Чанд лаҳза пеш ба идораи Сомонаи оила тч хабар расид, ки Иқболҷон Норов дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент ҷон додааст.
Тавре ки пештар хабар дода будем, 5 нафар согкинони деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент Иқболҷони 15-соларо бераҳмона лату кӯб карда,ба сараш бо санг зада буданд. Дар натиҷаи ин зарбаи сахту сангин ин навраси 15-сола аз ҳуш рафта, ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд.
Муддати 8 шабонарӯз Иқболҷон дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии шахри Панҷакент дар ҳолати КОМА қарор дошт.
Ду рӯз пеш амаки Иқболҷон дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ гуфта буд, ки барои наҷот додани ҷони ӯ аз Самарқанд ва Душанбе профессорҳоро оварданд, аммо табибон ба шифо ёфтани Иқболҷон кафолат надода, бо як овоз гуфтанд, ки майнаи сар варам кардаасту зинда мондани бемор имкон надорад. Бо ин ҳама волидон ва пайвандони Иқболҷон умедихудро аз даст надода,то лаҳзаи охирин барои фишо ёфтани ҷигарбандашон чизеро дареғ надоштанд, аммо...
Талоҳшҳои табибону орзуҳои волидонаш барбод рафт. Иқболҷони аз сад гул як гулаш нашкуфта ҳатто як бор ҳам чашмонашро накушода, чанд лаҳза пеш дар беморхона ҷон ба ҷонофарин супурд. Ҷасади ин навраси нокомро ба зодгоҳаш, деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент бурданд.
Ногуфта намонад, ки дар тули як моҳи охир ин дуюмин ҳодисаи нохуше мебошад, ки дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент руй дода, ба қавле боиси марги маҷбурӣ мегардад. Қабл аз Иқболҷон-Наргис Юнусова, як арӯсаки шашмоҳа аз ин деҳа ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашта буд. Пайвандони Наргис дар марги ҷигарбандашон хушдоман ва хошҳарҳӯйи ӯро гунаҳкор медонанд.