Formula september
Арӯс аз дискотека
7980

 

ё чи тавр як зани бероҳа ҳаёти мардро ба дӯзах табдил дод?

 “Ах какая женшина!”
Возле столика на против,
Ти сидиш а пол оборота,
Вся в луче ночного света,
Так само случилос вдруг,
Что слова сорвалис с губ,
Закружила говолу хмелную,
Ах какая женишина,
Какая женшина, мне би такую...

 Сарояндаи рус ин сурудро чунон пурҷозиба мехонд, ки қалби кас хоҳ-нохоҳ лабрези эҳсосоти ширини ошиқона мегашт. Ҷавонони зиёде дар дискотека худро чун мор печутоб додаю пайкарашонро ларзонда бо шавқ рақс мекарданд, вале мани масту махмур ду чашмамро ҳеҷ аз духтари нимурёне, ки дар мизи муқобил нишаста, ҷуръа-ҷуръа виски менӯшид, канда наметавонистам. Аз чашмҳои сиёҳу бозингари ин духтар ба қавли кампири бибиам “алов мерехт” ва аён буд, ки сари чандин мардро хӯрдааст, вале дили саркаши мани хунгарм ба ин “фариштаи дӯзах” моил гашта, ҳар замон васваса мекард, ки бахтатро аз даст мадеҳ. Мӯйи қатрон барин сиёҳ ва абрувони пайвастааш аз он гувоҳӣ медоданд, ки духтар рус нест. Аз дил гузарондам, ки эҳтимол ин парӣ аз Қафқоз ё лӯлидухтар бошад. Ҳарчи бодо бод гӯён, калавида-калавида ба он парии ношинос наздик шудам ва аз худ ҷавонмарди асил тарошида, ба фурӯшанда гуфтам: “Дили ин зебосанам чизе, ки мехоҳад, бидеҳ, пулашро ман пардохт мекунам...”

Рафтори ҷавонмардони ман ба духтар хуш омада, ширин табассум кард. Барои ман барин ҷавони серпул, ки чанд сол боз дар Русия зиндагӣ карда, умраш дар чунин ҷойҳои дилхушӣ гузаштааст, ҳамин кофӣ буд, ки дар рӯ ба рӯйи маликаи ҳавасҳоям нишаста, бо ӯ наздиктар шинос шавам...

Он нозанини балои ҷон, ки ман ӯро аз Қафқоз гумон кардам, дар асл ҳамшаҳрии худам-тоҷикдухтар будааст. Волидонаш ба ӯ номи зебое гузоштаанд-Дилрабо. Дар ҳақиқат дилрабо буд шиноси навам ва бо табассуми ошиқкуш гуфт:

-Дар ин ҷо ягон кас номи аслии маро намегирад. Ҳама маро Диля мегӯянд...

 “Фаришта”-и дӯзах

Аз дискотека ману Диля якҷоя баромадем ва ба таксӣ нишаста ба иҷорахонаи ман рафтем. Духтар дар муносибатҳои шаҳвонӣ дар ҳақиқат “усто” будааст, дар вохӯрии аввалин вай бо навозишҳои аҷибаш маро чунон обу адо кард, ки мафтунаш гаштам. Намедонам ин фариштаи дӯзах чӣ сеҳру ҷоду дошт, ки дасташ ба баданат расид, ҷонат ҳузур мекард. Мехостам тамоми умр бо ин зан бошам ва ҳаргиз аз оғӯши гармаш берун наравам...

Мо он шаб то саҳар мисли оҳанрабо ба ҳамдигар часпида, он қадар якдигарро бӯсидему навозиш кардем, ки лабу даҳонамон аз бӯсобӯсии бисёр варам кард...

 Дар доми ишқ

Хуб медонистам, ки Диля як фоҳишаи кӯчагӣ аст, аммо як шаби айшу ишрат бо ин зан кифоя буд, ки ӯ маро ғулом карда гирад. Акнун ман мисли соя аз паси ӯ мегаштам ва тайёр будам тамоми дороиямро дар пеши пояш бирезам. Ба падару модарам дигар ҳатто як тин пул намефиристодам, тамоми маблағи кор мекардаам сарфи сайру саёҳат ва дилхушӣ бо Диля мегашт.

Мо қариб ҳар бегоҳ ба дискотека мерафтем ва нимаҳои шаб ба иҷорахонаи ман баргашта, то саҳар бо айши пургуноҳ машғул мешудем. Диля чунон шаҳватпараст буд, ки ҳеҷ аз ишқварзӣ хастаю безор намешуд. Дар бистар вай чунон нолишҳои ширин мекард, ки ман худро “супермен” эҳсос карда, мехостам гаштаю баргашта марди мардон буданамро исбот намоям...

 Арӯс аз дискотека

Пас аз се моҳи ишқварзӣ қарор додам, ки Диляро ба занӣ мегирам. Бародаронам, ки дар Маскав ҳамроҳи ман кор мекарданд ва аз қиссаи ишқи пургуноҳи мо огоҳӣ доштанд, майли бо як духтари кӯчагӣ хонадор шудани маро фаҳмида, қариб девона шуда буданд. Акаам дар умраш бори аввал ба сарам мушт бардошта гуфт:

-Аҳмақ, ман номаъқулиҳои туро бо ин фоҳиша танҳо як шурӯ шавқи ҷавонӣ пиндошта то ин вақт ҳеҷ чиз намегуфтам. Гумон доштам, ки то зан гирифтанат тасфи дилатро бо ин арӯси аз дискотека ёфтаат хунук карда, баъд аз паси зиндагиат мешавӣ, вале маълум мешавад, ки ин духтар туро тамоман девона кардааст. Касофати худозада, охир кадом марди бо нангу баномус духтари аз дискотека ёфтаашро ба занӣ мегирад? зане, ки пеш аз ту оғӯши сад марди дигарро гарм кардааст, магар зан мешавад?! Девонаӣ, ки ҳаётатро бо дасти худат сӯзондан мехоҳӣ? Тезтар ҷилу ҷайданатро ҷамъ карда ба хона рав, пиру кампир аз деҳа бароят ягон арӯси зебои бамаънӣ ёфта, саратро ҷуфт мекунанд. Зан, ки гирифтӣ, дигар ин фоҳиша ҳатто ба ёдат намерасад...

-Ба ман ягон зани дигар лозим нест, хоҳед-нахоҳед Диляро мегирам,-гуфтам дар ҷавоб қотеъона ва аз паси харидани чипта шудам...

 Тӯйи бе доира

Хулласи калом, Дилро ҳамроҳи худ аз Маскав ба Тоҷикистон бурдам. Падару модарам аз “арӯс” овардани ман хурсанд набошанд ҳам, аз рӯйи таомули тоҷикона Диляро ба хона роҳ дода, меҳмондорӣ карданд. Вақте гуфтам, ки ин духтарро ба занӣ мегирам, модарам зор-зор гиря карда гуфт:

-Наход, гул барин писари босаводи ман як духтари бе аслу насабро ба занӣ гирад?! Деҳаи худамон пури арӯси очааш мӯчӣ накардагӣ, кадомашро, ки хоҳӣ, бигӯ, мо он духтарро ба ту гирифта медиҳем...

Асабӣ шуда, дод задам:

-Оча, ин духтар аз ман ҳомиладор аст, чӣ хел ман ӯро бо шиками дам аз дар берун мекунам? Намехоҳам, ки фарзанди ман хору зор шуда, пеш-пеши пойи мардум калон шавад...

Ҳомила будани Диляро фаҳмида, падару модари бечораам ночор ба тақдир тан доданд ва ба никоҳи мо розӣ шуданд. Падарам аз байни гӯсфандони худамон як қушқори калонроҷудо карда сар зад, модарам бошад, дасту остин барзада, кулчаю нони чапотӣ пухт...

Ҳамин тавр волидонам як дег ош монда, чанд ҳамсояро хабар карданд ва ману Диля бе тӯю сур ва рақсу бозӣ бо никоҳи мусалмонӣ зану шавҳар шудем...

Зиндагиамон дар аввал хуб буд, ҳамсарам ҳам ману волидонамро ҳурмату эҳтиром менамуд ва тамоми гуфтаҳоямро бе чуну чаро иҷро мекард. Фикр мекардам, ки дар интихоби бахт хато накардаам ва то охири умр зиндагиам ширин мегузарад, вале хаёлам хом баромад...

 Найрангҳои арӯси таърифӣ

Фирӯза ҳамагӣ як моҳ “келини таърифӣ” шуду халос, баъд арӯси аз дискотека ёфтаам чеҳраи аслиашро нишон дода, рӯзи маро сиёҳ кард. Вай дигар на маро писанд мекарду на ягон каси дигарро. Бо баҳонаи таксикос ва сарторикӣ дасташро ба ягон кору бори хона намезад. Кораш рӯз то бегоҳ кораш фақат худро орову торо додан буду халос. Рӯбучини хонаву ҳавлӣ ва хӯрокпазӣ он тараф истад, зани ва худпарастам ҳатто ҳавсала намекард, ки ақаллан либосҳои маро шӯста дарзмол кунад. Барои он ки ҳаққу ҳамсояҳо либосшӯйи кардани маро дида, ба ҳолам наханданд, маҷбур шудам, ки мошинаи ҷомашӯии автомат бихарам. Акнун либосҳоро мошин мешусту дигар тамоми кору бори хонаро кампири модарам бо қомати хамидаю ҷони афгору бемораш мекард. Қилиқҳои занамро дида, хун ба сарам мезад. Шайтон васваса мекард, ки хеста аз банди мӯяш бигир ва то дами мурдан сарашро ба девор кӯфтан гир, вале боз хотири тифли батнашро карда, астағфуриллоҳ мегуфтам...

Азбаски занамро худам интихоб карда будам, касе аз аҳли оила ба Дилрабо кордор намешуд, танҳо модарам гоҳ-гоҳ ҷангу ҷанҷоли моро дида, келинашро модарвор насиҳат мекард, ки зиндагӣ шӯхӣ нест, зан бояд итоаткору фармонбардори мард бошад, то дили шавҳараш хунук нашавад, аммо магар ба гӯши зане, ки оғӯши сад мардро дидааст, панду насиҳат медарояд?!

 Худкардаро даво нест...

Акнун мани Маҷнун аз зани гирифтаам сад бор пушаймон шуда будам, вале хотири тифлаки батнаш, ки падари он мавҷуди бегуноҳ мани бадбахт будам, сабру таҳаммул пеша намуда, базӯр лаб зерин дандон гирифта, тоқат мекардам. Гумон доштам, ки баъди таваллуд кардан ақли занам ба сараш мезанад ва дар фикри зиндагӣ мешавад, аммо писар таваллуд кардам гуфта, баъди зоидан буҷули Дилрабо якбора асп хест ва тамоман аз худ рафт. Як гап занам, бидирросзанон дар ҷавоб сад гап мезад ва чунон асаби маро хароб мекард, ки ногуфтанӣ...

 Хоне не, дӯзах!

Зиндагӣ барои ман дар хонаи худам ба дӯзахи ҳақиқӣ табдил ёфта, намедонистам чӣ хел ҷонамро халос кунам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, писарчаи калониамон ҳанӯз шашмоҳа нашуда, дар қади занам боз кӯдак шуд. Борҳо ба Дилрабо гуфтам, ки рафта исқоти ҳамл намояд, вале зани шаттоҳам мурданро ба гардан мегирифту аборт карданро не.

Падару модараш барои фоҳишагиаш аз Дилрабо рӯй гардонида, кайҳо ӯро оқ карда буданд. Хешу табораш низ ӯро суроғ намекарданд. Зани оқипадарам хуб медонист, ки ман табиатан кӯдакдӯст ҳастам ва ҳаргиз фарзандонамро партофта наметавонам, аз ҳамин хотир мехост ҳарчи бештар таваллуд карда, маро бе банд баста монад ва хонаву дари моро соҳибӣ кунад...

 Хизматгори келин

Модари бечораам ба хизматгори келин табдил ёфта, рӯзи дароз аз паси кору бори хона ва нигоҳубини фарзанди ман овора буд, Дилрабои беинсоф бошад, аз пеши телевизор намехест. Модар шуда вай ҳатто кӯдакашро ӯҳда карда наметавонист. Мабодо кӯдак ғаш карда, гиря кунад, гаҳвораро ба қадаш баробар бардошта ба замин мезад ё тифлаки бегуноҳро шапалоқшап мекард. Бо дидани ин манзара хун ба сарам зада, мехостам зани бераҳми беинсоф ва бефаросатамро буғӣ карда кушам, аммо кадом як қувваи ноаёне маро нигоҳ медошт...

 Бадсиришт

Ҳаким Фирдавсӣ хуб фармудааст:

Зани бад дар саройи марди накӯ,
Андар ин олам аст дӯзахи ӯ.

 Арӯси аз дискотека ёфтаам ҳаёти маро дар ҳақиқат ба дӯзах табдил додааст. Қариб ҳашт сол мешавад, ки ману Дилрабо дар як болин сар мемонем, вале ҳарчанд кардам, дар ҳашт сол ман зани бадзотамро ба кӯчаи одамгарӣ дароварда натавонистам. Аз таҷрибаи ҳаёти талхи худ дарёфтам, ки барои зани тардоман дар зиндагӣ на фарзанд заррае қард доштаасту на хонаву дари обод ва на шавҳару зиндагии осуда. Дилрабо дар тули ҳашт соли хонадориамон модари чор фарзанд гашта бошад ҳам, то ҳол худро зани шавҳардор эҳсос намекунад. Куҷое, ки хоҳад, меравад, дилаш чи коре, ки хоҳад, кардан мегирад...

 Фирор аз зан

Набинаму насӯзам гуфта, ҳар сол ба Русия мардикорӣ меоям, агар ин корро накунам, шояд нағмаҳои зани аблаҳамро дида, девона шавам. Дар як сол танҳо як бор ба хона меравам ва ҳамагӣ 15-20 рӯз истода, боз ба Маскав бар мегардам. Дар ин ҷо ҷойи кори хуб ва даромади нағз дорам. Метавонистам ягон духтари хубро ёфта ба занӣ бигирам, вале рафторҳои занамро дида, дилам аз ҷинси зан тамоман мондааст.

Медонам, ки занам як бор не, чандин бор ба ман хиёнат кардааст. Ҳамдеҳагонамон инро рӯйирост нагӯянд ҳам, ҳамеша пичир-пичир мекунанд, ки зани фалонӣ бо фалон мардак мегардад, ӯро дар фалон ҷо бо як буққа дидем, аз мошини фалон кас фаромад ва ғайра...

Ҳис мекунам, ки занам бозичаи дасти мардони серпул ва айшпараст гаштааст, зеро рафтору гуфтораш аз ин гувоҳӣ медиҳад. Борҳо нияти ҷудо шудан кардам, аммо боз аз роҳам мегардам, шояд ин маккора даҳону дандонамро бастааст, ки на аз вай ҷудо шуда метавонаму на одамвор зиндагӣ карда...

 Ҷамшед, муҳоҷир аз Маскав.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мард 2019-10-16, 16:22
Аввал кори хуб карди,як зани бадкорро аз рохи бад гардониди сохиби зиндаги кардию чанд мардро аз гунох кардан боз монди,аммо агар бидоны,ки занат бо мардхои дигар зино мекунад, ту бояд аз у чудо шави!чунки ту тибки конуни шариат Даюс мешави!даюс дохили джаннат намегардад агар чанде 5 вакт намоз хонад,1 мох руза гирад,закоти мол дихад, хадж кунад хам джаннат барои у манъ аст даромадан!Хадиси сахех аст дар ин мавзуъ.Фикратро кун бародар!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мард 2019-10-16, 16:22
Аввал кори хуб карди,як зани бадкорро аз рохи бад гардониди сохиби зиндаги кардию чанд мардро аз гунох кардан боз монди,аммо агар бидоны,ки занат бо мардхои дигар зино мекунад, ту бояд аз у чудо шави!чунки ту тибки конуни шариат Даюс мешави!даюс дохили джаннат намегардад агар чанде 5 вакт намоз хонад,1 мох руза гирад,закоти мол дихад, хадж кунад хам джаннат барои у манъ аст даромадан!Хадиси сахех аст дар ин мавзуъ.Фикратро кун бародар!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД