shoh palace
Мурдаи тоҷикбача аз бепулӣ дар Русия мемонад?
3847

 

Боз як ҷавони 21-солаи тоҷик дар Русия қурбон гашт. Фирӯз Мирзоев ҳанӯз ду моҳ қабл, санаи 22-юми сентябр дар шаҳри Оренбурги Русия ба садама дучор шуда, сахт ҷароҳат бардошта буд.

Табибони рус барои аз панҷаи марг наҷот додани ҷони ин ҷавон хеле талош варзида бошанд ҳам, кӯшишҳояшон ягон натиҷа надод. Субҳи имрӯз Фирӯз Мирзоев бо дили пурормон аз дунё чашм пӯшид. Падари ғамзадаи Фирӯзи ноком мехоҳад ҷисми беҷони фарзандашро ба хонааш оварда, бо расму оини мусалмонӣ ба хок супорад, аммо барои ин кор маблағ надорад. Шахсоне, ки дасти фароху имконият доранд ва мехоҳанд дар интиқоли ҷасади ин ҷавони тоҷик ба Ватан дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зада, бо падари ин ҷавони ғӯррамарг Сарабек Мирзоев дар тамос шаванд:

 

+792-66-92-83-52 ва +799-99-91-88-45

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД