Дар ҷаҳони муосир ҷоғар яке аз бемориҳои паҳнгашта ба шумор меравад. Сабаби асосии пайдоиши ин касалӣ норасоии йод дар организми инсон мебошад.
Шумораи касоне, ки ҷоғар доранд, дар кишвари мо низ кам нест, хоса дар байни кӯдакон ва занону духтарон. Ин беморӣ махсусан дар давраи ҳомиладорӣ барои занон хатарҳои муаяни худро дорад. Табобати ҷоғар вақти зиёдеро металабад ва баъзан кор то ба ҷарроҳӣ мерасад, аммо...
Табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ бо дилпурӣ мегӯяд, бо воситаи гиёҳ ва ғизоҳои хос инсон метавонад ба осонӣ аз ҷоғар халос шавад. Мехоҳед донед, ки кадом меваю сабзавот ва гиёҳҳо ҷоғарро нест мекунанд? Пас ба суҳбати мо бо ин табиби машҳур мутаваҷҷеҳ бошед!