Formula novemver 2024
Дугонааш рақси Нурияро ба интернет партофту...
20.10.2019
Шаҳло
2756

 

Замираву Нигинаву Барно бегоҳӣ дар зодрӯзи ҳамсинфашон Нурия ҷамъ омада, ба қавле ташкилӣ карданд.

Нурия духтари шӯхе буд ва баъди ду ҳафта бояд тӯйи арӯсиаш баргузор мешуд. Домодшавандаро Барно ҳам дӯст медошт ва пайти муносиб меҷуст, то онҳоро аз ҳам ҷудо карда, Масрурро аз худ кунад. Онҳо баъди оши палавро хӯрдан ба рақсу бозӣ сар карданд. Барно Нурияро маҷбур кард, ки ба миёнаш тур баста, рақси ҳиндӣ кунад. Нурия нияти нопоки дугонаашро пай набурда, мисли раққосаҳо миёнашро баста ба рақсидан даромад. Вай хеле зебо мерақсад. Барно рақси дугонаашро дар телефонаш сабт карда ба Нурия офарин мехонд, вале…

 


Домодшавандаро Барно ҳам дӯст медошт ва пайти муносиб меҷуст, то онҳоро аз ҳам ҷудо карда, Масрурро аз худ кунад.

1CXtuypwaaDxzLQOWstLf4VEuk2hkSIZbozSuFmM


 

Чор рӯз пас домодшаванда ба хонаашон омада бо қаҳру ғазаб ба волидони Нурия гуфт, ки вай фотиҳаро мегардонад. Вақте сабабашро пурсиданд, Масрур бо қошу қавоқи гирифта гуфт:

-Дар тамоми телефонҳо ва канали Ютуб рақси ҳиндии духтаратон сабт шудааст. Ман зани рақосса намегирам!

Бо шунидани ин гап хун ба сари падари Нурия зад ва духтари бечораро чунон лату кӯб намуд, ки хун аз даҳону биниаш ҷорӣ гашт. Нурия зор-зор гириста мегуфт, ки дар хонаи худашон дар назди се дугонааш рақс карда буд, на дар ягон фоҳишахона, вале касе ба қавлу қасами ин арӯси бадбахт бовар намекард.

Баъдтар маълум шуд, ки Барно бо воситаи як шиносаш рақси Нурияро ба сомонаи Ютуб гузоштааст, то ки ӯро шарманда карда аз Масрур ҷудо намояд. Бародари калонии Нурия ин хабарро шунида, ба хонаи падари Барно рафт ва кор ба кордкашӣ расид.

Барно дар пеши пойи Нурия афтида гиряву зорӣ мекард, ки ӯро бубахшад, аммо магар чунин дӯстро бахшидан мумкин аст?
Хоҳаракони азиз, аз саргузашти талхи Нурия панд гирифта, дар пеши касе шӯхию бозӣ накунед, зеро имрӯз дӯстро аз душман шинохта намешавад…

Шаҳло, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД