Arzon march 2024
Чаро Рустам Ашӯров мардуми тоҷикро "аҳмақ" мекунад?
9027

 Рустам Ашӯров, яке аз блогерҳои ба қавли худ машҳури Тоҷикистон дар ” You Tube” каналаш “пранк”-еро зери унвони “Пранк туҳмат бо дугонаҳои хуҷандӣ” нашр кардааст, аммо он “пранк”-ро “пранк”-и туҳмат нею “пранки таҳқир” бояд номид.


Дар навор дугонаҳои хуҷандии Рустам аз ҷавонписарони роҳгузар илтимос мекунанд, ки суратҳисоби телефонашон тамом шудааст ва барои занги фаврӣ барояшон телефон зарур аст. Вақте ки ҷавонони ғофил аз макри блогерҳо телефонашонро медиҳанд, Рустам пайдо мешавад ва худро бародар ё ошиқи он духтар вонамуд карда, ҷавонмардони бегуноҳро тергав мекунад, ки чаро ба хоҳар ё арӯси ӯ чашм ало карда, гап дода истодаанд. Ҷавонони роҳгузари ба доми макри блогерҳо афтида, дар вазъияти ногувор монда, бо номи Худованд ва китоби муқаддаси “Қуръон “қасам мехӯранд, ки дилу нияти бад надоштанд, баръакс хостанд ёрӣ расонанд, вале дугонаҳои шаттоҳ ва бешарму ҳаёи Рустам қасам мехӯранд, ки ин ҷавон сари роҳашонро гирифта, гап партофт. Ин блогери ба қавли маъруф “буққа” аз сустиродагии баъзе ҷавонон истифода бурда, маҷбурашон менамояд, ки дуқад шуда аз духтар бахшиш пурсанд.

 


Аз рӯи нақли шоҳидони ҳол гуноҳи мӯйсафеди бечора танҳо ҳамин будааст, ки ба писараш “чаро говро нигоҳ накарадӣ?” гуфта, каме баланд гап задааст. Барои ҳамин қадар гап писари бераҳм падарро зери мушту лагад гирифта, чунон лату кӯб мекунад, ки мӯйсафеди бечора дар хуни худ ғарқ шуда, дар ҳолати вазнин ба бемористон меафтад...


Ҳамин тавр, дар муддати 22 дақиқа ин блогерҳо ба асабҳои мардум нохун зада, ҷавононро мазоқу масхара мекунанд. Яке аз ҷавонписарон ба духтар муроҷиат намуда мегӯяд: “Хоҳар, охир худатон илтимос карда, телефони маро гирифтед. Ҳозир гуфта истодаед, ки гӯё ман рақамҳои телефонатонро гирифта бошам. Аз Худо битарсед!”.

Духтари беҳаё дар ҷавоб ҷавони бечораро мазоқкунон мегӯяд: “Ҳо метарсам. Ту ба ман гуфти, ки духтарак рақамҳои телефонатро деҳ, Маъқул шудӣ. Ман не гуфтам. Ту маро ғам дода истодаӣ”. Пасон духтари маккора ба Рустам, ки гӯё ошиқаш аст, муроҷиат карда мегӯяд: “Наход ту ба гапи ин бача бовар кунӣ? Ба ҷойи маро пурсупос кардан, бояд муҳофизат кунӣ..."

Дар давоми 22 дақиқа Рустам бо ҳамин усул ҷавонони зиёдеро бо алфози қабеҳ мазоқу масхара карда, шаъну шарафи онҳоро паст мезанад ва ба ҳолашон механдад. Ин блогери мағрур ҳатто дасти як ҷавонро бо зӯрӣ бардошта, ба рӯйи худаш шаппотӣ мезанад. Дар лаҳзаи дигар ба тарафи ҷавон бо дасташ ишоракунон таҳдид намуд: “Ҳозир якта мезанамта гарени мешӣ!”.
Хуллас, навор саршор аз гапҳои қабеҳ буда, тамошояш бисёр нафратовар аст. Ин видеоро 232 478 кас тамошо карда, дар зераш 5790 шарҳ мондаанд. Аз шарҳҳо аён аст, ки тамошобинон низ ин амали блогерро қабул накарда, таҳдид намудаанд, ки агар ӯро вохӯранд, адабашро медиҳанд.


Аз ҳама нафратовараш дар ин навор рафтори дугонаҳои хӯҷандии Рустам аст, ки бо лафзи кӯчагӣ, гоҳ тоҷикию гоҳ русӣ бесаводона ҳарф зада, аз худ маликаи интернет тарошидан мехоҳанд. Аз хандаҳои осмонкаф ва бемаданиятонаи ин духтарҳо нафрати кас меояд. Ин духтарҳо бо рафтори худ номи духтари тоҷикро паст мекунанд. Ногуфта намонад, ки ин аввалин пранки таҳқиромези Рустам нест. Қаблан низ ин блогери “машҳур” чунин пранкҳои бемаъниро дар ютуб-канал паҳн менамуд, ки яке аз онҳо дар мавзуи гӯшти хук буд. Аксари сокинони кишварамон мусалмон ҳастанд ва ҳамагон хуб медонанд, ки хӯрдани гӯшти хук барои мардуми мусалмон ҳаром аст. Блогер инро дидаву дониста ба роҳгузарон ҳасиб пешкаш мекунад ва баъди он ки онро чашиданд, мегӯяд, ки гӯшти хук буд. Омон ба ғазаб омада, ӯро дашном медиҳанд ва ҳақораткунон бо роҳашон мераванд. Магар бозӣ кардан бо эҳсосоти мардум ва нохун задан ба асабҳои сокинони Тоҷикистон, ки бе ин ҳам аз душвориҳои зиндагӣ хаставу афгор ҳастанд, аз рӯйи одоб ва одаму одамгарист? Кӣ ба ин блогери худхоҳ иҷозат додааст, ки асабҳои мардумро ҳар гоҳе, ки хоҳад ва бо ҳар усуле, ки мехоҳад, хароб намуда, бо ҳамин восита пул кор кунад?! 
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба куҷо менигариста бошанд? Наход ягон ватандори асиле ёфт нашавад, ки лаҷоми чунин блогерҳои “буққа”-ро як бор нағзакак кашида монад, то ки дигар бо эҳсосоти мардум бозӣ карда, миллати тоҷикро мавриди мазоқу масхара қарор надиҳанд?!

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД