Arzon march 2024
Зани тоҷик дар ҳаҷ мурд ва дубора зинда шуд
8495


Як пиразани 70-солаи тоҷик бо номи Саҳмия-хола ба зиёрати Хонаи Худо рафта, ҳангоми тавофи Каъба ва ба ҷо овардани маросими ҳаҷ аз олам даргузаштааст, аммо баъдан ин ҳоҷибибӣ дубора зинда мешавад.

Дар ин бора чанд лаҳза қабл яке аз ҳамдеҳагони Саҳмия-хола ба сомонаи Оила-ТЧ хабар дод.

Тавре ки ин ҳамдиёри ҳоҷибибӣ мегӯяд, Саҳмия-хола дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекард ва аслан фарзанд надошт. Қайсингил, яъне хоҳаршӯяш аз барои савоб Саҳмияхоларо ҳамроҳи худ ба ҳаҷҷи умра мебарад. Ҳангоми зиёрати Маккаи мукаррама аҳволи Саҳмия-хола якбора бад шуда, аз ҳуш меравад. Табибони араб баъди ташхис мегӯянд, ки ин зан аллакай вафот кардааст.
Хаҳаршӯйи Саҳмия-хола моҷарои марги янгаашро ба ҳамдеҳагони хеш чунин қисса кардааст:
“Гуфтанд, ки аллакай ҷон ба ҷонофарин супурдааст, ҳарчанд зорӣ кардам, иҷозат надоданд, ки рӯйи янгаамро бубинам. Фақат ҳамин қадар гуфтанд, ки ҳукумати мо барои ба мулки худашон фиристодани ҷасади касоне, ки дар ҳаҷ вафот мекунанд, иҷозат намедиҳад. Мо ин занро дар ҳамин ҷо ба хок месупорем. Танҳо фарзандонаш ҳақ доранд, ки дар муддати 5-сол гӯри модарашонро зиёрат намоянд. Маро ҷуз бозгашт ба Ватан дигар илоҷе набуд. Пас аз зиёрати Каъба бо чашмони гирён ҳамроҳи гурӯҳ ба Ватан баргаштам...”
Баъди бозгашт ба Тоҷикистон хоҳаршӯяш маросимҳои мотамии Саҳмия-холаро бо обрӯ гузаронида, оши ҳафт ва чили янгаи бе писарашро медиҳад, аммо пас аз 28-рӯз хабар расид, ки Саҳмия-хола зинда аст.
Аз рӯйи нақли ҳамсуҳбати мо аллакай ҳуҷҷатҳои ин пиразани хуштолеъро барои бозгашт ба Ватан омода намудаанд. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ин ҳоҷибибии аз он дунё баргашта, аз мулки араб зиндаву саломат ба хона бар мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД