arzon replenishment
Тамошои филмҳои фаҳш бефарҳангист ё беморӣ?
2837

 

Ҷавонзани 28-солаи соҳиби ду фарзанд ҳастам. Оилаи мо қариб ба вайроншавӣ расидааст.

Қариб ҳар шаб байни ману ҳамсарам барои ҳамбистарӣ ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Шавҳари бешармам ҳар хел дискҳои фаҳшро ба хона оварда, шаб то саҳар фақат занҳои урёнро тамошо мекунад ва аз ман талаб менамояд, ки амалҳои онҳоро такрор намоям. Ман ҳамчун зани мусалмон ба чунин корҳои фаҳш розӣ намешавам. Вақте ки хоҳиши шавҳарамро рад мекунад, сахт ба ғазаб омада, девонавор маро зери мушту лагад мегирад…

Рамзия, ш. Хуҷанд

Посух:

Хоҳари азиз Рамзиябону! Ман гумон мекунам, ки шавҳари шумо бемор аст. Шавқу ҳаваси аз ҳад зиёди мардро ба тамошои наворҳои фаҳш ва акси занони урён бо забони тиббӣ вуалеризм ва визионизм меноманд. Мардони гирифтори ин беморї дар худ хоњиши маѓлубнашавандаи дидани њаракатњои вобаста ба њамхобагиро эњсос мекунанд. Насиҳат ва ҷангу ҷанҷол фоида надорад, ин мушкилро танҳо бо кӯмаки табибон метавон ҳал кард. Ба шавҳаратон фаҳмонед, ки ба равоншинос, уролог ва сексопатолог муроҷиат намояд. Дар сурати сари вақт ба табибон муроҷиат накардан ҳамсаратон аз вуалеризм халос шуда наметавонад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД