Sebiston new 2024 october
Душанбе:Гунаҳкори чаппа шудани мошини ёрии таъҷилӣ кист?
6747
Душанбе:Гунаҳкори чаппа шудани мошини ёрии таъҷилӣ кист?

Имрӯз, 1-декабр тақрибан соати 14:00 дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе мошини ёрии таъҷилӣ ба садама дучор гардид.   Қобили тазаккур ҳаст, ки дар чорроҳаи назди боғи Алишери Навоӣ ҳангоми сурх будани чароғак мошини ёрии аввалини тиббӣ бо суръати баланд ҳаракат дошт, ки ногаҳон аз тарафи рост автомобили тамғаи “Toyota Camry” баромада, бо он бархурд.  Дар натиҷа ронандаи мошини ёрии аввалини тиббӣ дар ҳолати садамавӣ натавонист чаппа шудани нақлиёти тиббиро пешгирӣ намояд.

 


Субҳи имрӯз Фирӯз Мирзоев бо дили пурормон аз дунё чашм пӯшид. Падари ғамзадаи Фирӯзи ноком мехоҳад ҷисми беҷони фарзандашро ба хонааш оварда, бо расму оини мусалмонӣ ба хок супорад, аммо барои ин кор маблағ надорад.

 


Дар дохили автомобили ёрии таъҷилӣ  ронанда ва духтур буданд. Дар натиҷаи садама дасти ронандаи ёрии таъҷилӣ маҷрӯҳ шуда, зонуҳои духтур каме сухтаанд. Хуллас, дар вақти садама аз ҳар ду ҷониб ягон кас ҷароҳати вазнин набардошт ва осебдидагон сари вақт ба беморхона интиқол ёфтанд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД