо тамашк Дар табобати табхоли лаб дар баробари гиёҳҳо аз шохчаҳои сабзи тамашк (малина) низ истифода мебаранд. Шохчаҳои тамашкро нағзакак шуста, аз он атола тайёр кунед. Маҳлули тайёршударо ба ҷое, ки табхол баромадааст молида, 25-30 дақиқа нигоҳ доред. Ардаҷ доруи бебаҳост Боз як дарахте, ки барои табхол фоидааш мерасад, ин меваи ардаҷи дар арақ нигоҳдошташуда аст. Бо истифода аз қаҳвакӯбак 2 дона буттамеваи хушки ардаҷро кӯфта, 2 қошуқашро бо каме арақ омехта намуда, як шабонарӯз нигоҳ дореду баъдан онро наполонда барои сӯзонидани табхол истифода баред. Табобати табхол бо шираи чистотел Гиёҳи сабзи чистотелро якҷоя бо решааш аз гӯштқимакунак гузаронед ё бо асбобе кӯфта шарбаташро гиред. Ин шарбатро дар зарфи начандон калон тавре гиред, ки байни маҳлул ва сарпӯши он каме ҷой монад. Шишачаро дар ҷойи торик 1 ҳафта нигоҳ доред. Дар давоми як ҳафта шарбат турш мегардад. Дар ин муддат бояд сарпӯши онро чанд маротиба кушода газашро сар диҳед. Шарбати ҳосилшударо ҳамарӯза пайваста ба табхоли лабатон молед. Қошуқчаи ҷӯш Боз як усули табобати мардумӣ вуҷуд дорад, ки андаке дардовар бошад ҳам, натиҷаи хуб медиҳад. Қошуқчаи муқаррариро дар чойи ҷӯши сиёҳ нигоҳ дошта, дарҳол ба ҷойи табхол баромада гузоштан лозим аст. Амалиётро дар як рӯз чанд маротиба ба анҷом расонед. Табобат бо спирт Герпесро бо спирти 70% , одеколон ва ҳатто дорувории валокордин табобат кардан мумкин аст. Пахтачаеро дар ин доруворӣ ё спирт тар карда, ба ҷойи табхолдор гузоред. Шояд аз ин амал лабатон ба дард дарояд, вале баъдан табхол шифо меёбад. Боз як давои мардумӣ, ки ҳам аз нараку ҳам аз табхоли лаб шифо мебахшад, ин пардаи пӯчоқи тухм аст. Онро боэҳтиёт аз қабати дарунаи пӯчоқи тухм ҷудо карда гиреду ба ҷойҳои табхол баромада часпонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД