new banner new years
Домоди хушдоманфурӯш
4648

 

 Садафмоҳи тиллофурӯш ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки
ба Раҳим духтар дода, ба худаш душман мехарад

“Илоҳо хонаат сӯзад, Ашӯр, ба бачаи калонкардагит, охир наход, ки гул барин духтарамро бароварда диҳаму дар ҷавоби некиҳоям ин домоди худозадаи нокас маро дар дами пирӣ шармандаю хонавайрон кунад!

Бачаи ботарбия гуфта ба дурию роҳу азоби қишлоқ нигоҳ накарда, духтари яккаву ягонаамро додам, бехабар аз он ки ба худам домод не, душмани ҷон мехарам. Духтарамро се моҳ нагузашта, аз дар берун карданатон кам набуд, ки ин бачаи ҳаромиат маро дар айёми пирӣ дар назди дӯсту душман сархам ва аз хонаву дар маҳруму ба дидори фарзандонам зор кард. Илоҳо туро мошин занад, Раҳими кӯрнамак! Худоҷон, дасту поят шиканад ва як умр муҳтоҷу хору зор шавӣ...”

Имрӯз Холаи Садафмоҳ зор-зор гириста, Раҳимро, ки замоне домоди дӯстдоштааш буд, дуоҳои бад мекунад. Ба домодаш марг хостани ин зани 50-сола, ки замоне зиндагии шоҳона дошту ба қавле дар болои пул роҳ мегашт, бесабаб нест...

Хатои зани тиллофурӯш

Садафмоҳ дар бозор тилловорӣ мефурӯхт ва кордаш болои равған буд. Зиндагии серу пур дошт ин зан ва гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшид. Раҳим ном ҷавони сабзинаи деҳотӣ гоҳ-гоҳ ба бозор омада, аз Садафмоҳ ангуштарин, гӯшвора ва дигар ҷавоҳироти тиллоӣ мехарид. Ҳамин боис гашт, ки онҳо аз ину он суҳбат карда, мисли хешу табор шуда монданд. Аз сару либосаш маълум буд, ки Раҳим аз оилаи камбизоат аст, вале бисёр бачаи меҳрубону ботарбия менамуд, аз ҳамин хотир, Садафмоҳ нисбат ба дигар мизоҷонаш ба ин ҷавон зару зеварро арзонтар мефурӯхт ва дар дил орзу мекард, ки кошки чунин домоди хоксору самимӣ медошт ...

Ишқи бачаи қишлоқӣ

Садафмоҳ се писару як духтар дошт ва рӯзҳои серкориаш духтараш омада, ба ӯ дар кори савдо ёрӣ мерасонд. Раҳим чанд бор Маҳинаро дар ҷои кори модараш дида, ба ӯ дил баст. Маҳина духтари шаҳрии нозпарвард буд ва танҳо ба хотири шиноси модараш буданаш бо ин бачаи қишлоқӣ гап мезад. Ба Маҳина бо чашмони моломоли меҳр нигаристани Раҳимро дида, Садафмоҳ дар дил хурсанд мешуд ва орзу мекард, ки духтараш бо ин ҷавони ситорагарм оиладор шавад....

Маслиҳати хостгорӣ

Раҳим баъди ба анҷом расидани дарсҳояш ба деҳа, ба аёдати падару модараш рафту волидонаш дар сари дастурхон маслиҳат карданд, ки бояд ҳамин сол сарашро ҷуфт кунанд. Модараш пурсид, ки ягон духтари таги чашм кардагӣ дорад ё не, агар дошта бошад, бигӯяд, то ки ба хонаашон хостгорӣ раванд. Раҳим ваъда дод, ки як ҳафта пас ҷавобашро мегӯяд. Дар дили ин ҷавони деҳотӣ оташи ишқи духтари фариштарӯи тиллофурӯш аланга мезад, вале то ҳол ҳатто ҷуръат накарда буд, ки дар ин бора ба Маҳина ё модараш даҳон кушояд...

Ваъдаҳои пучи домодшаванда

Рӯзи дигар Раҳим ба шаҳр, ба назди хонаи Садафмоҳ рафт ва тамоми ҷуръаташро ҷамъ карда гуфт, ки духтари ӯро дӯст медорад, агар зид набошанд, падару модарашро ба хонаашон хостгорӣ фиристад. Садафмоҳ хурсанд шуда бошад ҳам, дудила буд, ки оё духтари бо гули қаймоқ калон кардааш ба зиндагии қишлоқ тоб меоварда бошад ё не. Вай ошкоро ба Раҳим гуфт:


Яке дод мезад, ки “даҳонашро кушоед”-у дигаре бо талвоса  “забонашро кашед –забонашро”-мегуфт. Ҳамагӣ як соат нагузашта, арӯсхона ба мотамхона табдил ёфт.
https://oila.tj/news/ishi-dukhtari-amsoya-i





 

-Росташро гӯям, орзу мекардам, ки ту барин домоди ботарбия дошта бошам, вале духтари ман бисёр эрка аст. Вай як умр дар шаҳр гули чизро хӯрдаю гули чизро пӯшида, бе ягон камбудӣ калон шудааст. Зиндагии деҳа бисёр мушкил аст, ба ғайр аз кору бори хона боз гову мол, гандумдараву алафдарав, ғунучини ҳосили боғ... Ба гумон аст, ки Маҳина ба зиндагии қишлоқ тоқат кунад...

Раҳим дудила шудани Садафмоҳро дида, бо дили пур гуфт:

-Холаҷон, зиқ нашавед, баъди тӯй аз шаҳр хона мехарам ва ҳамин ки чиллаи арӯсию домодиамон баромад, Маҳинаро ба шаҳр меорам.

Ваъдаи домодро шунида, табассум дар лабони зани тиллофурӯш гул кард ва ба Раҳим гуфт, ки метавонад охири ҳафта падару модарашро ба хостгорӣ фиристад...

Сароби бахт

Дар рӯзи ваъдагӣ Раҳим падару модарашро ба хонаи холаи Садафмоҳ хостгорӣ фиристод. Дар назди меҳмонҳо чунон дастурхони зебое оростанд, ки падару модари домодшаванда чунинашро дар умри сарашон надида буданд. Маҳина Раҳимро дӯст надорад ҳам, ба хотири модараш розигӣ дод ва ҷавононро фотиҳа карда, рӯзи тӯйро муайян намуданд.

Ҳамин тавр, аз байн як моҳ нагузашта, тӯйи арӯсию домодии онҳо барпо гашт. Маҳина дар либоси арӯсӣ парии афсонавиро мемонд. Раҳим меболид, ки духтари зеботарини шаҳрро ба занӣ гирифтааст. Шабнами Сурайё, Зулайхову Садриддин ва дигар сарояндаҳои номдор маҳфилро бо сурудҳои шӯхи ошиқона тарабобод карданд. Модари арӯс аз хурсандӣ ашки шодӣ мерехт, вале...

Азобҳои арӯси шаҳрӣ

Азбаски Маҳина духтари ягонаи оилаи сарватманд буд, волидонаш ӯро аз кӯдакӣ эркаю азиз карда, намемонданд, ки дасташро ба оби хунук занад. Онҳо хизматгор доштанду тамоми кору бори хонаро ҳамон зан мекард. Дар хонаи модараш Маҳина танҳо худашро орову торо дода, консерт ба консерт мегашт, аз ҳамин сабаб, дар хонаи хушдоман сахт азоб кашид. Аз тӯй ҳанӯз як моҳи пурра ҳам нагузашта, азобу шиканҷаҳои келини шаҳрӣ сар шуд, чунки вай умуман ба кору бори деҳа сарфаҳм намерафт. Модари Раҳим ба ҳар як кору бори Маҳинаи арӯсак эрод гирифта, мудом ӯро сарзаниш мекард, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, қайсингилҳояш низ ӯро наҳ зада, мегуфтанд, ки тамоми духтарҳои деҳа дар орзуи Раҳим буданд, вале ин бача кӯр шуда, як лӯхтаки зиндаро, ки ба ғайри причёска кардану мисли ҳофизаҳо ба рӯю чашму лабонаш сад хел ранг молидан дигар ягон ҳунар надорад, ба занӣ гирифтааст...

Бадгӯиҳои модару хоҳаронаш ба Раҳим низ бе асар намемонданд ва домоди қишлоқӣ Маҳинаро сарзаниш мекард, ки ин ҷо шаҳр нест, ба ҷойи нохунҳояшро мисли Шабнами Сурайё дароз кардану бо нозу ишва роҳ гаштан куртаҳои васеи остиндароз пӯшида, ба сараш ягон рӯймоли калонтар бандад ва зудтар кору бори хонаро ёд бигирад. Маҳинаи худхоҳу эрка ба ғазаб омада, ба сари шавҳараш дод мезад:

-Ту медонистӣ, ки ман духтари шаҳрӣ ҳастам ва ҳаргиз аз паси гову гӯсола намегардам, чаро дидаву дониста маро ба занӣ гирифтӣ?! Пеш аз тӯй ба модарам чӣ ваъда дода будӣ? Магар нагуфтӣ, ки аз шаҳр хона мехарам ва ҳамин, ки чиллаи арӯсиамон баромад, Маҳинаро ба шаҳр меорам. Ба ҷойи он ки ба аҳдат мардак барин вафо кунӣ, ту имрӯз ба сари ман дод мезанӣ?! Ба хоҳаронат бигӯ, ки ба ман кордор нашаванд, вагарна пӯстинамро чаппа пӯшида, чунон мекунам, ки аз таваллуд шуданашон пушаймон мешаванд...

Раҳим байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонист. Онҳо каме пул доштанд, агар хона хариданӣ шавад, албатта хушдоманаш ҳам ёрӣ мерасонд, вале падару модараш ду пояшонро ба як мӯза андохта мегуфтанд, ки фикри ба шаҳр кӯчиданро ҳатто ба гӯшаи хаёлаш низ наорад, то мурдаю зиндаи онҳоро саришта накунад, ба ягон ҷо намеравад. Келини шаҳрӣ дар фикри зиндагӣ бошад, кору бори қишлоқро ёд гирад, вагарна ӯро бурда дар хонаи очаҷонаш мемонанду ба Раҳим аз деҳаи худашон ягон духтари ҳанӯз очааш мучӣ накардагиро гирифта медиҳанд...

Хона не, дӯзах

Ҳамин тавр, аз байн шаш моҳ гузашт. Дар ин миён Маҳина чанд бор бо хоҳаршӯйҳояш рӯканию мӯканӣ карда, бо додарони шавҳараш даст ба гиребон шуд ва ҳатто дар сари қаҳр боре косаро ба сари хушдоманаш, ки ҳар рӯз ба ҳар як кори ӯ эрод гирифта, ҷонашро ба лабаш оварда буд, ҳаво дод. Раҳим дид, ки зани шаҳриаш бо гапи хуб “одам” намешавад, чанд маротиба Маҳинаи эркаро зери мушту лагад гирифт. Арӯсаки шаҳрӣ дар чунин лаҳзаҳо бо тамоми овоз дод мегуфт, ки дар ин қишлоқи пӯсидагӣ бо хоҳару додарони аз маданият қафомондаи Раҳим зистан ба дилаш задааст, беҳтараш ӯро ин қадар азоб надода, талоқашро диҳаду бурда дар хонаашон монад...
(Идомаашро фардо соати 22-00 мутолиа кунед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД