Sebiston new 2024 october
Маскав: Муҳоҷири тоҷик дар садама пора-пора шуд (3-акс)
28.06.2019
Р. Азимӣ
8169

Дирӯз, тахминан соатҳои 11-и рӯз дар шаҳри Маскав садамаи нақлиётӣ рух дода, як мошини калони боркаш бо мошинаи сабукрав бархӯрд.

Дар натиҷаи ин садамаи хунин боз як муҳоҷири тоҷик дар ғурбат ҷони ҷавони хешро ба сахтӣ ба ҷонофарин супурд.

Меҳроб Самадови 22-сола, зодаи ноҳияи Варзоб буда, чанде пеш ба хотири ҷамъ кардани пул барои гузаронидани тӯйи домодиаш ба Русия мардикорӣ рафта буд. Меҳроб дар шаҳри бузурги Маскав дар як сохтмони азим ба ҳайси прораб кор мекард. Ин ҷавони меҳнатқарин бо садҳо умеду орзуҳои ширин маблағи меҳнаташро ҷамъ мекард, то ки дар Ватан тӯйи зебое ороста, бо духтари покдомоне хонадор шавад, аммо тақдир амалӣ гаштани орзуҳояшро ба ин шаҳбачаи ормонӣ насиб надид.

Рӯзи 27-уми июн дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ин шаҳбачаи ноком ҷони ҷавонашро ба сахтию зориҳо ба ҷонситон супурд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ҷисми Меҳроб дар натиҷаи зарбаи сахт пора-пора гаштааст.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои интиқоли ҷасади Меҳроб Самадов ба Ватан маблағ ҷамъ карда истодаанд ва аз тамоми одамони саховатманд хоҳиш доранд, ки ба қадри имкон ва тавоноии худ дар ин кори савоб саҳми хешро гузоранд.
Рақами суратҳисоби бонкӣ:
Сбербанк: 4276380137601238
Наҷмиддин Самадов

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Ммм 2019-06-28, 22:37
Э Худочон дига метарси ки тарафи расияара номша бгири
Посух
Зарина 2019-06-28, 22:50
ХАБАРИ НОХУШИ ДАХШАТАНГЕЗ,ХЕЛО ГАМГИН ШУДЕМ ВА БО АХЛИ ХОНАВОДАИ ин навчавони гурамарг хамдард хастем.Ба Хамаи мухочирони точик аз номи точикистониен эхтиеткориву тандурустихоро орзумандем илохо хамаи шумоенро Аллох нигахбон бошад.Худованд ин шахбачаро рахмативу чанати намояд ва ба наздиконаш сабри илохиро арзони намояд.Сахт гамгинем....???
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД