Formula novemver 2024
Садамаи хунин дар назди Раёсати БДА
7352

Дар роҳи пиёдагарди назди Раёсати БДа-и шаҳр садама сар зада, бар асари он се нафар- як писарбача ва ду зан аз по афтиданд. Тавре, ки шоҳиди ин ҳодиса Оксана Ксения дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, дар ин ҳодиса бепарвоӣ ва бетарафии шоҳидон ба назар расид. Ӯ мегӯяд ба расм нигаред, шояд писарбачаро шинохта, ба наздиконаш хабар медиҳед. Кӯдак дар ҳоли вазнин қарор дорад.

Марде кӯдакро бардошта, аз ронандагон хоҳиш мекард, ки бачаро ба беморхона баранд, вале бо сабаби он ки либосҳои кудак пур аз хун буданд, нафаре аз ронандагон мошинашро нигоҳ намедошт. Шавҳари ман мошинашро нигоҳ дошту кӯдакро ба беморхона бурдем. Вақте ба назди беморхонаи Қарияи Боло расидем, моро ба беморхона ворид шудан намемонданд, ҳол он ки ҳар лаҳза барои ҷони кӯдак азиз буд. Бо як азоб кӯдакро ба беморхона даровардем, табибон тамоман ба кӯдаки ҷароҳатдида нигоҳ накарда, ӯро ба шуъбаи кудакона фиристоданд. Табибони «ҳозиқ» кӯдакро ба кат партофтанду халос. Наздаш истода, коре накарданд, танҳо дасту пояшро бардошта сар доданду халос. Рафту устухонҳои кудак шикаста бошанд, ӯро ҷунбонидан мумкин нест ку! На сузандору, на қатрадору, на ренген, ҳеҷ чиз! Магар ин амали духтурон дуруст аст?
Рафту чунин фалокат бо фарзанди худи онҳо рух медод??? Наход ҳаёти одамӣ чунин беарзиш гашта бошад?
Сипоси бе андоза ба марде, ки дар ҷои садама кӯдакро бардошта мошин қапидааст, ҳол он ки ду зани дигар дар ҳамон ҷои садама оғуштаи хун мехобиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД