Arzon march 2024
Бачаи гиторбадасти шаҳрӣ
3271

 

Далер Назаров бори аввал соли 1979, вақте ҳамагӣ 20 сол дошт, бо таронаи "Эй парӣ” - саундтреки филми машҳури "Нахустин субҳи ҷавонӣ”-и Давлати Худоназар, ки дар байни мардум бо номи "Нисо” маъруф аст, вориди майдон шуд ва инак, 32 сол боз дар радифи ситораҳои аввали эстрадаи мост.

 


Ҷавонони роҳгузари ба доми макри блогерҳо афтида, дар вазъияти ногувор монда, бо номи Худованд ва китоби муқаддаси “Қуръон “қасам мехӯранд, ки дилу нияти бад надоштанд, баръакс хостанд ёрӣ расонанд, вале дугонаҳои шаттоҳ ва бешарму ҳаёи Рустам қасам мехӯранд, ки ин ҷавон сари роҳашонро гирифта, гап партофт.



Он айём давроне буд, ки аксари овозхонони тоҷик аз муҳити русто бархоста, табъан як аккордеон сари китф ва ҳавои таронаҳои тӯёна дар сар вориди майдони ҳунар мешуданд, аммо Далер Назаров аз аввал аз бақия фарқ мекард. Ӯ, ки писари вазири вақти фарҳанги Тоҷикистон Меҳрубон Назаров ва домоди раҳбари аввали вақти кишвар Раҳмон Набиев буд, аммо бо ин ҳама ҳунару истеъдод бе унвон монд.

Далер Назаров дар муҳити шаҳр бузург шуда, чун дигарон на бо аккордеону таблак, балки гитор дар даст ва бо ҳамон руҳияи саркашу шӯрида ва олуда ба эътирози "бачаҳои шаҳр” ба саҳна баромада буд. Аз ҳамон оғоз ҳарчӣ мегуфт, нав буд ва бо як сабки хосе, ки акнун бо гузашти беш аз 3о сол ҳамчун сабк ва мактаби Далер Назаров ёд мешавад, аммо ҳеҷ гоҳ барои соҳиби унвон гаштан талош накрад.
Худи ӯ мегӯяд:

"Фақат инро мехоҳам, ки мардуми ман аз будани ман иштиҳо пайдо кунад, ки мусиқиро зиёдтар дӯст дорад. Ман дар ин роҳ фақат як пиллача ҳастам, як қадамам ҳамагӣ, то дигаронро дастгирӣ кунам. Худам низ ҳамеша дар ҷустуҷӯям. Мақсаду мароми дигаре надорам – фақат роҳ, роҳ, роҳ.”

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД